ТАШХИСОТ ВА МУОЛИҶАИ ОСТЕОМИЕЛИТИ ШАДИДИ ҲЕМАТОГЕНӢ

Берунории файл

ПРОТОКОЛИ № 25

ТАШХИСОТ ВА МУОЛИҶАИ ОСТЕОМИЕЛИТИ ШАДИДИ ҲЕМАТОГЕНӢ

I. РАМЗИ ТББ-10 - М 86.0

II. НОМИ БЕМОРӢ - ОСТЕОМИЕЛИТИ  ШАДИДИ ҲЕМАТОГЕНӢ (ОШҲ) – илтиҳоби шадиди мағзи устухон, ки дар мавриди он ба раванди фасодӣ-илтиҳобӣ мағзи устухон, моддаҳои зич (компактӣ), исфанҷӣ ва устухонпарда фаро гирифта   мешаванд, дар кӯдакони то  3 – сола бошад - эпифиз ва буғуми ҳамҳудуд.

Таснифот.

Шаклҳои клиникии ОШҲ (Т.П.Краснобаев): заҳрогин (токсикӣ), тааффунӣ – чиркхунӣ (септико-пиемӣ), ҷузъӣ.

Марҳилаҳои ОҲ: марҳилаи (“фазаи”) І  - варами мағзи устухон;  марҳилаи ІІ  - дабилаи (флегмонаи) мағзиустухонӣ (иликӣ) ; марҳилаи ІІІ  - флегмонаи зериустухонпардаӣ (cубпериосталӣ); марҳилаи IV  - флегмонаи бофтаҳои нарм;

Дар кӯдакони хурд – марҳилаи І  - варами мағзи устухон;  марҳилаи ІІ  - дабилаи (флегмонаи) мағзиустухонӣ; марҳилаи   ІІІ  - артрити фасодӣ, марҳилаи IV  - флегмонаи наздибуғумӣ (параартикулярӣ).

      III. ТАШХИСОТ ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ.

Ташхисгузорӣ ба таҳқиқоти  клиникӣ, лабораторӣ ва олотӣ асос меёбад. Дар мавриди гумонбарӣ ба ОҲ, кӯдакро аз рӯйи нишондодҳои таъҷилӣ ба бемористони махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ равона намудан лозим мебошад.

IV. МУОЛИҶА  ДАР  МАРҲИЛАИ  ТОГОСПИТАЛӢ.

Таъйин намудани муолиҷаи  антибактериявӣ (сефтриаксон  50-100 мг/кг).

V.  ТАШХИСОТ  ДАР  МАРҲИЛАИ  ГОСПИТАЛӢ.

Маҳакҳои (критерийҳои) асосии клиникӣ.

• Шикоятҳо: дарди мустақил ва шӯронидашаванда дар дасти (пойи) иллатнокшуда.

• Аломатҳои умумӣ: баландшавии ҳарорат бештар аз 38,0°С, вайроншавии ҳолати умумӣ, заҳролудӣ (интоксикатсия), дар  тифлакон ва кӯдакони хурд – беқарорӣ, ки ҳангоми ҳаракатҳо ва иваз намудани парпечҳо (ҷойпӯшҳо) пурзӯр мешавад.

- Аломатҳои ҷузъӣ: дард дар пойи (дасти) иллатнокшуда, вайроншавии функсия дар буғум, шахакшавии (контрактураи) дардӣ, баландшавии ҳарорати ҷузъӣ, варамчаи бофтаҳои наздиустухонӣ, дард дар мавриди  перкуссияи метафизи устухон; дар тифлакон –варами пойи (дасти) иллатнокшуда, ки дар мавқеи маҷбурӣ қарор дорад, ҳаракатҳои фаъол коҳиш меёбанд, ҳаракатҳои ғайрифаъол –ниҳоят дардноканд, дар мавриди ба бемор дер бистарӣ шудан –аломатҳои  флегмона (варам, ҳиперемия, флюктуатсия).

Ташхисоти ҳатмии  лабораторӣ.

 Таҳлили умумии хун – афзудани миқдори  лейкотситҳо, баландшавии  СТЭ, тамоюли  формула ба чап (афзудани миқдори гранулотситҳои  нейтрофилӣ), афзудани индекси лейкотситии заҳролудӣ (интоксикатсия) (ИЛЗ)) ошкор карда мешавад.

Таҳлили умумии пешоб - метавонад протеинурия бошад.

Таҳқиқотҳои биокимиёӣ – дар зардоби хун камшавии сафедаи умумӣ, фраксияҳои  глобулинӣ, тағйиротҳо дар ҳолати атсидӣ-ишқорӣ муайян карда мешавад.

Коагулограмма.

Таҳқиқотҳои микробиологӣ: ошкорсозии бактериемия, ташбеҳкунии (идентификатсияи) барангезанда дар хун ва дар тарашшӯҳот аз лонаи илтиҳоб (устухон, буғуми ҳамҳудуд, флегмона).

      Ташхисоти олотии ҳатмӣ.

• Рентгенографияи дасти (пойи) иллатнокшуда дар кӯдакони синнашон калонтар, на барвақттар аз 14 шабонарӯз аз ибтидои беморӣ метавонад ахборотдиҳанда бошад (остеопорози хол-хол,  периостити рах-рах). Дар тифлакон – на аз  10 рӯз барвақттар - (тағйиротҳои иртишоҳии (инфилтративии) бофтаҳои наздиустухонӣ, васеъшавии тарқишҳои буғуми ҳамҳудуд ва/ё беҷошавӣ (дислокатсия) дар он, минбаъд лонаи нобудшавии (деструксияи) метафиз, бо гузаштан аз минтақаи сабзиш ба  эпифиз  муайян карда мешавад, падидаҳои периостит мушоҳида мегардад).

• Таҳқиқоти фавқуссадоӣ (УЗИ).

• ЭКГ.

• Рентгенографияи узвҳои қафаси сина.

• Дар мавриди гумонбарӣ ба ОҲ  пунксияи лонаи  устухонии илтиҳоб ҳатмӣ мебошад, ки дар асоси он  баландии фишорро дар маҷрои мағзиустухонӣ  метавон ошкор намуд, гузаронидани таҳқиқоти  микроскопии  пунктат (таҳқиқоти ситологӣ, экспресс-бактериоскопия ва дигар таҳқиқотҳои микробиологӣ).

Дар марҳилаи  флегмонаи дохилиустухонӣ фишори баланди мағзиустухонӣ то  100-400 мм сут. обӣ, мавҷудияти фасоду хун ё хуни ҳемолизшуда муайян карда мешавад.

VI. МУОЛИҶАИ ҶАРРОҲӢ.

Омодасозии қаблиҷарроҳӣ.

Мувофиқи протоколҳо духтури  анестезиолог муайян менамояд.

Мудохилаи ҷарроҳӣ.

 Декомпрессияи лонаи дохилиустухонии илтиҳоб, бо роҳи остеоперфоратсияҳои сарфакорона амалӣ гардонида мешавад. Остеоперфоратсияҳоро метавон тавассути пармаи борик ё сӯзанҳо-пармаҳои сохти К.П.Алексюк иҷро намуд. Ба воситаи  найчаҳои  поливинилхлоридӣ ё сӯзанҳои доимӣ минбаъд воридсозии антисептикҳо, антибиотикҳоро (линкомитсин 10 мг/кг дар  10-15 мл маҳлули 0,25% новокаин, 2 маротиба дар як шабонарӯз 10-15 рӯз)

ба устухони иллатнокшуда амалӣ месозанд. Барои обияткашонии  флегмонаи зериустухонпардаӣ ё  флегмонаи бофтаҳои нарм чоккуниҳои сарфакоронаро бо дарозии то  2 см амалӣ месозанд. Артритҳое, ки дар кӯдакони хурд пайдо мешаванд, ҳамарӯза то ноил шудан ба танзиф (санатсия) пунксия карда мешаванд, бо воридсозии антибиотикҳо ба буғум, дар кӯдакони синнашон калонтар бошад обияткашонии хурд ё артротомияи сарфакоронаро амалӣ месозанд.

Дар мавриди мавҷудияти  артрит, хусусан хавфнок, дар буғуми косӣ-ронӣ  пунксияи буғум, тахлияи (эвакуатсияи) фасод, шустан бо маҳлулҳои антисептикӣ, воридсозии антибиотикҳо гузаронида мешавад.

Ҷамъшавии фасод ҳангоми пунксияҳои 2-3-юм, барои обияткашонӣ тавассути найча бо шустан ва воридсозии антибиотикҳо 2 маротиба дар як шабонарӯз нишондод мебошад.

VII. МУОЛИҶАИ  БАЪДИҶАРРОҲӢ.

Таъсиррасонӣ ба  макроорганизм мубориза бо заҳролудӣ (интоксикатсия) (муолиҷаи инфузионӣ, нурзанонии ултрабунафши хун), дастгирӣ ва барангезонидани қувваҳои муҳофизатии вуҷуд (муолиҷаи масунии таъвизӣ, истифодабарии  иммуномодуляторҳо), муолиҷаи алоимӣ (оксигенотерапия, устуворсозии нишондиҳандаҳои ҳемодинамика, коррексияи вайроншавиҳои  метаболизм), муолиҷаи камҳассоскунанда (десенсибилизатсиякунанда), витаминотерапияро дар бар мегирад. Ҳаҷми ин чорабиниҳо аз ифоданокии вокуниши системавии вуҷуд ба сироят вобаста мебошад.

Таъсиррасонӣ ба  микроорганизм бо роҳи гузаронидани  антибиотикотерапияи  оқилона амалӣ гардонида мешавад. Дар мавриди шаклҳои тааффунӣ – чиркхунии (септико-пиемии) ОШҲ доругиҳои интихобӣ сефтриаксон 50-100 мг/кг + метронидазол  15 мг/кг мебошанд. Дар мавриди шаклҳои ҷузъии ОҲ доругиҳои интихобӣ сефтриаксон 50-100 мг/кг мебошад. Таъсиррасонӣ ба лонаи илтиҳоб аз гузаронидани муолиҷаи ҷузъии зиддимикробӣ (муолиҷаи дохилилонавии ибтидоӣ: линкомитсин, диоксидин) иборат мебошад. Давомнокиаш  - 3-4 ҳафта, доругиҳоро сари ҳар  7-10 шабонарӯз мувофиқи антибиотикограмма иваз намудан лозим аст.

Устуворсозии оқилонаи (пурраи, ратсионалии) қисми бо  остеомиелит иллатнокшуда.

Мӯҳлатҳои миёнаи  иммобилизатсия барои кӯдакони синнашон калонтар - 2 - 3 моҳ, барои навзодон - 3 - 4 ҳафта мебошад.

Физиотерапия.

Дар  6 шабонарӯзҳои аввал УВЧ таъйин карда мешавад, минбаъд дар давоми 10 рӯз - магнитотерапия, сипас - электрофорез бо антибиотикҳо, хлориди  калтсий.

VIII. ТАДБИРҲОИ РЕАБИЛИТАТСИОНӢ.

Принсипҳои асосии реабилитатсияи кӯдакони ОШҲ  дошта муолиҷаи марҳилавии маҷмӯӣ ва  диспансерикунонӣ мебошад. Пас аз ҷавоб шудан аз бемористон дар шароити дармонгоҳӣ варзиши муолиҷавӣ,  масҳ, гармобашифоӣ (балнеотерапия), санатсияи лонаҳои сирояти музмин (бемориҳои фасодӣ-илтиҳобии пӯст, бодомакҳои ҳалқ, гӯшу дандонҳо ва ғ.) гузаронида мешавад. Муолиҷаи зиддитакроршавиро (зиддиретсидивиро) соле 2 маротиба  (баҳору тирамоҳ), маҷмӯи чорабиниҳои зерин: витаминотерапия, иммуномодуляторҳо, муолиҷаи камҳассоскунанда (десенсибилизатсиякунанда), ҳамчунин электрофорез бо антибиотикҳо, магнито- ва лазеротерапияро истифода бурда, гузаронидан мувофиқи мақсад мебошад. Таҳқиқоти назоратии  клинико-рентгенологӣ пас аз 3 - 6 моҳи баъди ҷавобшавӣ аз бемористон, минбаъд  - як маротиба дар  12 моҳ дар муддати  3 сол гузаронида мешавад. То охири давраи рушд (сабзиш) кӯдаки ОҲ –ро аз сар гузаронида бояд дар зери назорати духтури ҷарроҳ ё осебшиноси  (раддоди, ортопеди) кӯдакона қарор дошта бошад.

Ҳангоми баромадагии рон, пас аз бартарафсозии падидаҳои илтиҳобӣ якҷоя бо ортопед кӯшиши ҷобаҷокунии такрории баромадагӣ, бо иммобилизатсияи минбаъада  амалӣ гардонида мешавад.

Адабиётҳо:

1. Акжигитов Г.Н., Юдин. Я.Б. //Гематогенный остеомиелит.– М.: Ме-дицина, 1998г. , 288 стр.

2. Цуман В.Г., Машков А.Е., Щербина В.И. и соавт. //Детская хирур-гия.- 2000г. №1. Стр.16-20.

3. Шалыгин В.А., Солнышко А.П., Бочаров Р.В., Шалыгин А.В. //Педиатрическая анестезиология и интенсивная терапия: Материалы II Рос. конгр. М., 2003г.  Стр. 322-324. 

← Библеотека

Табибони мо

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

    30
    Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич

    ходими илми

    37
    Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна

    ҳодими илм

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

    20
    Холиқов Зиёратшо Ҳукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5