Захролудшавии кудакон T36- T50

Берунории файл

Захролудшавии кудакон (T36- T50)

 

Пешгуфтор: Захролудшавии кудакон дар амалияи тиб нихоят зиёд вомехурад ва дар натичаи он фоизи баланди фавт ба назар мерасад. Аксаран захролудшави аз маводхои дорувори (80% холатхо) ба вучуд меояд. Аз маводхои химиявии маиши, захрхои растаниги ва саноати  захролудшави камтар ба назар мерасад. Хамчунин бо сабаби  майл ба кунчкови ва хамадони доштан, дар кудакони синни то 3 сола захролудшави зиёд ба назар мерасад.

Максад: расонидани кумаки таъчили хангоми захролудшавихо.

Популятсия: кудакон.

Истифодабарандагон: табибони эхёгар, токсикологхо, кудакона, табибони оилави ва табибони дигар.

Мукаррарот: Захролудшави – холати патологи мебошад, ки дар натичаи ба организм таъсир расонидани пайвастагихои химияви (захр) ба амал омада, вайроншавии функсияхои хаётан мухим ва хавф ба хаёти беморро ба вучуд меорад.

Илме, ки захролудшавиро меомузад токсикология номида мешавад.

Сабабхои захролудшави дар кудакон:

- беназоратии волидайн (сабаби асоси);

- беахамиятии волидайн: сахван ё аз меъёр зиёд додани вояи дору;

- суикасд ба чони худ;

- дар наврасон эхтимолияти чой доштани токсикомания.

Табобати захролудшавихои шадид дар кудакон аз принсипхои зерин иборат аст:

  1. Бо суръати баланд аз организм баровардани маводхои захрнок (безахргардонии фаъол);

2. Истифода бурдани позахрхо;

3. Табобати симптоматики.

Ба чорабинихои аз организм баровардани моддахои захрнок мансуб мебошад:

Шустани меъда, пешобронии босуръат, гемодиализ «гурдаи сунъи», диализи перитонеали, гемосорбсия, бо хуни донори иваз намудани хуни ретсипиент.

Принсипхои расонидани кумак хангоми воридшавии моддахои захрнок ба меъда.

Аз меъда баровардани моддаи захрнок дар давоми 1 соати пас аз захролудшави самараноктар мебошад, аммо пас аз гузаштани ин мухлат самаранокии ин амалиёт кам мегардад, ба истисони холатхое, ки яке аз таъсироти босамари моддахои захрнок ин сустшавии харакати хуроки хазмшаванда дар меъда мебошад, ё вакте, ки чабрдида дар холати мадхуши карор дорад. Баровардани захр аз меъда хоричшавии пурраи онро кафолат намедихад, бинобар ин кудак мисли пештара метавонад дар холати хатар карор дошта бошад.

Мамнуихо барои баровардани захр аз организм аз инхо иборат аст:

- роххои химоянашудаи нафас (ичро накардани интубатсия) дар кудаки дар холати бехуши карордошта;

- ба меъда ворид шудани моддахои сузонанда ё махсулоти нафти, агар хавфи захролудшавии вазнин набошад.

Агар кудак керосин, бензин ё дигар махсулотхои нафтиро фуру бурда бошад (ба инобат гиред, ки кисми бештари пептисидхо дар даруни халкунандахои асосашон бензини чойгиранд), ё агар дахон ва халки кудак сухта бошанд (масалан бо сафедкунанда, мавод баро тоза кардани махсулотхои сантехники ё кислотаи аккамулятори), дар кудак кайкуниро ба амал наоред, балки ба у об нушонед. Хеч гох ба сифати маводи кайовар намакро истифода набаред, чунки он метавонад ба фавт оварда расонад.

Шустани меъда.

Аломатхои бармахали клиники хангоми захролудшавии энтерали дар кудакон пас аз 20 – 30 дакика пайдо мешавад. Хангоми мавчуд будани ѓизо дар меъда чаббиши захр суст мегардад. Аз меъда маводхои зерин охиста харакат мекунанд: барбитуратхо, маводхои седативи, клофелин, пайвастагихои органикии фосфордор, алкалоидхо, антидепрессантхои сесикла.

Кисми зиёди захрхо харакати рудаи борикро суст мегардонанд. Аз ин бармеояд, ки хатто агар аз лахзаи захролудшави 24 соат гузашта бошад хам, меъдаро шустан лозим аст (ба ѓайр аз ишкор ва чавхарихо).

Агар кудак ба хуш боша два нушида тавонад – нушокии зиёд дода, кайкуниро ба амл меорем. Вакте, ки захролудшави бо бензин, намакхо ё ишкорхо ба амал ояд, кайкуниро ба амал овардан мумкин нест.

Дар кудакони бохуш шустани меъдаро дар мавкеи нишаста ва дар кудакони хушашон вайроншуда дар мавкеи горизонтали анчом медиханд. Агар кудак бехуш бошад, шустани меъдаро пас аз найчагузории хирной анчом медиханд.

Ин амалиётро танхо дар шароити муассисаи табобати гузаронед, агар хайати кормандон малакаи лозими дошта бошанд, агар аз лахзаи воридшавии захр ба меъда аз якчанд соат зиёд нагузашта бошад ва агар ба хаёти кудак хатар мавчуд бошад, хамчунин агар гап дар бораи маводхои сузонанда ё махсулотхои нафти наравад. Мавчуд будани луобкашандаи баркиро барои он холат санчед, ки агар кайкуни ба амал ояд. Кудакро ба пахлуи чап хобонда, сарашро ба поён хам кунед. Дарозии мисборро барои ворид намудан ба меъда муайян намоед. Мисбори калибраш  24-28-ро аз руи чадвали Шарер ба меъда бо воситаи дахон ворид намоед (мисбори калибраш аз ин хурд тавсия дода намешавад, чунки аз он хиссахои сахт, мисол хаб метавонад нагузарад). Бовари хосил намоед, ки мисбор дар меъда аст. Меъдаро бо махлули физиологии 0,9%-и гарм шуед. Хачми моеи баромада пас аз шустани меъда бояд ба хачми моеи воридкардашуда баробар бошад. Меъдаро бо об шустан мумкин нест (метаворнад варами маѓзи сар ё шушхоро ба вучуд орад). Дар кудакони синни калони бахуш шустани меъда дар мавкеи нишаста гузаронида мешавад, вале дар кудакони синни хурд ё кудаконе, ки вайроншавии хуш доранд дар мавкеи горизонтали. Агар кудак бехуш бошад, шустани меъда танхо пас аз найчагузории хирной анчом дода мешавад.

Хачми моеъ барои шустани меъда:

- Дар 1 солаги даряквакт -150 мл., шустани пурра -1 л.

- Дар 3 солаги даряквакт -250 мл., шустани пурра – 2л.

- Дар5 солаги даряквакт -350 мл., шустани пурра -3 л.

- Дар 7 солаги даряквакт – 400 мл., шустани пурра -5 л.

- Дар 12 солаги даряквакт -500 мл., шустани пурра -6 л.

Хангоми захролудшави бо моеъоти сузонанда дар соатхои аввал шустани меъда бо мисбор хатмист. Мавчудияти хун дар обхои шусташуда барои гузаронидани ин амал зиддият нест.

Дар ин мавридхо пеш аз ворид намудани мисбор ба меъда онро ба тамоми дарози бо равѓани вазелин коркард менамоянд.
Пас аз шустани меъда бо воситаи мисбор ба меъда ангишти фаъолшударо дар махлули физиологии хлориди натрий бо вояхои зерин, дар махлули изотоникии хлориди натрий, ворид менамоянд:

- ба кудакони синни то 1 сола – 1 г/кг:

- ба кудакони синни аз 1 то 12 сола – аз 25 то 50 г;

- наврасон ва калонсолон аз 25 то 100 г.

Баровардани захр аз рудахо бо воситаи истифода аз маводхои исхоловар – сулфати магний, махлули 10% аз хисоби 2,5 мл/кг таъмин карда мешавад. Истифодабарии маводхои исхоловари намакин хангоми захролуди бо захрхои сузонанда ва хангоми чой доштани аломатхои дарунрави мамнуъ мебошад.

Дар баробари маводхои исхоловар дигар усулхои фаъолкунии алвончхурии (перисталтика) рудахо низ истифода бурда мешавад, аз чумла ангезиш бо доруворихо ва хукнагузаронихои тозакунанда.

Хорич кардани маводхои захрнок аз пуст

Либосхои кудакро кашед ва тамоми мавзехои бо моддаи захрнок дар тамосшударо бо микдори кофии оби хунук шуед. Хангоми бартараф кардани моддахои равѓанин собунро истифода баред. Бо максади дубора бо моддаи захрнок дар тамос нашудан, кормандони тиббие, ки хизматрасони мекунанд бояд аз дастпушак ва пешдоманхо истифода баранд.

Хорич кардани моддахои захрнок аз чашмхо

Чашмхоро дар муддати 5-10 дакика бо оби тозаи равон ё махлули физиологи тавре шуед, ки оби шуста баромада ба чашми дигар надарояд. Барои осон кардани ин амалиёт чакрахои бедардкунандаи чашмиро истифода бурдан мумкин аст. Хангоми муайян кардани иллатёбии мултахима ё карнияи чашм, кудак бояд хатман аз тарафи табиби чашм муоина карда шавад.

Расонидани кумак хангоми нафаскашии моддахои захрнок

Кудакро аз мавзеи таъсири моддаи захрнок бароварда, дар холати зарури додани оксиген шарт аст. Нафаскашии газхои ангезанда метавонад ба варам ва вайроншавии гузароии роххои болоии нафас, бронхоспазм ва инкишофи минбаъдаи илтихоби шушхо оварда расонад.

Пешобронии босуръат

Маводхои асосии пешобронии босуръат: махлули 5% ва10% глюкоза, махлули Рингер, махлули 0,9% хлориди натрий, махлулхои ивазкунандаи зардобаи хун.

Хачми моеъот – эхтиёчоти физиологиро ба 1,5 зарб мезанем. Нисфи он (50%) дар 6 соати аввал, 25% дар 6 соати минбаъда ва 25% бокимондаро дар 12 соати минбаъда.

Ин усул хангоми захролудшавихое, ки бо норасогии кори дилу рагхо ва вайроншавии кори гурдахо оризанок шудааст, мамнуъ мебошад.

Гемодиализ

Гемодиализ – дастгохи «гурдаи сунъи»-ро истифода менамоянд. Хуни бемор аз диализатор гузаронида мешавад (захрхои миёна ва калонмолекула хорич мешаванд).

Хангоми захролудшави бо моддахои диализшаванда (спирти метил, барбитуратхо, металлхои вазнин, салитсилатхо ва диг.) самаранок мебошад. Онро дар мархилаи барвакти захролудшави истифода мебаранд.

Гемодиализро хамчунин хангоми табобати норасогии шадиди гурдахо, ки дар натичаи таъсири захрхои ба гурда таъсирнок (арсен (марги муш), карбони чорхлордор, дихлорэтан, сулема) ба амал меояд, истифода мебаранд.

Диализи перитонеали

Диализи перитониали барои хорич кардани моддахои захрнок истифода бурда мешавад, ки дар бофтахои чарбуи чамъ (депо) мешаванд ё бо сафедахои плазма сахт пайваст мешаванд, мисол – барбитуратхои таъсирашон кутох, карбони чорхлора, дихлорэтан ва диг.

Хусусияти хоси усул дар он аст, ки онро хангоми норасогии шадиди дилу рагхо истифода бурдан мумкин аст. Вай бо иназ дигар усулхои аз организм хорич кардани захр фарк мекунад.

Мамнуи барои диализи перитонеали – чараёни илтихокии зохирёфта дар ковокии шикам.

Гемосорбсия

Ин усул бо адсорбсияи (часпидани) моддахои бегона аз хун ифода меёбад. Хун аз гемосорбент гузаронида мешавад (ангишти фаъолшуда) ва ба бемор бармегардад.

Гемосорбсияро бо воситаи дастгохи  детоксикатор анчом медиханд. Пайвасткунии дастгохро ба системаи гардиши хуни бемор бо воситаи шунти шараёни-вариди  ё бо рохи вариди – вариди анчом медиханд.

Самараи табобатии гемосорбсия дар натичаи зерин ба амал меояд:

- аз хун дурр кардани моддахои захрнок;

- аз хун чудо карда баровардани моддахои захноки эндогени (креатинин, мочевина, билирубин);

- бехтаргардонии микросиркулятсия, хусусиятхои реологии хун.

Нишондод барои гемосорбсия: захролудшави бо маводхои психотропи  (бензодиазепинхо, барбитуратхо, амитриптилин, фенотиазинхо), пайвастагихои фосфордор, машруботи спиртдор ва ивазкунандагони он (этиленгликол, спирти метил, дихлорэтан), алкалоидхо (пахикарпин, хинин, гликозидхои калби).

Иваз кардани хуни ретсипиент бо хуни донор

Амалиёти иваз намудани хуни ресипиент бо хуни донор хангоми захролудшави бо моддахое, ки ба таркиби хун таъсири захрнок мерасонанд - ба вучуд омадани метгемоглобин (анилин, нитритхо, нитратхо), пастшавии дурударози фаъолнокии холинэстераза (инсектисидхои фосфорорганики), гемолизи аз хад зиёд ва хамчунин хангоми захролудшави бо маводхои дорувори (беллоид, амитриптилин, феротсирон) ва захрхои растаниги (замбуруѓи захрдор) ва диг. тавсия дода мешавад.

Хуни донории хамгурух ва резус мувофикро истифода мебаранд. Натичаи мусби пас аз иваз намудани 25% хачми хуни дар гардишбуда ба даст меояд. Ивазкунии танхо хачми хуни дар гардишбуда (70 – 75 мл/кг вазни бадан) одатан мувофик мебошад.

2. Табобати позахри:

Табобати позахри танхо дар мархилаи бармахали токсикогени, хангоми бо тарики озмоишгохи муайян кардани намуди захролуди самаранок мебошад.

Руйхати кутохи позахрхо:

Барои паратсетамол – асетилсистеин.

Охан – десферал.

Гепарин – сулфати протамин.

Спирти метил – спирти этил.

Пайвастагихои фосфорордор – атропин.

СО– ситохром С.

Замбуруѓи захрдор – пенитсиллин.

Захролудшави бо сианидхо –тиосулфати натрий.

Металлхои вазнин (свинетс, симоб, арсен (маргимуш)) – унитиол.

Метгемоглобинхосилкунандахо – метилени кабуд.

Бедаркунандахои нашъадор – налоксон.

3. Табобати симптоматики.

Аз руи коидахои умуми, вобаста аз аломатхои умумии захролудшави истифода бурда мешавад:

- хангоми гипоксия – табобат бо оксиген;

- хангоми норасогии зохирёфтаи нафас – нафасдихии сунъии шушхо (НСШ);

- агар садма бошад – табобати зиддисадмави;

- дар мавриди рагкаши – маводхои зиддирагкаши (сибазон, оксибутирати натрий ва диг.);

- хангоми хароратбаланди – маводхои табпасткунанда (парасетамол ва диг.);

- хангоми пневмонияи аспиратсиони – антибиотикхо;

- мубориза бо оризахо (норасогии гардиши хун, гурдахо, чигар, варами майнаи сар).

Хамчунин хангоми захролудшави ОГБ-ро истифода мебаранд.

ОГБ аз хама бештар барои фаъол намудани чараёни биотрансформатсияи карбоксигемоглобин хангоми захролудшави бо гази карбон истифода бурда мешавад. Хамчунин нишондод барои гузаронидани ОГБ захролудшави бо нитритхо, нитратхо ва махсули онхо мебошад.

Зиднишондодии нисби барои истифодабарии ОГБ хангоми ин захролудшавихо садмаи намуди чуброннашаванда мебошад.

Хангоми захролудшавихои зерин табобат гузаронида намешавад:

- антиструмин;

- бобуна;

- рангхои оби (акварели) (танхо чини набошад);

- симоб (кулулачахои симобии хароратсанч);

- хабхои валериани.

Адабиёт:

  1. Василевский И.В., Чичко M.B., Курек В.В., Ежов Г.И. Неотложная педиатрия и реанимация //Справочник по детский болезням. - Минск. 1998. - 335с.
  2. Клиническая токсикология детей и подростков /Под ред. Марковой И.Е.
  3. Афанасьева В.В. Цыбулькина 3 К.. Неженцева М.В. - СПб. 1998. - 304 с.
  4. Цыбулькин Э.К. Угрожающие состояния у детей (экстренная врачебная помощь) Справочник. 2-е изд. первраб. и доп. - СПб, 2000. - 216с.
  5. Михельсон В.А. Детская анестезиология и реаниматология. - Медицина. 1985. - 464с.
  1. Маълумотномаи киссагии ТУТ оид ба кумаки статсионари ба кудакон дар Чумхурии Точикистон, Душанбе-2013, 376 с.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

← Библеотека

Табибони мо

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

    8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

  • 28
    Ахмедчонова Малика Шамсидиновна

    ходими илмии Муассиса давлатии «Маркази љумњуриявии илмию клиникии педиатрї ва љарроњии кўдакона»

    29
    Солиева Лола Мирсаидовна

    ходими илмии Муассисаи давлатии «Маркази љумњуриявии илмию клиникии педиатрї ва љарроњии кўдакона»

    30
    Рањмонќулов Кишвар Абдуњалимович

    Сардмуњосиби Муассиса давлатии «Маркази љумњуриявии илмию клиникии педиатрї ва љарроњии кўдакона»

  • 16
    Магзумов Дилшод Рахмонходжаевич

    Роҳбари шӯъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёгарии навзодон

    11

    рохбари шуъбаи кадрхо

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

  • 20
    Холиков Зиератшо Хукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

    33
    Файзуллоев Субҳон Убайдович

    Духтури ординатори шӯъбаи торакоабдоминалӣ МД ММТ ҶТ. “Шифобахш”

    21
    Бакиева Гульбахор Тавмановна

    Мудири шуъбаи илм

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5