МУОЛИҶАИ ОМФАЛОТСЕЛЕ (ЧУРРАИ НОФ)
Протоколи № 7
МУОЛИҶАИ ОМФАЛОТСЕЛЕ (ЧУРРАИ НОФ)
I. РАМЗИ ТББ -10 - Q 79.2
II. ШАКЛҲОИ КЛИНИКӢ
Аз рӯйи андозаҳо:
• хурд – норасоии (дефекти) девораи пеши шикам то 3-4 см дар диаметр, барҷастагӣ то 5 см дар диаметр;
• миёна - норасоии (дефекти) девораи пеши шикам то 7 см дар диаметр, барҷастагӣ то 10 см дар диаметр;
• миёна - норасоии (дефекти) девораи пеши шикам бештар аз 7 см дар диаметр, барҷастагӣ бештар аз 10 см дар диаметр.
Аз рӯйи мӯҳлати бавуҷудоӣ ва хусусиятҳои анатомӣ:
• чурраҳои ҷанинӣ (эмбрионалӣ) – пардаҳои чурра ба ҷигар сахт часпидаанд;
• чурраҳои тухма - пардаҳои чурра ба ҷигар начаспидаанд;
• чурраҳои омехта.
Аз рӯйи равиши клиникӣ:
• бе авориз – бо пардаҳои тағйирнаёфта;
• аворизнокшуда – бо пардаҳои осебёфта, сироятёбӣ, муаммоҳои ҳамрадиф.
Ташхиси омфалотселе ба таври аниқ дар давраи тотаваллудӣ (антенаталӣ) имконпазир мебошад.
III. ТАШХИСОТ ДАР ТАВАЛЛУДХОНА
• норасоии (костии, нуқсони, дефекти) девораи пеши шикам дар минтақаи ноф, бо барҷаста баромадани узвҳои дохилӣ, ки бо пардаи нафиси шаффофи хокистарранг (тира) пӯшонида шудааст;
• дар ҳудуди бофтаҳои солим чанбараки қирмизитоб (сурхчатоб) то 2-3 мм мавҷуд мебошад;
• пардаҳои чурра ба танобаки ноф мегузаранд;
• ҳолати умумии навзод аз бузургии чурра ва равиши клиникии он – бутунии пардаҳо, сироятнокшавии ковокии шикам, нуқсонҳои ҳамрадиф вобаста мебошад.
Ташхиси тафриқавӣ бо гастрошизис ва энтерошизис.
IV. МУОЛИҶА ДАР ТОЛОРИ ЗОИШ
• тоб додани танобаки ноф аз периферия ба асоси он тавсия дода мешавад, то он ки осебёбии ҳалқаҳои рӯда дар мавриди бастани он ва гузоштани “клемма” пешгирӣ карда шавад;
• барҷастагии чурра бо сачоқчаҳои қоқу гарм ва бесироятгардонида-шуда ё парпеч пӯшонида мешавад (трамал даҳонӣ (энтералӣ), морфин 0,2 мг/кг).
Нишондодҳо ба муолиҷаи ғайриҷарроҳӣ
• чурраҳо бо пардаҳои сироятёфта;
• чурраҳои андозаашон бузург, ҳангоми ҷойивазшавии узвҳои дохилӣ дар ковокии шикам ба қатъшавии нафаскашӣ ва фаъолияти дил оварда мерасонад;
• чурраҳо бо вайроншавиҳои ҳамрадифи вазнин, ки барои ҷарроҳӣ зиднишондод мебошанд (осеби вазнини дохилиҷумҷумавӣ, нуқсони мураккаби дил, зоидашавии норасо (чалазодӣ) ва диг.).
Нишондодҳо ба муолиҷаи ҷарроҳӣ
• чурраҳои аворизнокшудаи ҳама андозаҳо, бе сироятёбии пардаҳо, дар соатҳои аввали баъди зоиш;
• чурраҳои тамоми андозаҳо бо кафидани пардаҳо ва эвентратсия (дарунберуншавии узвҳои шикам);
• чурраҳо бо вайроншавиҳои ҳамрадифи фаъолияти узвҳои ковокии шикам, ки ёрии таъҷилиро тақозо менамоянд - ногузарогии модарзодии рӯда, найчаи (маҷрои) кушодаи халтаи (кисаи) зардӣ.
V. ОМОДАСОЗИИ ҚАБЛИҶАРРОҲӢ
• кӯдаки навзод дар катчаи гармкунак (“кувез”), гармкунии кӯдак;
• оксигени намнок;
• васоити доругии қалбӣ;
• санди меъдаӣ;
• таҳқиқоти умумиклиникӣ;
• таҳқиқоти аввалини бактериолоҷии маводи дастраси аслӣ;
• барои мустасно намудани касолати (патологияи) ҳамрадиф –таҳқиқоти рентгенологии хулосавии ковокии шикам, ЭхоКГ, таҳқиқоти фавқуссадоӣ;
• антибиотикҳо, викасол;
• имолагузорӣ (ҳуқнагузорӣ, “клизма”);
• соз кардани (омодасозии) системаи воридсозии дохиливаридии маҳлулҳо;
• муолиҷаи аломатӣ (“симптомӣ”).
VI. МУОЛИҶАИ ҶАРРОҲӢ - таъҷилӣ.
Маҳаки (“критерийи”) омодагӣ ба амалиёти ҷарроҳӣ устуворшавии (“стабилизатсияи”) ҳемодинамика ва нишондиҳандаҳои асосии лабораторӣ мебошад.
• Чурраҳои андозаҳояшон хурд (бо озмоиши мусбат ба воридсозии узвҳои дохилӣ ба ковокии шикам) – ҷарроҳиҳои якмарҳилагӣ бо тармими (пластикаи) девораи пеши шикам тавассути бофтаҳои маҳаллӣ.
• чурраҳои андозаҳояшон бузург – ҷарроҳиҳои думарҳилагӣ (марҳилаи 2-юм дар 2-5 - солагӣ), истифодабарии масолеҳи аллопластикӣ (ксеноперикард, пардаи консервикардашудаи сахти майна) барои тармими девораи пеши шикам.
VII. БУРДАНИ БАЪДИҶАРРОҲИИ БЕМОРОН
• ғизодиҳии парентералӣ ва муолиҷаи инфузионӣ дар рӯзҳои аввал;
• бартарафсозии нимфалаҷи (парези) рӯда;
• кам намудан ё пешгирӣ намудани норасоии нафаскашӣ ва қалбӣ-рагӣ;
• мавқеи болобардошташуда дар бистар, санд дар меъда, гузоштани найчаи газбарор, УВЧ ба асаббофти шикамӣ;
• антибиотикҳо;
• поливитаминҳо;
• пас аз нест намудани парез (на барвақттар аз рӯзи 10-ум) –ғизодиҳии вояноки ҳозимавӣ (даҳонӣ, энтералӣ).
VIII. МУОЛИҶАИ ҒАЙРИҶАРРОҲӢ
• пардаҳои чурраро бо маҳлули спирти 70% покизасозӣ мекунанд, сипас тавассути маҳлули 1% йод, пас аз қоқ шудан дармонро 3-4 маротиба бо фосилаи 5-10 дақиқа такрор менамоянд; 1-2 рӯз пардаҳоро пас аз 1-1,5 соат покизасозӣ мекунанд;
• агар кӯдак дар катчаи гармкунак (“кювез”) қарор дошта бошад, он гоҳ чурраро кушода мемонанд, дар акси ҳол бандинаи қоқи бесирояткардашуда (тамъизшуда, “асептикӣ”) мегузоранд;
• дар ҳафтаҳои 3-5 – ум, пас аз мумиёишавӣ (мумификатсия) ва кӯчида афтодани пардаҳо – гузоштани бандинаҳо бо марҳамҳои ируксол, солкосерил, балзами Шостаковский;
• нурзанонии ултрабунафши (УФО) захм ҳангоми захмбандӣ;
• халта тадриҷан кам шуда, пас аз 2-2,5 моҳ эпителизатсия мешавад.
IХ. РЕАБИЛИТАТСИЯ ДАР МАРҲИЛАИ 2–ЮМИ МУДОХИЛАИ ҶАРРОҲӢ
• масҳи мушакҳои девораи пеши шикам;
• варзиши муолиҷавӣ;
• зуд-зуд ба шикам гузоштани кӯдак.
Адабиётҳо:
- Долецкий С.Я., Лёлюшкин А.И. Гнойно-воспалительные заболевания новорожденных . М: 1965г. 179 стр.
- Баиров Г.А. Неотложная хирургия детей. Л., 1983г.
- Долецкий С.Я., Гаврюшов В.В., Акопян В.Г. Хирургия новорожденных. М: 1976г.
Табибони мо
- Янгибоева Барно Усмоновна
Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона
- Нарзулоев Ҳакризо
Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”
- Ахмедова Меҳри Махмудовна
Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.
- Ҳакимов Бабур Ҷалматович
Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ
- Ҳукумзода Муниса Зиёратшо
Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»
- Бойматова Мартаба Бегматовна
Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ
- Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна
Мудири шуъбаи кудакони калонсол
- Насриддинова Барно Салоҳиддиновна
Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона
- Бадалов Шамсиддин Алиевич
рохбари шуъба
- Ахмеджанова Малика Шамсидиновна
Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.
- Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич
ходими илми
- Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна
ҳодими илм
- Ќудратова Сурайё Нусратовна
роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона
- Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна
Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол
- Холиқов Зиёратшо Ҳукумович
Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати
- Давлатова Нигина
Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот
ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ
табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50
табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52
қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52