МУОЛИҶАИ ЧУРРАҲОИ ҚИССИШУДАИ ҚАДКАШАКӢ

Берунории файл

ПРОТОКОЛИ № 20

МУОЛИҶАИ ЧУРРАҲОИ ҚИССИШУДАИ ҚАДКАШАКӢ

  1. ТББ-10 - К 43.0.
  2. НОМИ БЕМОРӢ: ЧУРРАҲОИ ҚИССИШУДАИ ҚАДКАШАКӢ

       III. АЛОМАТҲОИ КЛИНИКӢ.

Дар кӯдакони синни бармаҳал чурраи қиссишудаи қадкашакӣ дар бештари мавридҳо мустақилан баргашта ҷо ба ҷо мешавад, узвҳои қиссишуда бошанд, ниҳоят кам мубталои тағйиротҳои бозгаштнопазир  мешаванд.

Чурраи қиссишудаи қадкашакӣ аз рӯйи дарди ногаҳонӣ дар  минтақаи қадкашак ё дар тамоми шикам ташхисгузорӣ карда мешавад, дардро барҷастагӣ дар минтақаи қадкашак ҳамроҳӣ менамояд, ки метавонад ба байзадон фарояд ва ба ковокии шикам баргашта намедарояд.  Баъзан дар ин маврид дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ пайдо мешавад. Дар мавриди таҳқиқоти объективӣ ҳалқаи берунии қадкашакӣ фарқ (ҷудо) карда намешавад. Дар мавриди чурраи қиссишудаи қадкашакӣ  ё гумонбарӣ ба қиссишавӣ, беморро фавран ба беморхона бистарӣ кардан зарур мебошад. Кӯшиши ба зӯрӣ ҷо ба  ҷо намудани барҷастагии чуррагӣ ба ковокии шикам мумкин нест.

IV. МУОЛИҶА  ДАР  МАРҲИЛАИ  ТОГОСПИТАЛӢ.

Мувофиқи мақсад нест, чунки самти  этиопатогенезӣ надорад.

Чурраи қиссишудаи қадкашакии зиёда аз  12 соат вуҷуддошта - ин нишондод ба  мудохилаи фаврии ҷарроҳӣ мебошад.

V. ОМОДАСОЗИИ ҚАБЛИҶАРРОҲӢ.

- таҳқиқоти лаборатории хун ва пешоб;

- муайян намудани гурӯҳи хун ва  резус-омил;

- рентгенографияи ковокии шикам (бо деринагии зиёди беморӣ);

- муолиҷаи инфузионӣ бо мақсади коррексияи тағйиротҳои обӣ-электролитӣ ва сафедаӣ ва безаҳргардонӣ (дезинтоксикатсия) дар мавриди аломатҳои ногузарогии рӯда ва перитонит.

  VI. МУОЛИҶАИ ҶАРРОҲӢ.

 Моҳияти ҷарроҳӣ аз чок кардани ҳалқаи қиссикунанда иборат мебошад, ҷӯяки странгулятсиониро ба назар гирифта истода ва дар мавриди қобилияти ҳаёт будани узви қиссишуда баргашта андохтани он ба ковокии шикам, ҷудо кардан, бахия кардан ва бурида гирифтани халтаи чурра ва барқарорсозии бутунии апоневроз бо роҳи дӯхта ба ҳам часпондани он бо усули “канор ба канор”.

Дар мавриди мавҷудияти мавтшавии узви қиссишуда, ба  лапаротомияи мобайнӣ мегузаранд ва ҷарроҳии куллиро (радикалиро) иҷро менамоянд.

Дар мавриди дар беморони чурраи қиссишудаи қадкашакӣ дошта мавҷуд будани бемориҳои ҳамрадифи вазнин (бемориҳои шадиди сироятӣ, норасоии қалбӣ, гурда ва ҷигар), ҳангоми деринагии на он қадар зиёд  (то 12 соат) кӯшиши муолиҷаи ғайриҷарроҳӣ имконпазир мебошад – воридсозии  доругиҳои ташаннуҷпасткунанда (спазмолитикҳо), гармӣ ба минтақаи қадкашак дар заминаи назорати мунтазами ҷарроҳ. Аммо дар мавриди  бесамарагӣ мудохилаи фаврии ҷарроҳӣ амалӣ гардонида мешавад.

VII. МУОЛИҶАИ  БАЪДИҶАРРОҲӢ.

- Доругиҳои  дардрафъсозанда мувофиқи нишондодҳо;

- Дар мавриди мавҷуд набудани қайкунӣ, таваққуфи мӯҳтавӣ дар меъда – ғизодиҳии энтералӣ аз шабонарӯзи  2 – юм;

- Гирифтани кӯкҳо дар шабонарӯзҳои  6 - 7 – ум.

VIII. НАЗОРАТИ ДИСПАНСЕРӢ.

Аз ҷониби духтурони ҷарроҳ ва педиатр дар давоми 1 моҳи баъдиҷарроҳӣ амалӣ гардонида мешавад.

Адабиётҳо:

  1. Исаков Ю.Ф., Степанов Э.А., Красовская Т.В. Абдоминальная хирургия у детей.  М: 1988г.
  2. Долецкий С.Я., Окупов А.Б. Паховые грыжи у детей. Хирургия,  1978г. №10 с.55.
  3. Баиров Г.А. Срочная хирургия детей.  СПБ. 1997г.  

← Библеотека

Табибони мо

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

    30
    Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич

    ходими илми

    37
    Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна

    ҳодими илм

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

    20
    Холиқов Зиёратшо Ҳукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5