Газидани хашарот T63.4

Берунории файл

Газидани хашарот (T63.4)

Пешгуфтор. Газидани хашарот дар кудакон дар давраи гармии сол ба назар расида, дар шакли тассурхои чузъи мегузарад. Аммо хастанд кудаконе, ки пас аз газидани хашарот дар онхо холатхои захролудшави ва аллергия ба амал меояд. Аз хама бештар таассурхои аллергияви пас аз газидани занбури асал, ору ва камтар пас аз газидани хомушак, пашша, мурча, кайк, кана ва диг. ба амал меояд. Кайд кардан лозим аст, ки газидани чунин хашаротхои захрнок, ба мисли гунда, ротил ва каждум махсусан хавфнок буда, дар сурати саривакт нарасонидани кумаки таъчилии тибби метавонад ба фавт оварда расонад.

Максад: расонидани кумаки таъчили хангоми газидани хашаротхо.

Популятсия: кудакон.

Истифодабарандагон:  табибони эхёгар, кудакона, табибони оилави ва табибони дигар сохахо.

Газидани хашаротхои болхои пардадордошта (занбури асал, говзанбур)

Хангоми газидани хашаротхои болхои пардадошта чи таассури чузъи ва чи таассури умумии организм ба амал меояд, хатто то варами Квинка ва садмаи тахсоси. Вазнинии таассур аз микдори захр, чои газида (нешзада), хассосияти инфиродии организм вобаста мебошад. Захри ин хашаротхо таъсири гистаминмонанд, нейротоксики ва гемолитики доранд.

Пас аз газидани занбури асал неши он бо обила ва кисми шикам боки мемонад, ки бо сабаби он чудошавии захр ба организм давом мекунад. Дар киёс аз газидани занбури асал, хангоми газидани ору ва говзанбур неш дар пуст намемонад.

Хангоми газиданхои алохида аксаран таассури чузъии пусти ба амал меояд, лекин ба амал омадани таассури тахсоси аз эхтимол дур нест. Хангоми газиданхои (нешзанихои) бисёр  ба таассури чузъи аломатхои захролудшавии умуми пайваст мешаванд.

Аз руи аломатхои клиники дар чойи газида дард ба амал омада, папула пайдо мешавад, ки бо сурхшави ва варам ихота мегардад. Пас аз якчанд вакт мумкин аст сусти, дарди сар, хароратбаландии бадан, араккуни пайдо шавад. Дар баъзе мавридхо метавонад лимфаденити минтакави пайдо шавад.

Зухуроти аломатхои захролудшави махсусан хангоми нешзанихои зиёд ба амал меояд, ки мумкин аст бо садма, игмо, коллапс ифода ёбад. Дар ин маврид пайдошавии асфиксия, норасогии рагхо ва дил хавфнок мебошад. Нешзанихои минтакаи гардан ва пилкхои болоии чашм махсусан хавфнок мебошад. Газидани карнияи чашм метавонад ба хирашави ва паст шудани биноиш оварда расонад.

Ёрии таъчили

Дар мадди аввал нешро баровардан лозим аст. Агар харчи кадар зиёд неш дар пуст монад, хамон кадар захр зиёдтар ба организм ворид мешавад. Ин махсусан хангоми нешзанихои зиёд мухим мебошад, бинобар ин пустро бодиккат дидан лозим аст. Нешро бо ангуштон гирифтан мумкин нест, чунки хамаи захрро аз обила баровардан мумкин аст. Барои ин аз гира (пинсет) ё корди тез истифода бурдан мумкин аст. Пас аз он захмро бо спирт, шираи календула ё махлули сусти перманганати калий  коркард мекунанд. Ба таври чузъи тарбандии хунукро мегузоранд, аз руи нишондод бедардкунии новокаинии гирдогирдии кабат ба кабатро дар чои газида (нешзада) анчом медиханд.

Барои кудакони тамоюл ба аллергиядошта ё хангоми нешзанихои бисёр ба таври дахони 5 – 10 мг преднизолон, д/м махлули 1% димедрол аз хисоби 0,5 мг/кг, з/п махлули 0,1% адреналин аз хисоби 0,1 мл/соли хаёт (на зиёдтар аз 0,5 мл) таъин мекунанд. Хангоми ба амал омадани садмаи тахсоси табобати мувофик (ниг. ба протоколи садмаи тахсоси дар кудакон) мегузаронанд. Дар мавриди бронхоспазм махлули 2,4% эуфилинро бо вояи 0,5 – 1 мл ба як соли хаёт ба таври д/в мегузаронанд. Хангоми рагкаши махлули 0,5% седуксенро аз хисоби 0,3-0,5 мг/кг, махлули 20% оксибутирати натрий аз хисоби 50-100 мг/кг мегузаронанд. Табобати инфузиониро бо махлулхои намакдор ба таври д/в катрави мегузаронанд. Хангоми холатхои вазнин зардобаи зиддимори натичабахш мебошад.

Газидани хашаротхои дубола (хомушакхо, пашшахо)

Баъд аз газидани хомушак обилаи эритематози пайдо шуда, хориш мекунад ва баъдан ба доначаи (папула) дурушт мубаддал мегардад. Агар тамоюл ба аллергия чой дошта бошад, он гох дар чои газида метавонад обила пайдо шавад ё таассури вазнинтар бо сурхшави ва варам (одатан дар дасту пойхо) ба амал меояд.  

Табобати таассурхои чузъи асосан симптоматики мебошад. Хангоми варам ва хориш ба таври чузъи малхами фенистил ё хама гуна малхаме, ки пантенол (пантенол плюс, депантенол, пантенол спрей) дорад истифода бурда мешавад. Хангоми истифодабарии малхамхои «адвантан», «элоком», «фладекс» натичаи хуб ба даст меояд.

Барои камшавии варам тарбандихои хунук истифода бурда мешавад. Хангоми хориш ба таври дахони маводхои зиддигистамини истифода бурда мешавад. Хангоми таассурхои чузъии вазнин ба таври локали (махалли) истифодабарии малхамхои стероиди  (малхами гидрокортизон ё преднизолон) мумкин аст.

Хангоми таассурхои системавии вазнин истифодабарии парэнтералии глюкокортикоидхо (преднизолон, дексаметазон, гидрокортизон) ичозат дода мешавад.

Газидани тортанакхои захрнок (гунда, ротил (тарантул) ва каждум)

Газидани чунин хашаротхои захрнок, ба мисли гунда, ротил ва каждум хавфи нихоят баланд дорад. Баъд аз нешзании каждум дар давоми якчанд руз метавонад дарди сахт боки монад. Таъсири системавии захр дар кудакон ни сбат ба калонсолон хеле васеъ пахн шудааст. Захри онхо бо воситаи системаи лимфатики пахн гашта, ба девораи гематоэнсефалитики ворид мешавад. Баъдан СМА хароб карда, хунгардиш ва реологияи хунро вайрон мекунад.

Дар чои газида дардхои сахт пайдо шуда, ба тамоми бадан пахн мешаванд. Дарди сар, сарчархзани, дилбехузури ва нафастанги пайдо мешавад. Дар мавриди авчгирии захролудшави сианоз, тахикардия ва аритмия ба амал меояд. Хамчунин васеъшавии мардумаки чашм ва рафтани оби дахон хос мебошад.

Газидани тортанакхои захролуд метавонад дардманд бошад, вале хеле кам ба захролудшавии системави оварда мерасонад. Барои баъзе намудхо, ба мисли карокурт ва тортанакхои банани позахрхо мавчуданд. 

Табобати шиддатнок ба бехаракатгардони, хунуккунии чои газидашуда равона карда мешавад. Ба таври дохилимушаки ва дар холатхои вазнин ба таври дохиливариди зардобаи зиддигундави (20-50 мл), хормонхо, маводхои зиддигистамини ва витаминхо ворид карда мешавад. Дар баробари ин, табобати инфузиони ва бартарафкунии парешонихои хунегардиш ва нафас анчом дода мешавад.

Газидани кана

Хангоми дохилшавии кана дар мадди аввал онро пурра баровардан лозим аст, чунки вай метавонад интиколдихандаи беморихои гуногун  (энсефалити канаги, боррелиози канаги, доманаи канаги, доманаи канагии баргарданда, туляремия, эрлихиоз) гардад.

Барои баровардани кана аввал пусти атрофи онро бо спирт коркард намудан лозим аст. Пас аз он бо гираи кач ё исканчаи чаррохиро харчи наздиктар ба манаххои он капида ва охиста кашида, дар гирди мехвари он ба самти кулай тоб медихем. Баъд аз якчанд давр кана пурра мебарояд.

Хангоми баровардани кана ин амалхоро анчом додан мумкин нест:

Баровардани кана бо ангуштон;

Хангоми баровардан пахш кардани он;

Бо равган, бензин, спирти навшодир коркард намудани кана;

Ба чои газида тарбанди гузоштан;

Газидани кайкхо ва канахо

Хангоми газидани кайкхо ва канахо табобат пеш аз хама ба пешгирии сироятёбии дубора равона карда мешавад. Чои газидаро бо об ва собун мешуянд ва барои пешгирии харошидан нохунхои кудаконро кутох мекунанд. Барои кам кардани хориш ба чои газида махлули каламин мемоланд, ваннахои крахмали мекунанд ва маводхои зиддигистаминиро истифода мебаранд. Хангоми чараёни зохирёфта истифодабарии малхамхои стероиди ичозат дода мешавад.

Адабиёт:

  1. Аллергические болезни у детей /Под ред. Студеникина М.Е.. Тена С.И. - М. Медицина, 1998. - 352 с.
  2. Василевский И.В., Чичко M.B., Курек В.В., Ежов Г.И. Неотложная педиатрия и реанимация //Справочник по детский болезням. - Минск. 1998. - 335с.
  3. Клиническая токсикология детей и подростков /Под ред. Марковой И.Е. Афанасьева В.8. Цыбулькина 3 К.. Неженцева М.В. - СПб. 1998. - 304 с.
  4. Цыбулькин Э.К. Угрожающие состояния у детей (экстренная врачебная помощь) Справочник. 2-е изд.. первраб. и доп. - СПб, 2000. - 216с.
  5. Михельсон В.А. Детская анестезиология и реаниматология. - М.. Медицина. 1985. - 464с.
  6. Маълумотномаи киссагии ТУТ оид ба кумаки статсионари ба кудакон дар Чумхурии Точикистон, Душанбе-2013, 376 с.

 

 

← Библеотека

Табибони мо

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

    30
    Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич

    ходими илми

    37
    Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна

    ҳодими илм

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

    20
    Холиқов Зиёратшо Ҳукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5