Ғизои мактабии Тоҷикистон дар ҷаҳон беҳтарин эътироф гардид!

19.06.2017

 Бино ба маълумоти «Thomson Reuters Foundation» Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ маҷмуаи тавсияҳои хӯроки нисфирӯзии мактаббачагони Тоҷикистонро дар ҷаҳон беҳтарин эътироф кард.

Маҷмуаи ошпазӣ дар ҷоизаи бонуфузи ҷаҳонии «Gourmand World Cookbook Awards», ки шабеҳи «Оскар» аст, дар байни маҷмуаҳои ошпазӣ баҳои баланд гирифт. Маросими ҷоизасупорӣ дар Янтаи Чин баргузор гардид. Дар мусобиқа намояндагони беш аз 200 кишвари дунё ширкат варзиданд.

Илова бар ин, маҷмуаи тавсияҳои хӯроки нисфирӯзии мактаббачагони Тоҷикистон дар табақабандии «Амнияти озуқаворӣ» соҳиби мақоми аввал ва мукофоти махсуси доварони мусобиқа шуд.

Маҷмуа соли 2016 дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Россия ба табъ расид.

«Ин эътирофи муҳим ва дастоварди барҷаста барои Барномаи ҷаҳонии озуқавории (БҶО) дар Тоҷикистон мебошад. Умедворем, ки ин маҷмуа, ки дорои тавсияҳои ғизои солим мебошад, ба рушди устувори низоми ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон саҳми худро мегузорад», — изҳор дошт директори БҶО дар Тоҷикистон Паоло Маттей.

Дар 200 саҳифаи маҷмуа тавсияҳои беш аз 127 намуд таомҳои анъанавии тоҷикӣ дарҷ шудаанд, ки онҳоро метавон аз маҳсулотҳои дастрас ва маъмулӣ омода кард.

Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (БҶО) — калонтарин ташкилоти гуманитарӣ дар ҷаҳон аст, ки ҳамасола беш аз 4 миллион маҳсулоти озуқавориро таъмин мекунад. БҶО соли 1963 ҳамчун мақомоти кумаки озуқаворӣ дар низоми СММ барои расонидани ёрӣ ба кишварҳои рушдкунанда таъсис ёфтааст.

БҶО дар Тоҷикистон барномаи таъмини 370 ҳазор мактаб бо хӯроки гарми нисфирӯзии ҳамарӯзаро татбиқ менамояд.

Ғизои мактабӣ аз рӯи низоми БҶО СММ одатан фарогири наҳорӣ, хӯроки нисфирӯзӣ ё кулчақандҳои серғизост, ки ҳамарӯза ба хонандагони макотиб дода мешавад.

← Ба қафо

Табибони мо

  • 1
    Набиев Зохир Нарзулоевич

    Директори МД МИКП ва ЧК, Доктори илмхои тиб, профессор

    3
    Абдуллаева Нодира Шомуратовна

    Рохбари шуъбаи кудакона

    5
    Исмоилов Комил Исроилович

    Профессор

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи хамбастагии беморихои кудакона

    7

    16
    Магзумов Дилшод Рахмонходжаевич

    Роҳбари шӯъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёгарии навзодон

  • 25
    Парсаева Волидахон Абдуллоевна

    Асабшинос

    20
    Холиков Зиератшо Хукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

    21
    Бакиева Гульбахор Тавмановна

    Мудири шуъбаи илм

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

    23
    Насриддинова Барно

    духтури ташхиси функсионали

    24
    Салихова Халима

    врач УЗИ диагностики

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5