МУОЛИҶАИ КӮДАКОНИ ҲАСТРОШИЗИС ДОШТА

Берунории файл

ПРОТОКОЛИ № 26

МУОЛИҶАИ  КӮДАКОНИ  ҲАСТРОШИЗИС ДОШТА

I. РАМЗИ ТББ-10 - Q79.3

II. НОМИ БЕМОРӢ – норасоии  (дефекти) параумбиликалии (наздинофии) девораи пеши шикам, бо андозаи  3-4 см росттар аз ноф, бо эвентратсияи узвҳо дар давраи дохилибатнӣ. Аломати хосаш он аст, ки узвҳои  эвентратсияшуда бо пардаҳои эмбрионалӣ пӯшонида нашудаанд, лекин дар "зиреҳ" қарор доранд, ки аз қабати ғафси фибрин, молидании навзод, унсурҳои (элементҳои) морфологии раванди илтиҳобӣ иборат мебошанд. Узвҳои  эвентратсияшуда нобаробар васеъшуда, инфилтратсияшуда  мебошанд, байни ҳамдигар сахт часпида, ранги хоси кабудчатоб доранд. Нуқсонҳои инкишофи ҳамрадифи зуд-зуд вохӯранда дар мавриди ин касолат  крипторхизм, гардиши (тобхӯрии) ба анҷом нарасидаи рӯда, атрезияҳо ва стенозҳои рӯдаӣ (интестиналӣ), дивертикули Меккел мебошанд. Дар 20% кӯдакони ҳастрошизис дошта энтероколити кашолёфта мешавад.

III. ТАШХИСОТ ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ:

- ташхисоти дохилибатнӣ (антенаталӣ) – дар ҳафтаи даҳуми ҳомиладорӣ, бо ёрии таҳқиқоти фавқуссадоӣ  амалӣ гардонида мешавад.

IV. МУОЛИҶА ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ:

Тамоми чорабиниҳо бояд ба нигаҳ  доштани  микроиқлими мувофиқ, оксигенатсия, декомпрессияи меъда ва рӯда равона карда шуда бошад ва бо пайдарҳамии зерин гузаронида шаванд:

- бедардсозӣ (трамал  дар вояи синнӣ ба воситаи даҳон, морфин 0,2 мг/кг);

- гузоштани санд ба меъда;

- имолагузории тозакунанда бо маҳлули физиологиии хлориди натрий;

- мавқеи навзод ба паҳлӯи рост, то он ки таранг кашидашавии масориқаи (банди) рӯда кам шавад;

- ба узвҳои  эвентратсияшуда гузоштани сачоқчаҳои қоқи бесирояткардашуда;

-  муолиҷаи инфузионӣ аз ҳисоби 15-20 мл/кг/соат;

- антибиотикҳо (ампитсиллин, ампиокс);

- ҷойгиркунии навзод ба кувез (катчаи гармкунак).

V. ТАШХИСОТ ДАР МАРҲИЛАИ ГОСПИТАЛӢ:

- таҳлили умумии хун, бо ҳисоб кардани  тромботситҳо ва вақти лахташавии хун;

- таҳлили умумии пешоб;

- таҳлили биокимиёии хун;

-коагулограмма;

-гурӯҳи хун ва резус - омил;

- таҳқиқоти аввалини  бактериологии маводи аслии дастрас;

- барои мустасно намудани касолати пайваста таҳқиқоти  рентгенологиии узвҳои ковокии шикам ва қафаси сина;

- таҳқиқоти фавқуссадоӣ;

- маслиҳатдиҳии духтурони неонатолог ва невропатолог.

 

VI. ОМОДАСОЗИИ ҚАБЛИҶАРРОҲӢ.

Омодасозии қаблиҷарроҳӣ аз марҳилаи тогоспиталӣ идома меёбад (санд дар меъда, қастара дар шошадон, интубатсияи хирной – дар мавриди зарурат, имолагузорӣ, бедардсозӣ).

Дастрасшавӣ ба варидраг.  Муолиҷаи инфузионӣ бо маҳлулҳои глюкоза ва  физиологӣ дар таносуби  1:1, дар вояи  100-120 мл/кг/шабонарӯз, хуноба (плазма) 20-30 мл/кг гузаронида мешавад. Ҳатман доругиҳои мамониаткунандаҳои (ингибиторҳои) протеолиз (контрикал, гордокс), васоити доругии хунбоздорандаро (викасол, дитсинон) истифода мебаранд.

Маҳаки (критерийи) омода будан ба ҷарроҳӣ на вақти пас аз таваллуд мебошад, балки устуворшавии нишондиҳандаҳои асосии лабораторӣ ва ҳемодинамика мебошад.

VII. МУОЛИҶАИ ҶАРРОҲӢ:

-пластика (тармим) тавассути бофтаҳои маҳаллӣ (дар мавриди ҳаҷми ночизи рӯдаи  эвентратсияшуда);

Дар мавриди норасоиҳои (дефектҳои) калон, халта ба монанди  конус ташаккул дода (ба вуҷуд оварда) мешавад ва ба канорҳои сифоқу апоневроз дӯхта мешавад, қуллаи он бошад бо тарангкашии миёна  овезон карда мешавад; биоматериалро дар шабонарӯзҳои  10-12 – уми баъди ҷарроҳӣ барканда мегиранд, бо минбаъда пӯшонида шудани ковокии шикам;

VIII. МУОЛИҶАИ БАЪДИҶАРРОҲӢ.

Дар марҳилаи баъдиҷарроҳӣ ғизои  парентералӣ аҳамияти калон дорад. Давомнокии он бо мӯҳлатҳои барқароршавии пурраи перисталтика ва  пассаж бо маҷрои ҳозима муайян карда мешавад, ки аз шабонарӯзҳои  5 - 6 –уми баъди ҷарроҳӣ барвақттар ба амал намеояд.

Истифодабарии ғизодиҳии  энтералӣ пас аз нестшавии  парези рӯда ва пайдошавии  пассажи мустақил имконпазир мегардад.

IX. ТАДБИРҲОИ РЕАБИЛИТАТСИОНӢ.

Гардиши (тобхӯрии) анҷомнаёфтаи рӯда, ки   100%  дар кӯдакони бемории ҳастрошизис дошта мушоҳида мегардад, дар 2-3 солҳои ояндаи ҳаёт метавонад ба пайдошавии ногузарогии шадид, зершадид ё музмини рӯда оварда расонад. Ба ғайр аз ин аз боиси  птози (фурудоии) рӯдаи ғафс  пассаж бо он ниҳоят суст мешавад, ки ба пайдошавии қабзияти рӯда оварда мерасонад. Барои ҳамин дар давраҳои дур таҳқиқоти кӯдакони чунин шикоят дошта, барои аниқ намудани сабабҳои пассажи мустақил зарур мебошад.

Адабиётҳо:

  1. Ашкрафт К.У., Холдер Т.М. Детская хирургия. СПБ,  1997г.
  2. Тихомиров В.Д., Малинина М.В. Этапное лечение больших грыж пупочного канатика.  М. ,1981г.

← Библеотека

Табибони мо

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

    8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

  • 28
    Ахмедчонова Малика Шамсидиновна

    ходими илмии Муассиса давлатии «Маркази љумњуриявии илмию клиникии педиатрї ва љарроњии кўдакона»

    29
    Солиева Лола Мирсаидовна

    ходими илмии Муассисаи давлатии «Маркази љумњуриявии илмию клиникии педиатрї ва љарроњии кўдакона»

    30
    Рањмонќулов Кишвар Абдуњалимович

    Сардмуњосиби Муассиса давлатии «Маркази љумњуриявии илмию клиникии педиатрї ва љарроњии кўдакона»

  • 16
    Магзумов Дилшод Рахмонходжаевич

    Роҳбари шӯъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёгарии навзодон

    11

    рохбари шуъбаи кадрхо

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

  • 20
    Холиков Зиератшо Хукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

    33
    Файзуллоев Субҳон Убайдович

    Духтури ординатори шӯъбаи торакоабдоминалӣ МД ММТ ҶТ. “Шифобахш”

    21
    Бакиева Гульбахор Тавмановна

    Мудири шуъбаи илм

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5