МУОЛИҶАИ НУҚСОНҲОИ ИНКИШОФИ АНОРЕКТАЛӢ ДАР КӮДАКОН

Берунории файл

ПРОТОКОЛИ № 23

МУОЛИҶАИ НУҚСОНҲОИ ИНКИШОФИ АНОРЕКТАЛӢ ДАР КӮДАКОН

I. РАМЗИ  ТББ - Q 42; Q 43.

II. НОМИ БЕМОРӢ – НУҚСОНҲОИ ИНКИШОФИ АНОРЕКТАЛӢ.

    Таснифоти нуқсонҳои инкишофи аноректалӣ:

-Атрезияҳои мақъад ва мустақима  бе носурҳо;

- Атрезияҳои мақъад ва мустақима  бо носурҳо;

- Сӯрохии нимпӯшидашудаи мақъад.

III. МУОЛИҶА ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ:

           а) мустасно намудани ғизодиҳӣ;

           б) обияткашоникунонии таъҷилии меъда;

           в) интиқолдиҳии бемор ба беморхонаи махсусгардонидашуда.

IV. ТАШХИСОТ ДАР МАРҲИЛАИ ГОСПИТАЛӢ:

1. Навзодони аномалияҳои  аноректалӣ дошта:

а) азназаргузаронии минтақаи чатан;

б) дар мавриди мавҷуд набудани сӯрохии мақъад ва носурҳои намоён (чатанӣ, даҳлезӣ (вестибулярӣ), маҳбалии ҷойгиршавиаш паст) иҷро карда мешавад:

- инвертография бо усули Вангенстин-Какович-Рисс, пас аз 18-20 соати таваллудшавӣ;

- таҳқиқоти фавқуссадоии чатан барои муайян намудани баландии  атрезияи мустақима.

в) таҳқиқоти фавқуссадоии узвҳои ковокии шикам, фазои пасисифоқӣ, қафаси сина, мағзи сар барои ташхиси касолати пайваста (омехта).

2. Маҳакҳои асосии клиникӣ барои ташхиси норасоиҳои  аноректалӣ:

а) мавҷуд набудани сӯрохии мақъад;

б) мавҷудияти носурҳои касолатӣ дар даҳлези (даромадгоҳи) маҳбал, дар чатан;

в) ихроҷи наҷосат ва газ аз маҳбал ва маҷрои пешоброҳа;

д) мавҷуд будан ё набудани чуқурии қифшакл ва пигментатсияи пӯст дар ҷойи исти (макони) лозимии мақъад (анус);

е) ченкунии масофаи байни дӯнгиҳои нишастгоҳӣ;

ж) мавҷудияти сӯрохии ягона дар чатан дар мавриди атрезияи шакли клоакалии мақъад.

з) мавҷудияти  "халташавии (фурӯ хамидани) қаъри кос”.

3. Ташхиси лаборатории ҳатмӣ: таҳлили клиникии хун, пешоб; таҳлили биокимиёии хун; коагулограмма; гурӯҳи хун, резус-омили хун.

4. Ташхиси олотии ҳатмӣ:

а) инвертография бо усули Вангенстин-Какович-Рисс;

б) таҳқиқоти фавқуссадоии чатан барои муайян намудани баландии  атрезияи мустақима;

в) уретросистография, систография, колпоскопия – тадбирҳои иловагии ташхисӣ;

г) томографияи компютерии чатан.

5. Маслиҳатдиҳиҳои ҳатмии мутахассисон:

- педиатр;

- анестезиолог-реаниматолог.

6. Услубҳои ташхисии иловагӣ, маслиҳатдиҳиҳои иловагӣ.

V. МУОЛИҶАИ ҶАРРОҲӢ.

1. Омодасозии қаблиҷарроҳӣ: қавигардонии ҳолати умумӣ ва  коррексияи тағйиротҳои дувумини мубодилаи моддаҳо:

- ғизои парҳезӣ бо доштани миқдори камтарини дажғолҳо, бо сафедаҳо ва  витаминҳо бойбуда, инпитҳои сафедаӣ ва витаминӣ, ки дорои витаминҳои А, Е, D, С, РР, В1, В2, В5, В6, В12, биотин ва моддаҳои минералӣ: калтсий, фосфор, калий, натрий, магний, мис, манган, оҳан, руҳ, йод, селен мебошанд; арзишнокии энергетикиаш  1884 - 2177 кҶ – ро ташкил медиҳад;

- детоксикатсия - энтеросорбсия (сорбентҳои ангиштии навъи СКН, аз ҳисоби  1 г/кг вазни бадан дар кӯдакони то  1-сола ва  3 г/кг дар кӯдакони аз  1 – сола калонтар. Энтеросорбсияҳоро дар давоми   10 рӯз, якҷоя бо муолиҷаи ферментӣ  (фестал,  панкреатин, мезим-форте, креон) ва  деконтаминатсияи (безараргардонии) селективӣ бо истифодабарии  аминогликозидҳо, сефалоспоринҳо 4 шабонарӯз қабл аз ҷарроҳӣ per os, зери назорати таҳлили наҷосат барои дисбактериоз гузаронидан лозим аст,  ​​30 дақиқа қабл аз оғози ҷарроҳӣ яккарата бо усули дохиливаридӣ вояи  антибиотикҳои қатори сефалоспориниро ворид намудан;

- муолиҷаи зиддизанбӯруғӣ – доругиҳои фунгитсидӣ (леворин, низорал);

- муолиҷаи дисбактериоз - эубиотикҳо, бифидум-колибактерин;

Доругиҳо дар вояҳои синнӣ истифода бурда шаванд, ҳамчунин вобаста аз ҳолати ҳар як бемори алоҳида.

2. Муолиҷаи ҷарроҳӣ:

Намудҳои нуқсонҳои инкишофи аноректалӣ. Мӯҳлатҳои муолиҷаи ҷарроҳӣ.

Усулҳои муолиҷаи ҷарроҳӣ:

  • атрезияи мақъад ва мустақима бе носурҳо – проктопластикаи сифоқӣ-чатанӣ, дар мавриди ҳолати вазнин – сигмостомияи проксималӣ.

Сӯрохии нимпӯшидаи мақъад аз шабонарӯзҳои  2-юми ҳаёт – бурида гирифтани ғишои (мембранаи) мақъад.

Атрезияи мақъад ва мустақима бо носурҳо - васеъсозии носур (милзанӣ (“бужирование”)).

Писарбачаҳои аз  6 то 12 моҳа -  проктопластикаи чатанӣ.

Нуқсони даромадгоҳи маҳбал аз 6 то12 - моҳа проктопластикаи чатанӣ.

Нуқсони маҳбал (дар сеяки поёнӣ) - аз рӯзи  2 – юми ҳаёт– колостомияҳо.

Нуқсон дар бачадон  - аз рӯзи  2 – юми ҳаёт – колостомияҳо.

Нуқсон дар қисми простатии пешоброҳа - аз рӯзи  2 – юми ҳаёт– колостомияҳо.

Нуқсон дар шошадон - аз рӯзи  2 – юми ҳаёт – колостомияҳо.

Дар мавриди атрезияи шакли клоакалии мақъад ва мустақима - аз рӯзи  2 – юми ҳаёт – колостомияи ҷудокунанда ба чархакрӯдаи поёнраванда.

VI.  МУОЛИҶАИ БАЪДИҶАРРОҲӢ.

Пас аз анҷоми амалиёти ҷарроҳӣ, бемор ба шӯъбаи эҳёгарӣ ва муолиҷаи вусъатнок гузаронида мешавад.

Васоити доругӣ – муолиҷаи инфузионии алоимӣ, ғизои парентералӣ, ғизои муолиҷавии  энтералӣ аз шабонарӯзи 2-юми баъди ҷарроҳӣ (инпитҳои сафедаӣ,  витаминӣ).

Муолиҷаи маҷмӯии  антибактериявӣ дар давоми  10 шабонарӯз (ампиокс, метрагил).

Мавқеи кӯдак: ба тахтапушт, пойҳо дар ҳолати дуркардашуда устувор карда шудаанд, бо парпечҳо дар дастакҳои паҳлӯии кат овезонкардашуда, дар зери суринҳо болиштаки нарм. Нигоҳубини захм: ду захмбандии ҳатмӣ дар як рӯз, бо покизасозии захм тавассути маҳлулҳои антисептикӣ (маҳлули 1,5%  йод, маҳлули  70%  спирти этилӣ), иваз намудани бандинаҳо ва покизасозии захм тавассути маҳлулҳои  антисептикҳо. Профилактикаи стенози мақъад: милзании (“бужирование») неоанус, ионофорез бо доругиҳои фурӯнишонанда (ҷаббонанда), нурзанонии неоанус бо фавқуссадо аз рӯзи  9- уми баъди ҷарроҳӣ.

Тамрини нави рӯда, ҳосилкунии майл ба дафъи фазла (дефекатсия): холикунии мунтазами рӯда бо ёрии имолаҳои тозакунанда ва контрастии машқӣ (тамринӣ), ки аз рӯзи  30-юми марҳилаи баъдиҷарроҳӣ сар карда мешавад, пайдарҳам  20-30 рӯз. Ҳамзамон водор намудани кӯдак ба иҷрои “машқ барои нигаҳ доштан”: аввал кӯдакро барои нигаҳ  доштани  100-150 мл моеот водор намудан, сипас миқдори моеотро то пайдо шудани майли наҷосаткунӣ зиёд намудан. Рӯдаро қисм-қисм холӣ кардан, ки барои ин кӯдакони хурдро сари чанд вақт (вақт-вақт, такрорӣ) аз болои тубак бардоштан лозим аст. Давомнокии муолиҷаи баъдиҷарроҳӣ ба ҳисоби миёна 2 моҳро ташкил медиҳад.

VII. ТАДБИРҲОИ РЕАБИЛИТАТСИОНӢ.

Гузаронидани чорабиниҳои муолиҷавӣ-тарбиявӣ, варзиши муолиҷавӣ, муолиҷаи физиотерапевтӣ.

Варзиши муолиҷавӣ солимиро қавӣ мегардонад, инкишофи ҷисмониро беҳтар менамояд, имкониятҳои вазоифии (функсионалии) системаи ҳозимаро васеъ менамояд,  ҳамзамон бо гузаронидани масҳи муолиҷавии девораи пеши шикам бо рафти пассажи мӯҳтавии рӯда имконпазир мебошад. Барои мустаҳкам намудани дастгоҳи ҳалқамушакӣ (сфинктерӣ) варзиши (гимнастикаи) муолиҷавии ҷузъӣ (машқдиҳии ҳалқамушак) истифода бурда мешавад:  ба мақъад найчаи резинии диаметраш тақрибан  2 см бударо, ба чуқурии 4-5 см ворид месозанд ва аз кӯдак хоҳиш менамоянд, ки онро бо ҳалқамушак (сфинктер) фишор (тазйиқ) диҳад, аз 3-5 кашишдиҳиҳо сар карда, тадриҷан то ба  25-30 кашишдиҳиҳо мерасонанд. Пас аз ин машқҳо кӯдак бояд бо найча гашта истода, онро дар муддати 5 дақиқа нигаҳ дорад.

 

Адабиётҳо:

  1. Баиров Г.А., Островский Е.А. Хирургия толстой кишки у детей.  Л: Медицина, 1974г. 70 стр.
  2. Баиров Г.А. Хирургия пороков развития у детей.  Л: Медицина, 1968г. 688 стр.
  3. Баиров Г.А. Неотложная хирургия новорожденных.  Л. 1963г.
  4. Баиров Г.А., Дорожевский Ю.Л.,  Немирова Т.К. Атлас  операций у новорожденных.  Л. 1984г.

← Библеотека

Табибони мо

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

    8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

  • 28
    Ахмедчонова Малика Шамсидиновна

    ходими илмии Муассиса давлатии «Маркази љумњуриявии илмию клиникии педиатрї ва љарроњии кўдакона»

    29
    Солиева Лола Мирсаидовна

    ходими илмии Муассисаи давлатии «Маркази љумњуриявии илмию клиникии педиатрї ва љарроњии кўдакона»

    30
    Рањмонќулов Кишвар Абдуњалимович

    Сардмуњосиби Муассиса давлатии «Маркази љумњуриявии илмию клиникии педиатрї ва љарроњии кўдакона»

  • 16
    Магзумов Дилшод Рахмонходжаевич

    Роҳбари шӯъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёгарии навзодон

    11

    рохбари шуъбаи кадрхо

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

  • 20
    Холиков Зиератшо Хукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

    33
    Файзуллоев Субҳон Убайдович

    Духтури ординатори шӯъбаи торакоабдоминалӣ МД ММТ ҶТ. “Шифобахш”

    21
    Бакиева Гульбахор Тавмановна

    Мудири шуъбаи илм

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5