13.Child neurology department
Шӯъбаи асаби кӯдакона дар соли 1964 бо дастгирии доктори илмҳои тиб профессор Пӯлодов Абдулмаҷид Мусоевич таъсис дода шуд, ки дар бинои 8, ошёнаи 2-юм ҷойгир буд ва он ҷо аз 60 кат, хуҷраи гуфтордармонӣ, хуҷраи педагог, хуҷраи тарбияи ҷисмонии тиббӣ, хуҷраи маҳс, хуҷраи бозии кӯдакон ва хуҷраи мудири шӯъба иборат буд. Соли 1993 шӯъбаи асаби кӯдакона ба бинои 6, ошёнаи 1 гузаронида шуд, ки он ҷо аз 45 кат, хуҷраи гуфтордармонӣ, хуҷраи педагог, хуҷраи тарбияи ҷисмонии тиббӣ, хуҷраи маҳс, хуҷраи физиотерапевтӣ, хуҷраи бозии кӯдакон, хуҷраи мудири шӯъба иборат буд. Соли 1997 шӯъбаи асаби кӯдакона ба бинои 11, ошёнаи 1 гузаронида шуд, ки дар он ҷо 25 кат ва хуҷраи мудири шӯъба, хуҷраи духтурон ва 2 хуҷраи кармандони кафедра ҷойгир аст.Дар давоми 50 сол дар шахсони зерин мудири шӯъба буданд:. Хољаева Т.И., Парсаев А.П.Бобоев А.Б., Раҷабалиев Ш.Ф., Хусанҷонова Н.Б., Раҳматова Р.М., Ҳасанова Д.М., Шарофиддинов И.А.,Алимова З.Т., Мамаҷонова З.К.
Раҷабалиев Шералӣ Фозилович - Арбоби хизматнишондодаи илм ва техникаи ҶТ, доктори илмҳои тиб, профессор, дар соли 1964 ҳамчун бародари тиб дар шӯъба ба кор қабул карда шуд, ва дар соли 1966 баъд аз хатми ДДТТ дар шӯъба ҳамчун духтури асабшиноси кӯдакона кору фаъолият намудаст. Аз моҳи январ то моҳи июни соли 1967 дар кафедраи асаби кӯдаконаи шаҳри Москва таҳти роҳбарии Тсукер М.Б. нахустин маротиба курси такмили ихтисосро гузашастааст. Аз соли 1968 то соли 1970 ҳамчун мудири шӯъбаи асаби кӯдакона кор кардааст. Соли 1970 бо нишони «Хизмати шоён» сарфароз гардид. Аз соли 1971 то соли 1993 ассистенти кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсият буд. Аз соли 1991 то соли 2010 ҳамчун сармутахассис дар сохаи асабшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудаст. Дар соли 1978 рисолаи илмии номзадӣ ва дар соли 1996 рисолаи илмии доктории худро дар шаҳри Санкт- Петербург ҳимоя намуд. Аз соли 1993 то соли 2010 хамчун мудири кафедраи беморихои асаб ва ирсиятшиносии ДТИБКТ ифои вазифа намудааст. Аз соли 1964 то соли 2010 беш аз 260 кори илмӣ эҷод кардааст. Соли 1999 ҳамчун Арбоби хизматнишондодаи илм ва техникаи ҶТ шинохта шуда, бо нишони 10 солагӣ ва 15 солагии артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид. 46 сол собиқаи корӣ дорад.
Аз соли 1997 љамъияти асабпизишкон бо ташаббуси профессор д.и.т. Раљабалиев Ш.Ф аз нав ба фаъолият шурўъ намуд, ки њаштод (80) нафар асабпизишкони шањри Душанбе ва ноњияњои тобеи љумњуриро муттањид намуда буд.Боиси зикр аст,ки профессор Рачабалиев Ш.Ф.аз ифтитохи ин беморхона ба фаъъолият шуруъ намуда, бахри равнаку нумуи ин боргохи муккадас хизматхои шоёнро ба харч додаст,коллективи бемористон мавсуфро чун яке аз арзандатарин насли аввалини ин бемористон эътироф намуда ибтикори шоёни ин олими забардастро арчгузори менамоянд.
Ҳасанова Диловара Мирсаидавна
Асабшинос, духтури дараҷаи олӣ, аълочии соҳаи тандурустӣ.
Соли 1945 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст.
Соли 1968 ДДТТ-ро хатм намуда дар давоми солҳои 1968-1970 дар кафедраи равонпизишкӣ ординатураи клиникиро хатм намудааст. Ӯ то соли 1978 ба ҳайси равонпизишк кору фаъолият намудааст. Аз соли 1978 то инҷониб ба ҳайси духтури асаби кӯдакона дар БКҶ ба номи Дяков кору фаъолият менамояд. Дар давоми солҳои 1979-1980 дар кафедраи беморихои асаб курси такмили ихтисосро гузаронидааст. Ҳар 5 сол дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург курсҳои такмили ихтисосро гузаштааст. Аз соли 1992 то соли 2011 ҳамчун мудири шӯъбаи асаби кӯдакона кору фаъолият намуда зиёда аз 15 мақолаи илмӣ ба чоп расондааст, дар давоми фаъолияташ ба ҳайси мудир дар шӯъба аввалин маротиба хилъати табобатии «Адели»-ро истифода бурдааст. Дар семенарҳои байналмилалӣ оиди барҳам додани бемории полиомиелит иштирок карда сазовори сертификати умумиҷаҳонии тандурустӣ гардидааст. Собиқаи кории 36 сола дорад.
Шарофиддинов Имомиддин Аслиддинович.
Асабшинос,духтури дарачаи оли,аълочии сохаи тандурусти.
Мохи апрели соли 1970 дар ноњияи Айнї,вилояти Суѓд ба дунё омадаст.Аз соли 1989 то соли 1995 дар Донишгохи Давлатии Тиббии Точикистон ба номи Абуалї ибни Сино дар факултаи педиатри тахсил намудааст.Дар соли 1996 интернатураи дармонгохиро дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Точикистон хатм намудааст.Дар солхои 1996 -1998 ординатураи дармангохиро дар заминаи донишкадаи мазкур хатм намудааст.Аз соли 1995 хамчун духтури асабшинос дар БКЧ ба номи Дяков фаъъолият менамояд.Аз соли 1998 то соли 2007 ба хайси ассистенти кафедраи беморихои асаб дар ДТИБКТ фаъъолият намудааст.Аз соли 2007 то соли 2011 ба хайси мудири шуъбаи асаби калонсолон дар Маркази Миллии ЉТ ифои вазифа намудааст.Аз соли 2011 инчониб дар шуъбаи беморихои асаби кудакона ифои вазифа менамояд.Инчунин ба хайси ассистент хамкор дар ДДТТ ба номи Абуалї Ибни Сино ба толибилмон дарс гуфтааст.Дар соли 2006 ба медали «Аълочии тандурустии ЉТ» сарфароз гардонида шудааст.Соњиби зиёда аз 20 маќолаи илмї ва 35 маќолањои оммавї мебошад. .Собикаи кори 19 сол.
Боиси зикр аст,ки ин шуъба ки дар солхои дароз ягона шуъбаи махсусгардонида барои беморихои асаби кудакона дар љумхури махсуб меёфт,оиди ташхис ва табобати беморихои асаби кудакона аз чумла фалачи магзисарии кудакона ва ликвидатсияи полиомиелити шадид корхои назаррасро ба анчом додаст.Ин дастовардхо бо ибтикори саромадони ин сохаи мушкилу захматталаб профессорон Пулодов А.М,Рачабалиев Ш.Ф,Рахмонов Р.А,номзадхои илм Бобоев А.Б,Мирзоева С.М.ва духтурони пуртачриба Муродова Ш.А,Асоев М.М, Шарофиддинов И.А.Алимова З. Т. Одинаева Н.В.Исокова М.Ч.ва мутахасисони чавон МамачоноваЗ.Ќ.Ниёзова С.Н шомил мебошад.Шуъбаи мазкур заминаи илмию-амалї барои ДДТТ ба номи Абуалї ибни Сино махсуб ёфта,дар ин шуъба солиёни дароз профессорон Пулодов А.М.Рачабалиев Ш.Ф Рахмонов Р.А номзадхои илм Бобоев А.Б.Мирзоева С.А ба маризон душворфахм ва вазнин кумакхои хешро расонидаанд.Мутахасиси варзида Муродова Шамсия Абдурахмоновна дар муддати 40 соли фаъъолияти корияш махорати касбии хешро ба сохаи мазкур ба харљ дода, чун асабшиноси нотакрор дар байни мардум нуфузи хешро касб намудааст. Дар шуъбаи мазкур муддати 27 сол аст,ки Хуррамова Точиниссо Камоловна ба хайси логопед –дефектолог фаъъолияти босамар намуда,ба беморони мубталои нуќсонњои нутк ёрии хешро мерасонад.Дар давоми 50 соли фаъъолияти ин беморхона ПрокинаТ.И,Межман Г.Д,Хитаева Л.И.ва Ашурова Н.Р.ба хайси хохарони калони шафкат фаъъолият намудаанд.
Doctors
- Yangiboeva Barno
Head of Integrated Child Health Service department
dolj_en
- Ахмедова Меҳри Махмудовна
Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.
dolj_en
dolj_en
- Бойматова Мартаба Бегматовна
ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ
- Хамроева Дилафруз Хикматуллоевна
dolj_en
- Насриддинова Барно Салоҳиддиновна
Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона
dolj_en
dolj_en
dolj_en
dolj_en
dolj_en
- Kholikov Ziyoratsho Hukumovich
- Davlatova Nigina
Head of the Department of Medical and Social Problems and Information
IMPORTANT CONTACTS
Duty doctors:
+992 (372) 236-52-50
Duty pediatricians:
+992 (372) 236-85-52
Complains/questions:
+992 (372) 236-85-52