Ҷамъбасти фаъолияти Вазорати тандурустӯ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2016

26.08.2016

Дар нимсолаи якуми соли 2016 дар самти рушди хизматрасониҳои тиббӯ бо дарназардошти дастовардҳои илми муосир ва технологияи ҳозиразамон, ба роҳ мондани усулҳои нави пешгирӯ, ташхис ва табобат бо мақсади фароҳам намудани инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӯ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӯ ба хизматрасонии босифат, саривақтӯ ва баландихтисоси тибби муосир ва муқтадири тиббӯ аз ҷониби Вазорати тандурустӯ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӯ мўҳтарам Эмомалӯ Раҳмон фаъолият идома дода, корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд.

Ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқии соҳавӯ дар баробари масъалаҳои соҳаи тандурустӣ барои тақвият бахшидан ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӯ вазорат санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқиро таҳия намуда истодааст.

Дар 6 моҳи соли 2016 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 15 марти соли 2016 таҳти №1290,Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 марти соли 2016 таҳти №1293, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӯ» аз 15 марти соли 2016 таҳти №1291 қабул гардидаанд.

Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда», «Оид ба Барномаи давлатии солимгардонии маъюбон барои солҳои 2016 - 2020» таҳия гардида, дар сатҳи баррасӯ дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Лоиҳаи «Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор такмил дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такроран барои баррасӯ пешниҳод карда шуд. 

 Инчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӯ ва фаъолияти фармасевтӯ» таҳия гардида, барои мувофиқасозӣ ба вазорату идораҳоидахлдор пешниҳод карда шуданд.

 Дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӯ дар марҳилаи ҳисоботӯ санадҳои меъёрию ҳуқуқии зерин таҳия гардиданд:

- лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №437»

 - лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон»;

- лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи «Тартиби пардохти ҷубронпулӯ ба ивази роҳхатҳои истифоданашуда барои табобати санаторию курортӯ ба баъзе категорияҳои ветеранҳо»;

-лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи   Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Консепсияи рушди низоми х зматрасонии иҷтимоӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки айни ҳол дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад;

- лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табдил додани филиали Муассисаи давлатии «Истироҳатгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати «Биби Фотимаи Заҳро»-и ноҳияи Ишкошим дар ноҳияи Роштқалъа» барои мувофиқа ба вазорату идораҳо фиристода шудааст. Инчунин, лоиҳаи «Дастурамал дар бораи тартиби пардохти ҳаққи хизматрасонии коммуналӯ» таҳия гардида, барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол карда шуд. Дар ҳамин замина кор бо лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикситон «Дар бораи ветеранҳо» ва «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӯ дар давраи миёнамўҳлат» идома дорад.

Дар самти беҳтар намудани сифати тарбияи кадрҳо ва рушди илми тиб, бо мақсади иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӯ, Пешвои миллат, Ҷаноби олӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӯ Раҳмон лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2016, №79 тасдиқ карда шуд. Имсол бори аввал ба донишгоҳи мазкур 352 нафар донишҷўён қабул карда шуданд.

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва шўъбаҳои он дар 6 моҳи соли 2016 ҳамагӯ 2192 нафар шунавандагон (1006 нафар табибон ва 1186 нафар кормандони миёнаи тиббӯ) таҳсил гирифтанд.

Дар самти рушди хизматрасонии тиббӯ дар соли ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӯ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӯ, мўҳтарам Эмомалӯ Раҳмон Маҷмааи тандурустии«Истиқлол» мавриди истифода қарор гирифт. Маҷмааи ифтитоҳшуда ҳамчун маркази тиббии бисёрсоҳа дорои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст буда, бо дарназардошти бахшҳои ёрирасон иборат аз силсилаи биноҳои аз 1 то 9 – ошёна, ҷиҳати ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонидани фаъолияти соҳаи тандурустӯ, намудҳои хизматрасонии тиббӯ, инчунин, ворид намудани таҷҳизоту технологияҳои замонавии тиббӯ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӯ бунёд гардидааст. Бори нахуст дар сохтори тандурустии пойтахти кишварамон бахшҳои алоҳидаи ҷарроҳии дилу рагҳои кўдакон, поксозии хун (диализ) – и кўдакон, муҳандисии клиникӯ, тибби анъанавӯ ва зиёда аз 50 катҳои наҷотбахшӯ ташкил карда шудаанд.

Инчунин, аз ҳисоби Вазорати тандурустӯ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӯ Маркази саломатии ноҳияи Рўдакӯ барои 300 қабул дар як баст мавриди истифода қарор гирифт, ки зимни ифтитоҳи он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӯ, мўҳтарам Эмомалӯ Раҳмон бо кормандони соҳаи тандурустӯ, роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Рўдакӯ мулоқоти судманд анҷом доданд. Дар марказ тавассути таҷҳизоту дастгоҳҳои тиббии муосир, аз ҷумла ЛОР- комбайн, дастгоҳҳои замонавии даруннигарии таъиноти гуногун, дастгоҳҳои ташхиси фаросавтӯ – Допплер, ташхисии рентгенӯ, озмоишгоҳӯ ва ғ. усулҳои гуногуни ташхис ба роҳ монда шудаанд. Барои барқарорсозии саломатӯ ва тавонбахшии кўдакони маъюб ҳуҷраҳои махсус таъсис дода, онҳо бо таҷҳизоту лавозимоти зарурии замонавӯ муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Дар 6 моҳи соли 2016 дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо», Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд, Маркази тиббии хусусии «Ибни Сино» ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил» дар маҷмўъ 473 амалиётҳои ҷарроҳӯ дар дилу рагҳо, 576 амалиёти ангиография ва 181 амалиёти стентгузорӯ, инчунин, дар муассисаҳои тиббии мамлакат ба 67 нафар беморон амалиётҳои ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӯ анҷом дода шуданд. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» дар маҷмўъ ба зиёда аз 200 нафар беморон амалиётҳои пайвандсозии гурда ва 15 нафар беморон ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар, дар давраи ҳисоботӯ бошад, ба 41 нафар беморон амалиётҳои ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 2 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудаанд. Инчунин гузаронидани амалиётҳои мазкур дар муассисаҳои табобатии вилоятҳои Суғд ва Хатлон ба роҳ монда шуд.

Дар давраи ҳисоботӯ аз ҳисоби мутахассисони баландпояи ҷумҳурӯ, устодону профессорон барои муоина, машварат ва ташхис «Корвони саломатӯ»ба шаҳрҳои Кўлоб ва Қўрғонтеппаи вилояти Хатлон сафарбар гардида, зимни он ҳамзамон қабули сайёри роҳбарияти Вазорати тандурустӯ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӯ ва ярмаркаи ҷойҳои кории холии кормандони соҳа ташкил карда шуд.«Корвони саломатӯ» бо гурўҳҳои мутахассисони соҳибтаҷриба ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон сафарбар карда шуд.

Алоқаманд ба Рўзи умумиҷаҳонии тандурустӯ – 7 апрел зери шиори «Дар мубориза бо диабети қанд муттаҳид мешавем!» дар Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии марказонидашуда баргузор гардид, ки дар ин муассиса ва ҳамзамон дар тамоми муассисаҳои тиббии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷиҳати пешгирии беморшавӯ дар байни аҳолӯ, аз ҷониби устодону профессорон, мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар чорабиниҳои ташхисӯ ба таври ройгон анҷом дода шуданд. Яке аз афзалиятҳои соҳаи тандурустӯ инрушди кўмаки аввалияи тиббию санитарӯ тавассути тибби оилавӯ мебошад. Айни замон дар ҷумҳурӯ 4 марказҳои таълимию клиникии тибби оилавӯ фаъолият менамоянд. Айни ҳол шумораи табибони оилавӯ дар муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӯ 4091 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳифзи сиҳатии модару кўдак яке аз масъалаҳои афзалиятноки Вазорати тандурустӯ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӯ ба ҳисоб меравад. Мувофиқи маълумотҳои омории пешакӯ дар ҷумҳурӯ дар 6 моҳи соли 2016 нишондоди фавти кўдакони синни то 1 – сола 16,8 дар 1000 зиндатаваллуд ро ташкил дод. Нишондоди фавти кўдакони синни то 5 – сола бошад ба 20,9 дар 1000 зиндатаваллуд баробар гардид. Нишондоди фавти модарон дар 6 моҳи соли 2016 23,3 нисбат ба 100000 зиндатаваллудро ташкил намуд 

Дастоварди моҳиятан муҳим бахшида ба таҷлили 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӯ» мебошад. Фаъолияти маркази мазкур баҳри фароҳам овардани шароити зарурӯ барои ташаккули оилаи солим, пешгирӯ намудани таваллуди кўдакони маъюби гирифтори нуқсонҳои модарзодии инкишоф ва бемориҳои ирсӯ – авлодӯ, паст намудани маъюбшавии кўдакон аз никоҳи хешутаборӯ мусоидат менамояд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2016 шумораи умумии кўдакони маъюбе, ки таҳти назорати диспансерӯ мебошанд, 25 351 нафарро ташкил медиҳад. Дар шаш моҳи соли ҷорӯ 482 нафар кўдакон солим гардонида шуданд. 

Дар шўъбаҳои кўдаконаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» ва Маркази дилу шараёни вилояти Суғд дар шаш моҳи соли ҷорӯ 162 нафар кўдакони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил бистарӯ шуда, ба 58 нафар кўдак ташхиси «Ангиокардиография» гузаронида шуда, табобати онҳо муайян карда шуд. Дар ин марказҳо ба 84 нафар кўдакон амалиёти ҷарроҳии нуқсони модарзодии дил гузаронида шудааст. Омўзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӯ дар ҷумҳурӯ нишон медиҳад, ки бемориҳои сурхакон, вараҷа, сўхтанӯ, вабо ва тоун ба қайд гирифта нашудаанд. Дар давоми 6 моҳ дар ҷумҳурӯ 5 ҳодисаи табби хунин ба вуқўъ омадаанд.

Аз тарафи мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӯ оиди риояи талаботҳои санитарию эпидемиологӯ 28784 санҷиш гузаронида шуд. Аз онҳо 5223 санҷиш ба таври лабораторӯ гузаронида шудааст, ки барои риоя нагардидани талаботҳои санитарию эпидемиологӯ ба 5856 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӯ тартиб дода шуда, ба маблағи умумии 985260 сомонӯ ҷарима баста шудааст. Инчунин, фаъолияти 647 иншоотҳо муваққатан боздошт шуда, 564 нафар муввақатан аз кор озод гардидаанд.

Тибқи ҳисоботи пешакӯ дар 6 моҳи соли ҷорӯ ҳамагӯ 316 ҳодисаҳои сироятёфтагони ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2015 (555 ҳодиса) 239 ҳодиса ё 43,1% камтар мебошад.

Айни ҳол 689 адад муассисаҳои   хусусии тиббӯ фаъолият мекунанд. Тибқи ҷадвали воҳидҳои корӯ дар муассисаҳои хусусии тиббӯ 2841 нафар кормандон кор ва фаъолият менамоянд. 

Вазорати тандурустӯ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӯ дар 6 моҳи соли 2016 ҷиҳати татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӯ, ба хусус маъюбон, корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст. 

Айни замон дар 8 муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӯ 1339 нафар бошандагон, аз ҷумла 766 нафар мард, 573 нафар зан ва 326 нафар кўдакони маъюб будубоши доимӯ доранд.

 

← Назад к списку

Наши Врачи

  • 8
    Янгибоева Барно Усмановна

    Начальник Отдела Иннтегрированного ведения болезней детского возраста

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Мехри Махмудовна

    Врач ультразвуковой диагностики, научный сотрудник отдела функциональной диагностики и лабораторных исследований, врач высшей категории.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Хикматуллоевна

    Руководитель отдела

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    руководитель отдела

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Врач ультразвуковой диагностики, заведующая отделом функциональной диагностики и лабораторных исследований, врач высшей категории.

    30
    Файзуллоев Файзуллоходжа Абдуллоевич

    научный сотрудник

    37
    Хокимова Фируза Гаджибалаевна

    старший научный сотрудник

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кудакона

    32
    Юнусбаева Мавджуда Шарифджоновна

    Заведующая отделение неонтологии и детей раннего возраста

    20
    Холиков Зиератшо Хукумович

    Заведующего амбулаторного отделения

  • 22
    Давлатова Нигина

    начальник отдела медико-социальных проблем и информации

ВАЖНЫЕ ТЕЛЕФОНЫ

Республиканский научно-клинический центр педиатрии и детской хирургии Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан г. Душанбе. пр. Исмоили Сомони 59, строение 7 Караболо

дежурный врач:
+992 (372) 236-52-50

дежурный врач-педиатр:
+992 (372) 236-85-52

прием устных обращений:
+992 (372) 236-85-52

Наши партнеры

1 2 3 4 5