Zika Virus

01.03.2016

Тибқи маълумоти расмии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Маркази аврупогии назорат ва пешгирии бемориҳо, оғоз аз апрели соли 2015 дар давлати Бразилия ва баъдтар дар дигар давлатҳои Амрикои Ҷанубӣ паҳншавии эпидемикии табларзаи Зика (ТЗ) бақайд гирифта мешавад. Паҳнкунандаи вирус хомӯшакҳо мебошанд. То инҷониб дар 18 иёлоти Бразилия тақрибан ним миллион ҳодиса бақайд гирифта шудааст.

 

Дар қитъаи Амрико бағайр аз Бразилия боз дар 9 давлати дигар, аз ҷумла Колумбия, Салвадор, Гватемала, Мексика, Панама, Паргвай, суринам, Гондурас ва Венесуэлла, инчунин дар минтақаи океани ором дар Самоа, Фидҷи, Каледонияи Нав, ҷазираҳои Саламон ва Вануату низ бакайд гирифта шудааст. Дар қитъаи Африқо ҳодисаҳои ТЗ дар Кабо-Верде бақайд гирифта шуда, 29 ноябри соли 2015 оид ба як ҳодисаи интиқолӣ дар Ҳоланд маълумот дода шудааст.

 

Тибқи манбаъҳои маълумотӣ то ҳол табобати махсус ва ё ваксина бар зидди ТЗ кашф карда нашудааст. Ягона роҳи самарабахши мубориза бар зидди ТЗ нобудсозии хомӯшакҳои интиқолдиҳандаи вирус ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, мутахассисон пешниҳод менамоянд, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои осебпазир бояд аз маводҳои ҳимоят аз хомӯшакҳо, репелентҳо ва либосҳои мустаҳками маҳкамкунандаи аъзои бадан истифода намоянд. Ҳангоми воқеъ будан дар меҳмонхонаҳо барои иваз кардани ҳавои ҳуҷраҳои истиқоматӣ танҳо аз дастгоҳҳои барқии ҳавоивазкунанда истифода намуда, аз кушодани тирезаҳо, агар ба онҳо тӯри зиддимагасӣ насб нашуда бошад, худдорӣ намоянд. Аз ботлоқзорҳо ва ҷойҳои ҷамъшавии зиёди одамон ҳазар намоянд.

Ҳангоми пайдо шудани нороҳатӣ пас аз баргаштан аз минтақаҳои осебпазир пешниҳод мегардад, ки ҳатман ба муассисаҳои табобатию профилактикӣ муроҷиат намоянд.

 

Дар бораи беморӣ ва вируси Зика

Аломатҳои саририи бемории аз вируси Зика пайдошуда инҳоянд:

- ҳарорати наонқадар баланди бадан;

- дарди сар ва андомҳо:

- пайдошавии доначаҳо, аввал дар рӯй ва тана, баъд паҳншавии онҳо дар тамоми бадан;

- илтиҳоби пардаи чашм;

- бемадорӣ;

- табларза.

Беморӣ то як ҳафта (аз 2 то 7 рӯз) давом меёбад, давраи ниҳонии беморӣ бошад, аз 3 то 12 рӯзро ташкил медиҳад. Дар бисёр мавридҳо беморӣ бидуни аломатҳо мегузарад ва танҳо дар як аз чор-панҷ маврид эҳтимолияти пайдоиши аломатҳо мавҷуд аст. Вирус хосияти то 2 ҳафта зиндамониро дар моеъи тухмдонҳо пас аз сиҳатшавӣ, қодир аст. Бинобар ин, интиқоли вирус аз хун ба хун ва аз модар ба кӯдак аз эҳтимол дур нест. Инчунин маълумот оид ба воридшавии вирус аз ҳамроҳак ба ҷанин низ мавҷуд аст. Махсусан зиёд гардидани шумораи кӯдакон бо нодуруст афзоиш ёфтани косахонаи сар (микросефалия) дар Бразилияро ба сироятёбии занони ҳомила бо вируси табларзаи Зика вобастагӣ мекунанд. Ба ҳисоби миёна дар Бразилия аз соли 2010 то соли 2015 ҳар сол аз 150 то 200 кӯдакон бо аломатҳои микросефалия таваллуд мешаванд. То инҷониб дар Бразилия 2782 ҳодисаи микросефалия ба қайд гирифта шудааст.

 

Дар баробари ин, то ба микросефалия як қатор омилҳои экологӣ ва генетикии дигар низ оварда мерасонанд, масалан алоими Даун, таъсири маводи мухаддир, таъсири маводҳои алкоголӣ, заҳрҳо ва сирояти вируси сурхча ба ҷанин ҳангоми ҳомиладорӣ.

 

Вируси Зика — вируси паҳншавандаи тавассути хомӯшакҳо интиқолшаванда дар маймунҳои макака-резус дар Уганда соли 1947 ҳангоми тадқиқоти табларзаи зард дар шароити ҷангалҳо кашф карда шудааст. баъдан, соли 1952 вирусро дар аҳолии Уганда ва Ҷумҳурии муттаҳидаи Танзания дарёфт намуданд.

Вирус ба оилаи флавивирусҳо дохил мешавад, интиқолдиҳандааш хомӯшакҳои оилаи Aedes мебошанд, манбааш то ҳол номаълум. Худи ин хомӯшакҳо бо бемориҳои табларзаи Денге, Чикунгунья ва Табларзаи Зардро низ интиқол медиҳанд.

Муайян намудани ташхис

Барои муайян намудани ташкиси бемории вобаста ба вируси Зика усули замонавии ТЗП (таҷзияи занҷираи полимеразӣ) истифода карда мешавад. Усули серологии ташхис имкон намедиҳад, ки ташхисро ба пуррагӣ тасдиқ намояд, чунки эҳтимолияти мавҷуд будани дигар вирусҳо дар бадани инсон мумкин аст, натиҷаи мусбии нисбиро диҳанд.

Чораҳои пешгирӣ ва табобат

Чораҳои пешгирӣ асосан аз нобудсозии ҷойҳои афзоиши хомӯшакҳо, истифодаи маводҳои кимиёвии ҳимоятӣ, тӯрбандии тирезаҳо, истифодаи хаймаҳои коркардкардашуда бар зидди хомӯшакҳо, маҳкам нигоҳ доштани зарфҳои обнигоҳдорӣ, кӯмакрасонӣ ба шахсоне, ки худро муҳофизат карда наметавонанд (беморон, кӯдакон ва пиронсолон), истифодаи инсектисидҳо барои безараргардонии ҳавзу кӯлҳо тибқи дастурҳои ТУТ, пешгирии газидани хомӯшакҳо ҳангоми сафарҳои сайёҳӣ.

Бо назардошти он ки беморӣ бисёр сабук мегузарад, чунин чораҳои табобатӣ пешниҳод карда мешаванд, аз ҷумла, истироҳати бардавом, нӯшидани зиёди маҳлулҳо ва истеъмоли дорувории табшикану дардшикан ва зиддиилтиҳобӣ. То инҷониб ваксина бар зидди беморӣ ва вируси Зика кашф карда нашудааст.

 

Бо пеш бурдани назорати эпидемиологӣ, мустаҳкам намудани заминаи озмоишгоҳҳо, ҳамкориҳо бо давлатҳои осебпазир, таҳияи роҳнамо ва даструамалҳо ва ба роҳ мондани тадқиқотҳои илмӣ Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ вазъиятро зери назорати худ қарор додааст.

← Back to list

Doctors

  • 8
    Yangiboeva Barno

    Head of Integrated Child Health Service department

    36

    dolj_en

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34

    dolj_en

    35

    dolj_en

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Хикматуллоевна

    dolj_en

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27

    dolj_en

  • 28

    dolj_en

    30

    dolj_en

    37

    dolj_en

  • 11

    32

    dolj_en

    20
    Kholikov Ziyoratsho Hukumovich

  • 22
    Davlatova Nigina

    Head of the Department of Medical and Social Problems and Information

IMPORTANT CONTACTS

Scientific clinical center for pediatric and child surgery of Ministry Of Health of Tajikistan, Dushanbe, Ismoili Somoni Ave. 59, 7th Building, Karabolo

Duty doctors:
+992 (372) 236-52-50

Duty pediatricians:
+992 (372) 236-85-52

Complains/questions:
+992 (372) 236-85-52

Partners

1 2 3 4 5