МУОЛИҶАИ КРИПТОРХИЗМ ДАР КӮДАКОН

Берунории файл

ПРОТОКОЛИ № 24

МУОЛИҶАИ  КРИПТОРХИЗМ ДАР КӮДАКОН

I. РАМЗИ ТББ-10 - Q 53

II. ШАКЛҲОИ КЛИНИКӢ: - таваққуфи (таъхири, ретенсияи) байза (қадкашакӣ, шикамӣ, батнӣ);

 - эктопияи (беҷошавии, ҷойивазкунии) байза (қадкашакӣ, чатанӣ, ронӣ, косӣ);

  - нафаромадани яктарафаи байза;

  - нафаромадани дутарафаи байза;

III. ТАШХИСОТ ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ:

- ҳолномаи тиббӣ (анамнез) (мавҷуд набудани байза дар байзадон);

- азназаргузаронӣ ва  палпатсияи шикам, қитъаҳои қадкашакӣ, байзадон;

- таҳқиқоти фавқуссадоии қитъаҳои қадкашакӣ ва байзадон;

- маслиҳатдиҳии духтури эндокринолог дар мавриди иллатёбии дутарафа, хусусан дар заминаи вайроншавии ҳолати дохилусоравии (эндокринии) кӯдак.

IV. МУОЛИҶА ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ:

 - назорат то синни  9-моҳагӣ;

 - равон намудан ба муолиҷаи ҷарроҳӣ (синни муносибтарини коррексияи ҷарроҳии нуқсони инкишофи мазкур синни 9-12 - моҳагӣ, синни ҷоиз - 1,5 сола).

V. ТАШХИСОТ ДАР МАРҲИЛАИ ГОСПИТАЛӢ:

5.1.Чорабиниҳои ҳатмии ташхисӣ: ҳамаи чорабиниҳои  марҳилаи тогоспиталӣ ва таҳлили умумии хун, таҳлили умумии пешоб, таҳлили хун барои қанд, таҳқиқоти фавқуссадоии қитъаҳои қадкашакӣ, шикам, байзадон.

5.2. Чорабиниҳои иловагии ташхисӣ:

- томографияи компютерӣ;

- лапароскопия;

- маслиҳатдиҳии духтури эндокринолог (дар мавриди мавҷудияти алоимҳо (синдромҳо), ки яке аз аломатҳои онҳо  крипторхизм мебошад, мисол, алоимҳои Prune-Bella, Noonan, Кляйнфелтер, Даун ва дигарҳо).

VI. МУОЛИҶАИ ҶАРРОҲӢ – ҷарроҳии нақшаии поёнфарории байза дар мавриди муқаррарсозии ташхис. Услуби  коррексияи ҷарроҳии крипторхизм бо методи (услуби)  Соколов тавсия карда мешавад.

Дар мавриди кӯтоҳ будани пояки  рагии байза, поёнфарории узв бо зери рагҳои фавқишикамӣ (эпигастралӣ) ё ҷойивазкунии марҳилавии он пешниҳод карда мешавад.

VII. МУОЛИҶАИ БАЪДИҶАРРОҲӢ:

- захмбандиҳо бо иваз намудани бандинаҳои асептикӣ;

- витаминотерапия бо мақсади барангезиши функсияи  гонадотропӣ (витаминҳои А, С, В1, В6, Е);

- муолиҷаи масуниятбарангезанда (масунияттақвиятдиҳанда, иммуномодулятсиякунанда) бо мақсади мустаҳкамкунии сохторҳои садди (монеаи) ҳематотестикулярӣ (аспирин 50 мг/кг дар муддати 15 рӯз ва  квертсетин);

- оксигенотерапия (сеансҳои оксигеникунонии ҳипербарӣ (ГБО), дар реҷаи 1,5 атм бо давомнокии  20 дақиқа ҳамарӯза дар муддати 4-5 рӯз);

- муолиҷаи аломатӣ (бедардсозӣ, оромибахш, камҳассоскунанда (десензибилизатсиякунанда));

- гирифтани кӯкҳо дар шабонарӯзҳои 6-7 - ум.

VIII. НАЗОРАТИ ДИСПАНСЕРӢ – соле 2 маротиба дар давоми  5 сол, новобаста аз шикоятҳои бемор ва падидаҳои болинӣ.

Адабиётҳо:

  1. Козулина Н.В. Комплексная оценка результатов хирургического лечения крипторхизма у детей. Дисс. кан. мед. наук. Москва – 2002г.
  2. Пугачев А.Г. Крипторхизм у детей. Москва – 1993г.

← Библеотека

Табибони мо

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

    8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

  • 28
    Ахмедчонова Малика Шамсидиновна

    ходими илмии Муассиса давлатии «Маркази љумњуриявии илмию клиникии педиатрї ва љарроњии кўдакона»

    29
    Солиева Лола Мирсаидовна

    ходими илмии Муассисаи давлатии «Маркази љумњуриявии илмию клиникии педиатрї ва љарроњии кўдакона»

    30
    Рањмонќулов Кишвар Абдуњалимович

    Сардмуњосиби Муассиса давлатии «Маркази љумњуриявии илмию клиникии педиатрї ва љарроњии кўдакона»

  • 16
    Магзумов Дилшод Рахмонходжаевич

    Роҳбари шӯъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёгарии навзодон

    11

    рохбари шуъбаи кадрхо

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

  • 20
    Холиков Зиератшо Хукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

    33
    Файзуллоев Субҳон Убайдович

    Духтури ординатори шӯъбаи торакоабдоминалӣ МД ММТ ҶТ. “Шифобахш”

    21
    Бакиева Гульбахор Тавмановна

    Мудири шуъбаи илм

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5