ТАШХИСОТ ВА МУОЛИҶАИ ОБВАРАМИ (ИСТИСҚОИ) БАЙЗА ВА ТАНОБАКИ МАНИГУЗАР

Берунории файл

ПРОТОКОЛИ № 21

ТАШХИСОТ ВА МУОЛИҶАИ ОБВАРАМИ (ИСТИСҚОИ) БАЙЗА ВА ТАНОБАКИ МАНИГУЗАР

I. РАМЗИ ТББ-10-N43.3

II.НОМИ БЕМОРӢ - ОБВАРАМИ (ИСТИСҚОИ) БАЙЗА ВА ТАНОБАКИ МАНИГУЗАР

Обварами (истисқои) пардаҳои байза ва танобаки манигузар дар кӯдакон модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. Вай метавонад ҷудогона ё  бо ковокии шикам алоқадошта бошад. Аз рӯйи равиши клиникӣ ду шакли ин касолатро ҷудо мекунанд – шадид ё музмин.

III. ТАШХИСОТ ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ:

1) падидаҳои клиникии обварами (истисқои) байза ва танобаки манигузар  - калоншавии андозаи як нимаи байзадон;

2) обварам (истисқо) қивоми (консистентсияи) суфта (ҳамвор), нарм ва чандирро (эластикиро) дорад;

3) палпатсияи ҳидротселе дар кӯдакон ҳиссиёти дардиро ба амал намеорад, дар ин маврид  флюктуатсия (лиқ-лиқкунӣ) муайян  карда мешавад;

5) диафаноскопия аломати рӯшноигузаронии мӯҳтавии обварами (истисқои) байза ё танобаки манигузарро ошкор месозад.

Дар мавриди обварами (истисқои) байза, ки бо ковокии шикам алоқа дорад, андозаҳои байзадон  дар мавқеи дарозкашидагӣ ё каме фишор додани ҳидротселе хурд мешаванд. Калоншавии он дар мавриди сарбории (афзунбории) ҷисмонӣ қайд карда мешавад.

Обварами (истисқои) байза дар натиҷаи осебёбӣ ё илтиҳоби байза (орхит) ё илтиҳоби  танобаки манигузар (фуникулит) пайдо мешавад, ки ба он маълумотҳои шарҳиҳолӣ (ҳолномавӣ) нишон медиҳанд. Дар ин мавридҳо аломатҳои рӯшноигузаронӣ аз боиси ғафсшавии пардаҳои байза дар натиҷаи илтиҳоб ё ҷамъшавии хун ё мӯҳтавии илтиҳобӣ дар ковокии пардаҳо,  метавонанд манфӣ бошанд.Чунин беморон ба таҳқиқоти иловагии фавқуссадоӣ мӯҳтоҷ мебошанд.

IV. МУОЛИҶА ДАР  МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ.

Обварами (истисқои) модарзодӣ дар кӯдакони то 2-сола бештар ғайриихтиёрӣ (нохост) нест мешавад. Мавҷуд набудани мутамоилӣ ба хурдшавии андозаҳои обварами (истисқои) байза ё афзоишёбии тарангии он  барои гузоштани масъалаи коррексияи ҷарроҳӣ имконият медиҳад.

Кӯдаконе, ки дар онҳо новобаста аз синн обварами (истисқои) пардаҳои байза  ва ҷузъиёти (аксессуарҳои) он шадидан инкишоф ёфтаанд ё аз  боиси раванди шадиди илтиҳобӣ, осеби байзадон ва ҷузъиёти он инкишоф ёфтааст, бояд оҷилан ба шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи кӯдакона равон карда шаванд.

Дар мавриди  ба таври нақшавӣ ба шӯъбаи ҷарроҳӣ равон карда шудани кӯдакон, дар шароити дармонгоҳӣ пас аз санатсияи лонаҳои сирояти музмин таҳқиқоти (муоинаи) бемор гузаронида мешавад.

Таҳқиқоти умумӣ:

• таҳлили умумии хун бо муайян намудани нишондиҳандаҳои вақти лахташавии хун;

• таҳлили умумии пешоб;

• ЭКГ;

• натиҷаҳои кишт барои мавҷудияти  BL-флора;

V. ТАШХИСОТ ДАР МАРҲИЛАИ ГОСПИТАЛӢ:

1) маҳакҳои (критерийҳои) асосии клиникии обварами (истисқои) байза ва ҷузъиётҳо ба монанди онҳое, ки дар кӯдакон дар марҳилаи тогоспиталӣ вомехӯранд;

2) таҳқиқоти фавқуссадоии байзадон.

VI. МУОЛИҶАИ ҶАРРОҲӢ.

Омодасозии қаблиҷарроҳӣ дар арафаи ҷарроҳӣ аз ҷониби духтури  анестезиолог таъйин карда мешавад.

Дар мавриди муолиҷаи ҷарроҳии обварами (истисқои) пардаҳои  байза  услуби ҷарроҳии Росси афзалтар шуморида мешавад.

VII. МУОЛИҶАИ БАЪДИҶАРРОҲӢ:

1) дар шабонарӯзи якум – ғизои парҳезии моеъ,

2) дар шабонарӯзҳои дигар – ба роҳ гаштан сар мекунанд, ғизои парҳезӣ то ба муқаррарӣ васеъ карда мешавад.

Дар мавриди равиши хуби давраи баъдиҷарроҳӣ, кӯдаконро аз беморхона дар рӯзи якуми баъди ҷарроҳӣ ҷавоб медиҳанд. Дарзҳои захм дар шабонарӯзи  6- уми баъди ҷарроҳӣ гирифта мешаванд.

Азназаргузарониҳои назоратиро баъди ҷарроҳӣ пас аз  3 ва 6 моҳ мегузаронанд.

Адабиётҳо:

  1. Пугачев А.Г. Детская урология.  Москва,  2009г. 628с.
  2. Исаков Ю.Ф., Дронова А.Ф. Детская хирургия. Национальное руководство.  Москва,  2009г. 690 стр.

← Библеотека

Табибони мо

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

    30
    Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич

    ходими илми

    37
    Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна

    ҳодими илм

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

    20
    Холиқов Зиёратшо Ҳукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5