ВАЗЪИ ФАВТИ КУДАКОНИ СИННИ ТО 5 СОЛА ДАР 9 МОХИ СОЛИ 2015 ДАР ЧУМХУРИ

06.01.2016

ВАЗЪИ ФАВТИ КУДАКОНИ СИННИ ТО 5 СОЛА ДАР 9 МОХИ СОЛИ 2015

ДАР ЧУМХУРИ

 

Дар чаласаи навбатии мушовараи Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, ки санаи 2-юми декабри соли 2015 баргузор гардид, масъалаи «Тахлили сабабхои фавти кудакон дар 9 мохи соли 2015 дар чумхури» баргузор гардид, ки раиси чаласаи мушовараро Бобохочиева Л.С. – муовиния якуми Вазири тандурусти ва хифзи ахолии Чумхурии Точикистон ба ухда дошт. Чаласа бо иштироки аъзоёни хайати мушовара, сардорони раёсату шуъбахои дастгохи марказии Вазорат, сардорони Раёсатхои тандурустии вилоятхои Хатлон ва Суѓд, сармутахассиси Раёсати тандурустии вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, шахри Душанбе, директорони марказхои милли ва чумхурияви, менечерони сохтори муассисахои кумаки аввалияи тиббию санитари ва госпиталии шахру нохияхои чумхури баргузор гардид.                Аз руи масъалаи зикргардида Аминов О.Т. – муовини директори Муассисаи давлатии Маркази чумхуриявии илмию клиникии педиатри оид ба табобат маъруза намуда, дар бораи таъминоти муассисахои пешгирию табобатии шахру нохияхои чумхури бо табибони неонатолог, педиатрон ва эхёгарони кудакона, шумораи шуъбахои эхёгарии кудакона дар чумхури, зарурияти таъсис додани шуъбаи эхёгарии кудакона дар шахри Панчакент ва постхои навбатдории шабонарузии кудакона дар хайати шуъбахои эхёгарии калонсолони Беморхонахои марказии шахру нохияхо, амалишавии Лоихаи «Бехтаргардонии сифати хизматрасонихои статсионари ба кудакон», ки бо ташаббуси Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли ва намояндагии ТУТ дар Чумхурии Точикистон дар 10 нохияхои тачрибавии вилояти Хатлон амали гашт, протоколхои клиникии аз чониби  Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли дар самти неонатология, педиатрия, беморихои сирояти, эхёгари ва бехисгардонии кудакон, ва дар амалия истифодабарии онхо, ахамияти нуќсонхои модарзодии инкишоф дар фавти кудакон, ворид намудани таѓйиротхо ба хисоботхои омории шаклхои 32, 31 ва 12 вобаста ба нуќсонхои модарзодии инкишоф  маълумот дод.                                                                                                                                Хамчунин дар маъруза оид ба нишондодхои омории фавти кудакони синни то 1 сола ва то 5 сола дар чумхури дар 9 мохи соли равон дар муќоиса бо соли 2014, сабабхои асосии фавти кудакон, вазъи баќайдгирии ходисахои фавт дар чумхури суханрони намуд.

Баъдан аз тарафи Бобохочиева Л.С. – муовиния якуми Вазири тандурусти ва хифзи ахолии Чумхурии Точикистон масъалаи мазкур мавриди барраси ќарор дода шуда, барои бартараф намудани камбудиву мушкилотхои мавчуда ба масъулон дастур ва супоришхои мушаххас дода шуд.       

 

Хифзи сихатии модарон, кудакон ва наврасон дар сиёсати ичтимоии Чумхурии Точикистон мавќеи асосиро ишѓол менамояд, бинобар ин бехтаргардонии саломатии кудакону наврасон ва паст намудани сатхи беморшави ва фавти онхо яке аз самтхои афзалиятноки Вазорати тандурусти ва хифзи ахолии Чумхурии Точикистон ба шумор меравад.

Шумораи ахолии Чумхурии Точикистон ба 1 январи соли 2015 ба 8 млн.  352 хазор нафар баробар мебошад, ки аз онхо кудакони синни то 18 сола 3 млн. 440 нафар ё 41,2% ташкил менамоянд. Аз ин миќдор шумораи кудакони синни то 1 сола ба 215 665 ё 2,6%  ва кудакони синни то 5 сола ба 1 092 588 ё 13,1% баробар мебошад.

Дар беморхонахои шахру нохияхои чумхури 204  нафар табибони неонатолог ва 440 нафар педиатрон фаъолият менамоянд.

Ќайд кардан зарур аст, ки на хамаи нохияхо бо неонатологхо таъмин мебошанд, аз чумла нохияхои Чиргатол, Роѓун, Нуробод, Точикобод, Варзоби тобеи чумхури, нохияи Мастчохи вилояти Суѓд, шахри Норак, нохияхои Сарбанд, Ховалинг, Шурообод, Н.Хусрав ва Темурмалики вилояти Хатлон ва дар ВМКБ бошад, танхо ш. Хоруѓ ва нохияи Рушон неонатологхо хастанду халос.

Дар шахру нохияхои чумхури айни замон 141 нафар мутахассисони сохаи эхёгари ва бехискунии кудакона фаъолият менамоянд, аз он чумла дар шахри Душанбе 49 нафар, вилояти Хатлон 31 нафар, вилояти Суѓд 34 нафар, вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон 6 нафар ва нохияхои тобеи чумхури 21 нафар.

Айни хол дар вилояти Суѓд 6 шуъбаи эхёгарии кудакона (Беморхонаи вилоятии беморихои кудакона, БМН Исфара, Конибодом, Б.Ѓафуров, Истаравшан, Ѓончи) мавчуд аст, ки дорои 42 кат буда, дар он 34 нафар табибон кор мекунанд, аз онхо бо дарачаи оли 8 нафар (23,5%), дарачаи якум 9 нафар (26%), дарачаи дуюм 4 нафар (12%) ва 13 нафар (38%) бе дарача фаъолият менамоянд. Хамаги дар хамин 6 шуъбаи шахру нохияхои вилоят 7 адад тачхизоти нафасдихии сунъи, 3 адад кардиомонитор, 8 адад оксигенератор, 8 адад луобкашандаи барќи/пои, 1 адад кювез, 9 адад ларингоскоп, 4 адад небулайзер, 3 адад инфузомат ва 10 кати функсионали мавчуд аст. Вазъи мазкур гувохи он аст, ки дар аксари шахру нохияхои вилоят (Айни, Панчакент, Шахристон, Мастчох, Ч. Расулов, Спитамен, Ашт ва диг.) кумаки начотбахши ба кудакон дар сатхи зарури расонида намешавад ва новобаста аз хохиши мо метавонад ба зиёд гардидани ходисахои фавти кудакон сабаб шавад, дар холе, ки фаъолияти он 6 шуъбаи мавчудбуда ва сифати хизматрасонихои онхо ба талаботи имруза чавобгуй нест.

Дар шахри Душанбе барои эхёгарии кудакон 49  кати табобати мавчуд аст, аз чумла 28 кати табобати дар муассисахои табобатии ш.Душанбе ва 21 кати табобати дар Маркази миллии тибби.

Дар вилояти Хатлон ягона шуъбаи эхёгарии кудакона дар беморхонаи вилоятии ш. Ќурѓонтеппа бо 6 кати табобати фаъолият менамояд. Дар нохияи Кулоб катхои эхёгарии кудакон бо пости навбатдори дар чараёни амалисозии лоихаи «Бехтаргардонии хизматрасонихои статсионари ба кудакон» таъсис дода шуд. Дар дигар шахру нохияхои вилоят катхои эхёгарии кудакон дар хайати шуъбаи эхёгарии калонсолон буда, дар аксар холатхо хизматрасони ба кудакон аз тарафи табибони эхёгари калонсолон хизматрасони карда мешаванд.

Дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон (ВМКБ) 6 нафар мутахассисони сохаи эхёгарии кудакона фаъолият мекунанд. Дар Беморхонаи вилояти шуъбаи эхёгарии кудакона бо 6 кат фаъолият менамояд. Шуъба бо 2 адад тачхизоти нафасдихии сунъи, 4 адад кардиомонитор, 1 адад кювез, 4 адад инфузомат, 3 адад дастгохи луобкашандаи барќи, 2 адад мизи гармидиханда,  2 адад оксигенератор дар холати коршоями буда, мавриди истифода ќарор доранд.

Дар дигар нохияхои вилоят катхои кудакона дар шуъбахои калонсолон чудо карда шудааст.

Дар нохияхои тобеи чумхури шуъбахои эхёгарии кудакона бо 6 кат дар ш.Вахдат, 4 кат дар ш.Турсунзода фаъолият менамоянд. Дар дигар нохияхо бошад, дар таркиби шуъбахои эхёгарии калонсолон катхои кудакона (то 3 кат) чудо карда шудааст.

Бо маќсади баланд бардоштани сифати хизматрасонихо ба кудакон, кам кардани полипрагмазия, беасос таъин намудани антибиотикхо 28 протоколхои табобати дар сохаи бехисгардони ва эхёгари, 35 адад дар педиатрия, 30 адад дар сохаи чаррохии кудакона 12 протокол оид ба табобати кудакон аз беморихои сирояти ва 9 протоколхои нигохубин ва табобати давраи навзоди, дар чорчубаи барномаи хамбастагии беморихои кудакона 8 протоколхои клиники оиди табобати беморихои кудакони синни то 5 сола, 7 протоколи клиники оид ба гипотрофияи дарачаи вазнин ва як ќатор дастурамалхо бо маќсади таъмин намудани кумаки тиббию санитарии сариваќти ва сифатнок ва бехтар намудани  вазъи ѓизогирии модарону кудакон дар чумхури тахия ва тасдиќ гардида, амали шуда истодаанд. Муттаасифона, тахлилхои таърихони беморони фавтида нишон доданд, ки дар амал ичроиши протоколхои клиники дар сатхи паст (30 – 35%)  ќарор дорад.

Мувофиќи маълумотхои омории фаври  дар чумхури дар 9 мохи соли 2015 нишондоди фавти кудакони синни то 1 сола ба 16,0 (2014-17,0) нисбати 1000 зиндатаваллудро ташкил дода, нишондоди фавти кудакони синни то 5 сола бошад ба 20,0 (2014-20,6) нисбат ба 1000 зиндатаваллуд баробар гардидааст.

Тахлили фавти кудакони синни то 1 сола нишон дод, ки фавти неонаталии бармахал дар худуди минтаќахои чумхури  гуногун мебошад ва дар шахри Душанбе ба 12,3, НТЧ – 4,8, Суѓд – 10,2, Хатлон – 7,1 ва ВМКБ – 6.0 баробар мебошад. Фавти неонаталии беваќти бошад дар шахри Душанбе ба 0,6, НТЧ – 1,5, Суѓд – 1,8, Хатлон – 2,4 ва ВМКБ – 0,5 баробар мебошад.

Аз тахлилхо чунин бармеояд, ки сохтори фавти кудаконаро 48,6% фавти неонаталии бармахал, 8,7 фавти неонаталии беваќти ва 42,7%-ро фавти постнеонатали ташкил менамояд.

10 сабабхои асосии фавти кудакони синни то 1 сола бо тартиби зерин муайян карда шудааст: асфиксия (18,01%), алоими респиратори – дисстреси (10,81%), осеби таваллуди (6,52%), сепсис (6,39%), ателектаз (5,78%), СШРН (5,0%), пневмония (4,83%), дарунрави (3,95%), асфиксияи д/батни (3,82%) ва нуќсонхои модарзодии инкишоф (3,75%).

Тахлили сохтори таркибии фавти кудакони синни то 1 сола аз руи вазн аз он гувохи медихад, ки то хол фоизи фавти кудакони расида, яъне бештар аз 2 500 грамм, бартари дорад, ки боиси нигаронист.

Аз 10 сабабхои  асосии фавти кудакони синни то 5 сола (0-4 сола) дар шахр (вобаста ба чойи зист) 3 чойи аввалро асфиксия, сепсис, алоими респиратори – дисстреси ва дар дехот асфиксия, алоими респиратори – дисстреси ва осеби таваллуди ташкил менамояд.

Таркиби сабабхои асосии фавти кудакони синни  то 5 сола (1-4 сола) чунин аст: беморихои роххои нафас (33%), холатхои вобаста ба давраи перинатали (26%), нуќсонхои модарзоди (20%), беморихои сирояти (12%) ва ѓ.

Тахлили таърихони беморони фавтида дар миќёси шахру нохияхои чумхури вобаста ба пешгиришаванда будани фавт дар сатхи хона ба 60,1%, муассисахои КАТС (51,8%) ва беморхонахо (55,1%) баробар аст.

Бо маќсади дар сатхи чумхури ба таври расми ва даќиќ муайян намудани шумораи кудакони бо нуќсонхои модарзодии инкишоф таваллудшаванда аз тарафи Маркази чумхуриявии омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли ва Маркази чумхуриявии илмию клиникии педиатри ва чаррохии кудакона ба шакли хисоботии хамасолаи омори тибби (шакли омории №32 “Оид ба хизматрасонии тибби ба хомиладорон, таваллудкунандагон ва навтаваллудшудагон”) сутуни баќайдгирии шакл ва намудхои нуќсонхои модарзодии инкишоф ворид карда шуд ва аз соли 2014 инчониб мо ба таври расми дар бораи кудакони бо нуќсонхои модарзодии инкишоф таваллудшуда (системаи асаб, модарзодии дил, атрезияи сурхруда, атрезияи сурохии маъќад ва синдроми Дауна) маълумот дорем. Хамчунин ба шакли хисоботии №31 “Хисобот оид ба хизматрасони ба кудакон” сутуни нуќсонхои модарзоди, аз чумла нуќсони модарзодии дил ворид карда шуд. Ба шакли хисоботии №12 “Хисобот оид ба беморихои минтаќаи хизматрасонии марказхои саломати” низ сутуни нуќсонхои модарзоди, вайроншавии шакли ва хромосоми (системаи асаб, чашм, системаи гардиши хун, тарќиши лабхо ва ком ва узвхои пешоброн) дохил карда шуд, ки аз руи он аз соли 2014 инчониб ба Маркази чумхуриявии омор ва иттилооти тибби аз сатхи муассисахои КАТС маълумот пешниход мегардад.

Хамчунин аз тарафи Маркази чумхуриявии илмию клиникии педиатри ва чаррохии кудакона бо маќсади муайян намудани шумораи кудакони бо нуќсонхои модарзодии инкишоф (НМИ) дар таваллудхонахои ш.Душанбе таваллудшуда як тадќиќот гузаронида шуд. Бо ин маќсад таърихони таваллуди 80 864 нафар кудакон дар давраи солхои 2012 – 2014 дар таваллудхонахои ш.Душанбе таваллудшуда нисбати гирифторшави ба НМИ  омухта шуд ва 1034 ходисаи НМИ муайян карда шуд, ки аз шумораи умумии таваллудшудагон 1,2%-ро ташкил менамояд.

Бо маќсади баланд бардоштани дастраси ва сифати хизматрасонихо дар давоми солхои 2012 – 2014 лоихаи “Бехтар намудани хизматрасонихои статсионари ба кудакон” бо ташаббуси Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон ва дастгирии Ташкилоти Умумичахонии Тандурусти дар 10 нохияхои тачрибавии вилояти Хатлон амали карда шуд. Дар доираи ин лоиха зиёда аз 300 нафар табибон ва кормандони миёнаи тиб аз руи маълумотномаи киссагии ТУТ “Расонидани кумаки статсионари ба кудакон”, ки бо фармоиши Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон №296 аз 17 майи соли 2013 тасдиќ шудааст, омузонида шуда бо маводхои таълими ва дискхои омузиши таъмин карда шуданд. Хамчунин заминаи модди – техникии ин муассисахо бо дастрас намудани 13 номгуи  тачхизотхо дар хачми 340 адад ва 7000 адад асбобу анчом, аз чумла оксигенатор, пулсоксиметр, нейбулайзер, вакуум аспиратор, ларингоскоп, андозахои гуногуни халтахои Амбу, перфузатор, отоскопхо, тарозухо пурќувват карда шуданд. Чараёни табобати кудакони бемор бошад, аз тарафи гуруххои сарпарастон дар давоми хар 2 – 3 мох назорат ва маслихат дода мешуд. Дар натича дар давоми амалисозии лоиха новобаста аз камбудихо, беасос бистарикунонии беморон аз 96% то 40%, омилхои хавф (таъсири ятрогени) ба кудакон аз 93% то ба 53%, нодуруст таъин намудани табобати дохиливариди аз 96 то ба 30% кам гардид. Дар доираи амалисозии лоихаи зикргардида, дар заминаи Маркази чумхуриявии илмию клиникии педиатри ва чаррохии кудакона хучраи таълими/захирави барои баланд бардоштани савияи дониши табибон ва хамширахои тиб таъсис дода шуд, ки бо тамоми маводхои таълими, наќшахои табобати бо забони давлати ва руси, мулуххо, оксигенатор, луобкашандаи барќи, перфузатор, небулайзер ва дигар асбобу анчомхо барои расонидани ёрии фаври ба кудакон тачхизонида шудааст. Дар заминаи шароити фарохамовардашуда, 4 семинари омузиши барои табибони кудакона ва хамширахои тиббии Маркази миллии тибби ва Беморхонахои кудаконаи Раёсати тандурустии шахри Душанбе баргузор намуда, 70 нафар мутахассисон омузонида шуданд.

Дар вилояти Суѓд нишондоди фавти кудакони синни то 1 сола ва то 5 сола дар 9 мохи соли равон дар муќоиса ба 9 мохи соли 2014  (19,8 ва 22,5) паст гардида, мутаносибан ба 16,6 ва 19, 6 нисбати 1000 з/т баробар гаштааст.    

Бояд ќайд намуд, ки нишондоди фавти кудакони синни то 1 сола  дар шахри Хучанд ба 61,7 %0 баробар гаштааст, аммо ин нишондод аз сабаби дар таваллудхонахои маркази вилоят  фавтидани кудакони навзоди синни 0 – 6 руза, ки аз шахру нохияхои вилоят ба таваллудхонахои мазкур бистари шудаанд ва аз руи ќоидахои мавчуда ходисахои фавти ин кудакон бояд дар шуъбахои САХШ-и ш.Хучанд ба ќайд гирифта шаванд, ба амал омадаааст. Дар 9 мохи соли 2015 дар таваллудхонахои вилояти ва шахрии ш.Хучанд 186 нафар кудакони навзоди синни 0 – 6 руза фавтидаанд (дар тавал. вилояти 151 нафар ва таваллудхонаи шахри 35 нафар), ки аз онхо 28 нафар (15%о) аз шахри Хучанд мебошанд ва 158 нафарашон ба дигар шахру нохияхои вилоят тааллуќ доранд. Аз шумораи умумии фавтидагон 66% кудаконро навзодони норасид (500-2499г) ташкил менамоянд.

      

Шахр/нохия

Миќдори умумии омории фавтидагони кудакони то синни 1 сола.

 Миќдори кудаконе, ки  дар синни 0-6 руза аз шахру нохияхои вилоят, ки  дар таваллудхонахои маркази вилоят фавтидаанд

Нишондоди омории

 фавти кудакони синни то

1 сола

Нишондоди фавти

кудакони синни то 1 сола бо назардошти кудакони 0-6 руза  аз шахру нохияхои вилоят дар таваллуд-хонахои маркази вилоят фавтида

1

Б.Гафуров

67

63

9,8

19,0

2

Чкалов

5

7

7,2

17,2

3

Кайроќќум

10

7

11,8

20,0

4

Зафаробод

20

4

12,8

15,4

5

Спитамен

23

19

9,1

16,6

6

Исфара

64

7

13,4

14,8

7

Конибодом

49

6

14,3

16,0

8

Истиќлол

2

-

7,0

7,0

9

Шахристон

15

4

17,3

21,7

10

Ашт

59

7

19,7

22,0

11

Мастчох

31

6

10,9

13,0

12

Ч.Расулов

35

7

14,6

17,5

13

Айни

22

1

14,6

15,2

14

Панчакент

86

5

14,1

15,0

15

К.Мастчох

10

-

20,5

20,5

16

Гончи

50

7

15,3

17,4

17

Истаравшан

82

8

15,1

16,5

18

Хучанд.

205

28

61,7

8,4

 

Хамаги

835

186

16,6

16,6

 

- г Дар вилояти Суѓд тахлили фавт вобаста ба синну сол нишон дод, ки 63% кудакони синни то 1 сола фавтидаро кудакони навзод ташкил менамояд.

Тахлили чойи фавти кудакон нишон дод, ки 53,3% кудакон дар таваллудхона, 29,1% дар беморхона ва 17,6% дар хона фавтидаанд.

Нишондоди фавти кудакон дар хона дар нохияи Ашт – 27,1%, нохияи Б.Ѓафуров – 23,8%, шахри Исфара – 26,2%. Ташвишовараш он аст, ки дар нохияи Кухистони Мастчох аз 10 нафар кудакони синни то 1 сола фавтида, хамаашон дар хона фавтидаанд. 

Тахлили таърихи беморони фавтида нишон дод, ки ќариб дар хамаи шахру нохияхо камбудихои якхела чой доранд: баходихии нопурраи холати бемор, арзёби накардани вазъи ѓизогирии кудак, хисоб накардани хачми моеъоти ба бемор воридкардашаванда, на хама ваќт табобат аз руи протоколхо, набудани хамкории самаранок байни сохтори госпитали ва муассисахои КАТС, аз чумла дар шахрхои Конибодом ва Чкалов.

Тахлили вазъ дар вилояти Хатлон нишон медихад, ки нишондоди фавти кудакони синни то 1 сола дар баъзе шахру нохияхо нисбат ба нишондоди вилоят (18,1 ба 1 000 з/т) дар сатхи паст ќарор дорад. Аз чумла дар нохияхои Вахш (11,4), Темурмалик (11,7), Ч. Руми (13,5), ш.Ќурѓонтеппа (13,6), Ќабодиён (14,2), ш.Норак (14,3), нохияи Кулоб (14,7) ва диг.

Фавти кудакони синни то 5 сола бошад, дар 9 мохи соли равон дар миќёси вилоят ба 23,2 нисбати 1000 з/таваллуд (375 нафар) баробар гаштааст, ки нисбат ба 9 мохи соли 2014 (22,6 – 349 нафар) баланд мебошад. Муттаасифона дар баъзе шахру нохияхои вилоят баќайдгирии ходисахои фавти кудакони синни то 5 сола ба воќеият мувофиќат намекунад, ки боиси паст нишон додани ходисахои фавт мегардад, аз чумла нохияхои Вахш (15,1), Темурмалик (16,9), Ќабодиён (17,0), ш.Норак (17,3), н.Ќумсангир ва ш.Ќурѓонтеппа (18,4) ва диг. Барои мисол, тибќи хисоботи пешниходшуда дар шахри Норак хамаги 31 нафар беморон фавтидаанд, ки 23 нафарашон дар беморхона ва 8 нафарашон дар КАТС мебошад, вале ин 8 нафари дар КАТС фавтида аз омори расми нагузаштааст. Илова ба ин, кудакони дар муассисахои табобатии шахри Душанбе, аз чумла Маркази миллии тибби, фавтида аз ќайд нагузаштаанд.

 

1

н.Ќабодиён

4

2

н.Шахритуз

10

3

н.Абдурахмони Чоми

10

4

н.Ќумсангир

8

5

н.Хуросон

6

6

ш.Ќургонтеппа

9

7

н.Бохтар

7

8

н.Чалолиддини Руми

4

9

н. Норак

3

10

н. Ёвон

6

11

н.Хамадони

4

12

н.Дангара

3

13

н.Муминобод

2

14

н.Восеъ

3

15

ш.Кулоб

2

16

н.Фархор

2

17

н.Темурмалик

1

18

н.Балчувон

1

19

н.Вахш

4

Хамаги:

89 нафар

 

Танхо агар хамин 89 нафари  фавтида ба ќайд гирифта мешуд, нишондоди фавт дар вилоят тамоман дигар мегашт.

Ба маълумоти шумо мерасонам, ки мохи августи соли 2014 вазъи хизматрасонихои тибби ба кудакон дар шахру нохияхои вилояти Хатлон аз тарафи гурухи кории Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли пурра омухта шуда буд ва бо иштироки Бобохочиева Л.С. - муовини якуми вазири тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли  дар вилоят чаласаи сайёр бо иштироки тамоми менечерони муассисахои КАТС ва сохтори госпиталии шахру нохияхои вилоят барраси гардида буд.

Аммо тахлилхои дар дастдошта аз он гувохи медиханд, ки камбудихои чойдошта то имруз бартараф нашудаанд. Дар таърихони беморони фавтидаи тамоми шахру нохияхо то имруз набудани хамкории пайдарпай байни муассисахои КАТС ва сохтори госпитали, ходисахои чен накардани вазн ва ќад, харорати бадан, шумораи нафас, таппиши дил, беасос бистарикунони, таъин намудани антибиотикхо, хисоб накардани хачми моеоти дохиливарид гузаронандашаванда, хачми ѓизо ва ѓайрахо чой дорад. Масалан, дар нохияи А.Чоми бемор Ашурова Чумагул, 47 руза, санаи 23 сентябр бистаришуда, санаи 24 сентябр бо ташхиси Илтихоби шадиди меъдаву руда. Беобшавии дарачаи В. Бемори дигар Хочиева Зулхоча, 10 моха, санаи 31 август бистаришуда, санаи 3 сентябр фавтидааст. Ташхис: Илтихоби шадиди меъдаву руда. Беобшавии дарачаи В. Фалачи рудахо, ДВС-синдром. Камхунии дарачаи дуюм.

Ќайд кардан лозим аст, ки новобаста аз он, ки нохияи А.Чоми аз руи лоихаи “Бехтаргардонии хизматрасонии статсионари ба кудакон” нохияи тачрибави буд ва барои баланд бардоштани сифати хизматрасони ба кудакон кушишхои зиёд аз чониби Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли карда шуд, ташрифи гурухи кори ба шуъбаи кудакона ва эхёгарии Беморхонаи марказии нохия, саволу чавоб бо кормандони шуъбахо ва тахлили таърихон аз он гувохи медихад, ки имруз сифати табобати кудакон, бахусус кудакони фавтида ба талабот чавобгуй нест, чунки табобат ба пурраги аз руи протоколхои клиники бурда намешавад.

Дар нохияи Хуросон низ ташхис ва табобати кудакон на хама ваќт аз руи протоколхои клиники ба рох монда шудааст, ки аз ин тахлили таърихони кудакони дар шуъбаи эхёгари фавтида гувохи медихад, аз чумла бемор Сайфиддинов  К., 2 моха, санаи 23 августи соли 2015 бистаришуда, санаи 24 август бо ташхиси Бемории шадиди меъдаву руда. Беобшавии дарачаи вазнин. Нейротоксикоз. Бемори дигар Элмуродов Д., 1с. 1моха, санаи 23 августи соли 2015 бистаришуда, санаи 24 август (пас аз 7 соат) фавтидааст ва ба ин монанд дигар беморони фавтида. 

Дар шахри Душанбе нишондоди фавти кудакони синни то 1 сола дар 9 мохи соли равон ба 12,8 (205 нафар) баробар гардидааст, ки нисбат ба 9 мохи соли 2014 (16,4 – 249 нафар) хеле паст мебошад.

Нишондоди фавти кудакони синни то 5 сола бошад дар хамин давра тахминан якхел буда, мутаносибан ба 18,0 ва 18,1 нисбати 1000 зиндатаваллуд баробар мебошад. 

Ба ѓайр аз омории расмии мавчуда, яъне ходисахои фавти дар муассисахои табобатии дар ш.Душанбе баќайдгирифташуда, боз ходисахои фавт дар шуъбахои кудаконаи Маркази Миллии тибби ва ходисахои дар холати бенихоят вазнин ба хона чавобшавии кудакони ш.Душанбе чой дорад, ки пас аз фавт аксарияти онхо баќайд гирифта намешаванд.

Тахлилхои таърихи беморони дар шуъбахои кудаконаи Маркази миллии тибби фавтида нишон доданд, ки 47 нафар фавтидагон ба ш.Душанбе тааллуќ доранд. Ин беморон дар комиссияи омузиши ходисахои марганчоми дар Маркази миллии тибби дида баромада шудааст, аммо на хамаи онхо хамчун фавтида дар ш.Душанбе баќайд гирифта шудаанд. Аз ин лихоз, Раёсати тандурустии ш.Душанберо зарур аст, ки хамкориро бо Маркази миллии тибби дар самти баќайдгирии кудакони фавтида ва дар холатхои вазнин ба хона чавоб шудани беморон пурзур намоянд.

Та{лили сабаб{ои фавти кeдакони синни 0 то 5 дар шахри Душанбе вобаста ба ташхис нишон дод, ки аз 243 ходиса аз 50 то 55  холат фавти кудакон дар сатхи марказхои саломатии шахри ва беморхонхои кудакона шартан пешгирикунанда буданд.

Санчиш нишон дод, ки дар бисёр мавридхо омили асоси сабаби фавти кудакон ин аз тарафи мутахассисони МСШ бахо дода натавонистани холати беморон, сариваќт ба беморхонахои кудакона равон накардани онхо мебошанд.

Инчунин дар натичаи санчиши хуччатхо дар сатхи МСШ нишон дод, ки таќризхо ва протоколхои фавт аз тарафи мутахассисон нодуруст дода мешаванд. Хамчунин дар сатхи муассисахои табобати бошад, санчиши таъриххои бемории кудакони фавтида нишон дод, ки вобаста ба ташхисхои гузошташуда тавсия ва ё консилиуми мутахассисони алоќаманд гузаронида нашудааст.

Тахлили хуччатхои кудакони фавтида маълум намуд, ки на дар хамаи муассисахои кудаконаи табобатии ш.Душанбе фавти кудакон аз ќайди шуъбаи САХШ гузаронида мешавад. Масалан дар Беморхонаи клиникии кудаконаи шахрии №2 аз 7 бемори фавтида, танхо 4 нафарашон аз ќайди шуъбаи САХШ гузаронида шудаасту халос, аммо дар Беморхонаи клиникии шахрии чаррохии кудакона аз 11 нафар кудакони синни то 5 сола фавтида ягон нафарашон аз ќайди  шуъбаи САХШ гузаронида нашудааст.

Боиси ќайд аст, ки хамасола сабабхои фавти кудакони синни то 5 сола дар сатхи мушовараи Раёсати тандурустии шахри Душанбе барраси карда мешавад.

Нишондоди фавти кудакони синни то 1 сола  дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон 7,7%о-ро ташкил медихад. Аз руи маълумоти омори дар нохияи Ванч ходисаи фавт баќайд гирифта нашуда, дар нохияи Дарвоз 1,8, Ишкошим 2,1, Рушон 5,4 ва Мурѓоб 7,8-ро ташкил додааст. Аммо тахлили вазъ дар нохияи Дарвоз маълум намуд, ки дар давоми 9 мох дар шуъба 1 кудак фавтидааст. Таърих омухта нашудааст ва протоколу таќриз надорад, хамчунин акти экспертизаи марганчоми низ пур накардаанд. 

 Дар шуъбаи таваллудии нохия аз руи хисоботхои омори ходисаи фавт нест. Дар дафтари ќайди таваллудхо 5 холати мурдатаваллуд ба ќайд гирифта шудааст, хол он ки дар руихати мурдатаваллудшудагони шуъба 2 нафар ќайд шудааст. Хангоми омузиш маълум гашт, ки ба 3 ходисаи мурдатаваллуд (занони таваллудкарда: Бахтигули Саъдулло, Розиќова Тобон, Додихудоева Манзура)  ягон хуччат (партограмма) пур карда нашудааст. Зани дигар,  Замираи Точиддин истиќоматкунандаи дехаи Курговад, дар дафтари ќайди таваллуд ташхиси «Хомиладории 32-33 хафтаина (яъне 8 моха), Пешомади сар, Даври 2-юми валодат, Валодати пеш аз мухлат, Камхуни» навишта шудааст. Аз хамин дафтар бармеояд, ки писарча бо вазни 2000 гр ва ќади 46 см. таваллуд шудааст. Таърихи беморияш нест. Хангоми ташриф овардан ба хонаи онхо маълум гашт, ки кудак бегохи таваллуд шуда пагохирузи дар худи таваллудхона фавтидааст.

Дар шуъбаи кудаконаи Беморхонаи марказии нохияи Ванч  об, хати оксиген ва протоколхои клиники мавчуд нест. Дар шуъбаи таваллуд дар 9 мох 320 кудак таваллуд шудааст. 1 нафар мурдатаваллуд. Бемор Сурхова Садоќат 1988 с.т. истиќоматкунандаи н. Ванч, ч. Абдуллоев, д. Чангали зуго шаби 24 ба 25-и мохи март дугоник,  духтарча 730 гр. 32 см ва писарча 700 гр. 32 см, таваллуд кардааст. Дар дафтари ќайди таваллуд кудакхо аввал мурда навишта, сипас тоза карда зинда навиштаанд. Ваќте, ки таърихи инкишофи навзодон талаб карда шуд, онро дастрас накардаанд. Исхоќова Хайринисо 1994 с.т. истиќоматкунандаи н. Ванч, ч. Човидон, д. Потав, санаи 26.08.2015 кудак бо вазни 2000 гр. ва ќади 30 см. таваллуд кардааст. Чунин ташхис гузошта шудааст: «Таваллуди пеш аз мухлат бо нуќсонхои модарзодии бисёр (рудахо, узвхои таносул, асимметрияи руй ва косахонаи сар), захми пардаи луобии махбал». Кудак санаи 27.08.2015 ба хона чавоб дода шудааст.

Тахлили ходисахои фавт дар Беморхонаи вилоятии шахри Хоруѓ маълум намуд, ки таърихи беморони фавтида таќриз ва акти экспертизаи марганчоми надоранд. Дар рафти тафтиши таъриххо ба кудак аз сабаби надоштани шароити иќтисоди ягон муоинахои иловаги (ба мисоли тахлилхои лаборатори ва акси рентгени) гузаронида нашудааст. Дар Таваллудхонаи вилояти таърихи бемории беморони фавтида омухта мешаванд ва протокол мешаванд, вале таќриз надоранд ва акти экспериза пур карда намешаванд. Мисол, бемор Ќадамова Мохинав Султонназаровна 1991 с.т., истиќоматкунандаи н. Дарвоз, д.Ёгед. Дар дафтари ќайди навзодон навишта шудааст, ки кудак фавтидааст, аммо дар руйхати фавтидагон нест, аз руи таърихи бемори кудак ба хона чавоб дода шудааст.

Дар муддати 9 мохи соли чори аз шуъбаи эхёгарии маркази чаррохи 12 кудаки то 5 сола ба хона чавоб дода шудааст. Таърихи бемории беморони чавобшуда бо бахонае, ки таъриххо дар дасти чонишини директори марказ мебошанд, ба аъзоёни комиссия пешниход карда нашуд.

Дар асоси маълумотхои мавчуда ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки сабаби паст будани фавти кудакон ин навзодони зиндатаваллудро хамчун мурдатаваллуд нишон додан ва баќайд нагирифтани ходисахои фавт дар беморхонахо мебошад.

 

← Back to list

Doctors

  • 8
    Yangiboeva Barno

    Head of Integrated Child Health Service department

    36

    dolj_en

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34

    dolj_en

    35

    dolj_en

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Хикматуллоевна

    dolj_en

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27

    dolj_en

  • 28

    dolj_en

    30

    dolj_en

    37

    dolj_en

  • 11

    32

    dolj_en

    20
    Kholikov Ziyoratsho Hukumovich

  • 22
    Davlatova Nigina

    Head of the Department of Medical and Social Problems and Information

IMPORTANT CONTACTS

Scientific clinical center for pediatric and child surgery of Ministry Of Health of Tajikistan, Dushanbe, Ismoili Somoni Ave. 59, 7th Building, Karabolo

Duty doctors:
+992 (372) 236-52-50

Duty pediatricians:
+992 (372) 236-85-52

Complains/questions:
+992 (372) 236-85-52

Partners

1 2 3 4 5