МУОЛИҶАИ НОСУРҲОИ НОФ

Берунории файл

ПРОТОКОЛИ № 22

МУОЛИҶАИ  НОСУРҲОИ  НОФ

I. РАМЗИ ТББ-10-Q 64.4; К 63.2

II. ШАКЛҲОИ  КЛИНИКИИ  НОСУРҲОИ  НОФ

- носури комили (пурраи) найчаи (маҷрои) зардӣ (“желточный”); носури нопурраи найчаи (маҷрои) зардӣ;

- носури комили (пурраи) найчаи (маҷрои) пешобӣ; носури нопурраи найчаи (маҷрои) пешобӣ.

III. АЛОМАТҲОИ КЛИНИКӢ:

3.1. Мавҷуд набудани сиҳатёбии захми ноф, пас аз афтодани танобаки ноф дар навзод ва дар давоми соли аввали ҳаёт, ихроҷи мӯҳтавии рӯда, пешоб дар мавриди носури пурраи маҷрои  зардӣ ё пешобӣ, ихроҷи зардобӣ аз чуқурчаи ноф дар мавриди носурҳои нопурра.

Аворизи носурҳои пурра: пӯлашавӣ (матсератсия ва сироятёбии пӯст), сироятёбии роҳҳои шошабарор, пайдошавии  омфалит.

3.2. Ташхисоти тафриқавӣ бо:

-  омфалити дабилаӣ (флегмонӣ);

-нофи тарак;

- фунгус;

- оҳаксории (“калтсинози”) ноф.

3.3. Аниқкунии ташхис дар мавриди амалкунии бардавоми носури ноф бо роҳи сандзанӣ, воридсозии индигокармин ҳангоми самти носур ба поён бо назорат намудани ранги пешоб,  рентгенографияи паҳлӯии девораи шикам дар мавриди мавҷудияти порачаҳои оҳакӣ дар чуқурчаи ноф.

IV. МУОЛИҶА:

4.1. Муолиҷа дар марҳилаи тогоспиталӣ. Нигоҳубини ҷиддии захми ноф, бо покизасозии он тавассути маҳлули пероксиди ҳидроген, маҳлули  3%  йод,  перманганати калий. Дар мавриди пӯлашавии пӯст, муҳофизати он бо хамираи руҳ, хамираи  Лассар.

Дар мавриди бесамарагии муолиҷаи ғайриҷарроҳӣ, ин нишондод ба муолиҷаи ҷарроҳӣ мебошад.

 

4.2. Омодасозии ҷарроҳӣ дар шӯъбаи ҷарроҳияи кӯдакона амалӣ гардонида мешавад ва муолиҷаи аворизи илтиҳобӣ,  коррексияи вайроншавиҳои мавҷудаи ҳолати умумии беморро (анемия, ҳипотрофия, дисбактериоз) дар бар мегирад.

4.3. Дар мавриди носури пурраи маҷрои зардӣ мудохилаи ҷарроҳӣ дар давоми моҳи аввали ҳаёт гузаронида мешавад (ҷудо кардани носур аз бофтаҳои чуқурчаи ноф ва рӯдаи тиҳигоҳӣ); маҳкам нашудани маҷрои пешобӣ, дар мавриди ба миқдори ночиз ихроҷ шудани пешоб дар синни  3-6 –моҳагӣ бояд амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шавад, ихроҷи калони пешоб, падидаҳои  пиелосистит мудохилаи бармаҳали ҷарроҳиро тақозо менамоянд (ҷудо кардани маҷрои пешобӣ то шошадон).

4.4. Муолиҷаи баъдиҷарроҳӣ: антибиотикотерапия (ампиокс вояноккунонии синнӣ), бедардсозӣ, муолиҷаи  инфузионӣ ва ғизодиҳии парентералӣ дар мавриди  резексияи калони рӯда.  Дар беморони дар рӯдаашон мудохилаи ҷарроҳӣ гузарониданашуда, барқарорсозии ғизодиҳии  энтералӣ бо мурури бартарафшавии нимфалаҷи (парези) рӯда амалӣ гардонида мешавад. Кӯкҳо дар шабонарӯзҳои 7-8 – ум гирифта мешаванд.

V. НАЗОРАТИ ДИСПАНСЕРӢ ТО 6 МОҲ.

 

Адабиётҳо:

  1. Исаков Ю.Ф., Степанов Э.А., Красовская Т.В. Абдоминальная хирургия у детей.  М: Москва, 1988г. 41с.

Исаков Ю.Ф. Детская хирургия.  Москва, 1983г. 407с.  

← Библеотека

Табибони мо

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

    30
    Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич

    ходими илми

    37
    Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна

    ҳодими илм

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

    20
    Холиқов Зиёратшо Ҳукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5