МУОЛИҶАИ КӮДАКОНИ ЭНТЕРОКОЛИТИ МАВТӢ (НЕКРОЗӢ) ДОШТА

Берунории файл

ПРОТОКОЛИ № 19

МУОЛИҶАИ  КӮДАКОНИ  ЭНТЕРОКОЛИТИ  МАВТӢ (НЕКРОЗӢ) ДОШТА

I.РАМЗИ ТББ-10 - К 71.9

II.НОМИ БЕМОРӢ - энтероколити мавтӣ (некрозӣ) (ЭКМ) – ин илтиҳоби рӯдаи борик ва/ё ғафс, ки дар асоси он иллатнокшавии ишемикии девораи рӯда, бо минбаъда инкишофёбии тағйиротҳои ҳеморрагӣ ва решӣ-мавтӣ меистад. Аз нуқтаи назари клиникӣ ЭКМ метавонад дар шакли сабук ва ҳам вазнин гузарад ва бо мавтшавии девораи рӯда,  перитонит, тааффун (сепсис) оризанок шавад, ки сабаби фавтоварии баланд мебошад. Дар бештари мавридҳо раванди касолатӣ қитъаҳои калони рӯдаро фаро мегирад, аммо метавонад бо як қитъаи анатомӣ маҳдуд шавад, бештар қисми дисталии  рӯдаи тиҳигоҳӣ ё қисми поёнравандаи  рӯдаи ғафс, гоҳе иллатнокшавии қисми ибтидоии рӯдаҳои тиҳигоҳӣ ва рӯдаи ғафс мушоҳида мегардад.

III.ТАШХИСОТ ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ.

Маълумотҳои шарҳиҳолӣ (ҳолномавӣ): патологияи (касолати) ҳомиладорӣ, зоишҳо ва ҳолатҳои касолатии азсаргузаронидаи ҳам модар ва ҳам кӯдак (ҷудошавии қабливақтии машима (платсента), алоими (синдроми) часпакии баланди хун дар модар, бемории дӯлоби қандӣ, бемориҳои қалбӣ-рагии модар, қастаразании рагҳои  ноф, буғишавӣ (асфиксия), камоксигенӣ (ҳипоксия) ва диг.), таъсири манфии ғизодиҳии сунъӣ ба инкишофёбии ЭКМ, микрофлора қайд карда шудааст, омилҳои фармакологии хатар мавҷуданд, ки камхуншавии (ишемияи) девораи рӯда ё осебёбии  (иллатнокшавии) энтеротситҳоро  ба вуҷуд меоранд (тео- ва аминофиллин, вит. Е дар мавриди истифодабарии даҳонӣ, индометатсин, простагландин Е, маводи мухаддир), мудохилаҳои дар давраи навзодӣ азсаргузаронида-шуда.

          Аломатҳои клиникӣ. Беморӣ дар шабонарӯзҳои  5 – 14- уми пас аз таваллудшавӣ ё пас аз шабонарӯзҳои 4 – 6- уми баъди ҷарроҳии азсаргузаронидашуда, ҳангоме ки ғизодиҳии энтералӣ сар мешавад инкишоф меёбад. 4 марҳилаи бемориро ҷудо мекунанд.

          Марҳилаи І – рад намудани ғизо, парто-партокунӣ, қайкунӣ, рангпаридагӣ ва тобиши мармарӣ доштани пӯст, бодгирии шикам, ба палмосидани шикам кӯдак бо беқарорӣ ҷавоб медиҳад, садоҳои бенизоми перисталтикии рӯда  шунида мешавад, наҷосати зуд-зуд, мухотдор, аммо бе хунолудии намоён. Пас аз ҷарроҳӣ дар меъда таваққуфи мӯҳтавии он (стаз), таваққуфи ихроҷи газҳо ва наҷосат пайдо мешавад, калоншавии андозаҳои ҷигар ва сипурз ҷой дорад.

          Марҳилаи ІІ - марҳилаи заҳролудӣ (интоксикатсия) – ҳолати умумии  кӯдак вазнин, берангии ифоданоки пӯст, ноустувории ҳарорати бадан, нафастангӣ ё душвории нафасгирӣ (диспноэ), тахикардия ё ҳодисаҳои брадикардия, пастшавии таваттури (тонуси) мушакӣ, таваққуфи мӯҳтавии меъда, бодгирии шикам,  перисталтикаи якка ё вуҷуд надорад, палпатсияи шикам аз ҷониби кӯдак вокунишро ба амал меорад, наҷосат бо  омехтаи хун ва мухот.

          Марҳилаи ІІІ – вайроншавии функсияҳои ҳаётии вуҷуд - ҳолати умумии  кӯдак ниҳоят вазнин, нишонаҳои норасоии қалбӣ, нафаскашӣ, ҷигарӣ-гурдаӣ бартарӣ доранд, аз ҷониби узвҳои ковокии шикам нишонаҳои ногузарогии пурраи рӯда, бо хунравии меъдаӣ-рӯдаӣ, варамидани девораи пеши шикам, узвҳои таносулии берунӣ, пурхунии (ҳиперемияи) онҳо.

          Марҳилаи авориз - ҳолати умумии  кӯдак бӯҳронӣ, аломатҳои норасоии вазнини бисёрузвӣ (полиорганӣ) ҷой дорад, ки аз боиси  перитонити паҳнёфта, тааффун (сепсис), алоими лахташавии дохилирагии паҳнёфтаи хун (ДВС-синдром) ва  анурия ба вуҷуд меояд.

IV. МУОЛИҶА  ДАР  МАРҲИЛАИ  ТОГОСПИТАЛӢ.

Гузаронида намешавад. Гумонбарӣ ба ЭКМ барои бистаригардонии кӯдак ба шӯъбаи махсусгардонидашуда нишондод мебошад.

V. ТАШХИСОТ ДАР МАРҲИЛАИ  ГОСПИТАЛӢ.

Рентгенографияи хулосавии узвҳои ковокии қафаси сина ва шикам: бодгирии калони рӯда, мавҷудияти ҳалқаҳои сершумори васеъшудаи рӯда, ҷамъшавии  интрамуралии (дарунидевораии) ҳаво бо рафти рӯда, мавҷуд будани ҳалқаи беҳаракати рӯда дар  рентгенограммаҳои такрорӣ,  васеъшавии нимфалаҷии (парезии) меъда, ки ҳангоми мавҷудияти санд дар меъда маҳфуз мемонад, васеъшавии рӯдаи ғафс, пайдошавии рашҳа (тарашшӯҳ, экссудат) дар ковокии шикам, пневмоперитонеум дар мавриди сӯрохшавии (перфоратсияи) узви ковок.

          Таҳқиқоти фавқуссадоӣ (УЗИ): васеъшавии  сукунии (статикии) ҳалқаҳои рӯда, ки ҷойгиршавӣ ва шакли худро дар мавриди таҳқиқотҳои такрорӣ тағйир намедиҳанд, ошкорсозии ҳубобчаҳои ҳаво дар паси рафти рагҳои порталӣ ва лаҳмаи (паренхимаи)  ҷигар, мавҷудияти моеоти озод ё ташкилаи омосӣ дар ковокии шикам.

          Лапаросентез: дар мавриде, ки муқаррарсозии сабаби вазнинии ҳолати кӯдак имконнопазир мебошад.

VI.  НИШОНДОДҲО БА МУОЛИҶАИ ҶАРРОҲӢ.

Нишондодҳо ба муолиҷаи ҷарроҳӣ инҳо мебошанд:

а. Мавҷудияти гази озод дар ковокии шикам.

б. Тағйирёбии бофтаҳои девораи пеши шикам ё узвҳои берунии таносул.

в. Ошкорсозии  конгломерати беҳаракати ҳалқаҳои рӯда ё иртишоҳи (инфилтрати) ковокии шикам.

г. Маълумотҳои  лапаросентез: рашҳаи фасодӣ ё тира, ҷамъшавии зиёди  бактерияҳо ва миқдори зиёди  лейкотситҳо ҳангоми  микроскопияи рашҳа (экссудат).

д. Тромботситопения (аз  60х109г/л пасттар), аломатҳои алоими лахташавии дохилирагии паҳнёфтаи хун (ДВС- синдром), алҳумози (атсидози) устувор.

VII.  ОМОДАСОЗИИ ҚАБЛИҶАРРОҲӢ.

Муолиҷаи ҷарроҳӣ танҳо пас аз омодасозии қаблиҷарроҳӣ гузаронида мешавад, ки метавонад  вобаста аз ҳолати кӯдак дар муддати якчанд соатҳо ё  2-3 рӯз гузаронида шавад. Бо мақсади омодасозӣ ба ҷарроҳӣ зарур мебошад:

-мавқуф гузоштани ғизодиҳии энтералӣ;

- гузоштани санди назогастралӣ;

- гузоштани қастара ба шошадон барои назорати диурези соат ба соат;

- соз кардани муолиҷаи инфузионӣ тавассути вариди марказӣ;

- устуворсозии (стабилизатсияи) таҳвияи (вентилятсияи) шушҳо, хунгардиш;

- таҳлили умумии хун бо ҳисобкунии шумораи тромботситҳо ва муайян намудани вақти лахташавии хун;

- таҳлили наҷосат барои мавҷуд будани хуни ниҳон;

- таҳқиқоти микробиологиии маводи дастраси  аслӣ;

- муайян намудани таркиби сафедаӣ,  электролитӣ,  газии хун, озмоишҳои вазоифии (функсионалии) ҷигар ва гурдаҳо;

- антибиотикҳо (сефалоспоринҳо якҷоя бо метронидазол);

- викасол.

VIII. МУОЛИҶАИ ҶАРРОҲӢ.

Ҳаҷми мудохилаи ҷарроҳӣ дар мавриди ЭКМ пас аз тафтиши ковокии шикам муайян карда мешавад ва аз амиқиву тӯлкашии иллатнокшавии рӯда ва ифоданокии тағйиротҳо дар  ковокии шикам вобаста мебошад. Намудҳои мудохилаҳои ҷарроҳӣ, ки дар мавриди ЭКМ амалӣ гардонида мешаванд:

- анастомози аввалини рӯдаӣ (дар мавриди иллатёбии ҷузъии рӯда бо сӯрохшавӣ ё бе он; гузоштани анастомози якбора дар мавриди иллатнокшавии қисмҳои болоии рӯдаи борик -  мавҷуд набудани  перитонит нишон дода шудааст);

- релапаротомияҳои барномарезикардашаванда сари ҳар  24-48 соат (дар мавридҳои иллатнокшавиҳои паҳнёфтаи рӯда ва мавҷуд набудани аломатҳои аниқи мавтшавӣ);

- ташаккулдиҳии энтеростомаи  проксималии ниҳоӣ (охирин), бо минбаъда барқарорсозии бутунии рӯда;

- стома дар сатҳи сӯрохии  перфоративӣ (дар мавриди сӯрохшавиҳои яккаи ҷудо);

- резексияи фарохи рӯда (дар мавриди сӯрохшавиҳои сершумор дар масофаи калони байни онҳо);

- дар кӯдакон дар ҳолати бӯҳронӣ, ҳангоме ки иҷро кардани мудохилаи ҷарроҳӣ имконнопазир мебошад, обияткашонии ковокии шикамро тавассути 4 обияткаш (дренаж) барои муҳайё намудани бозгаштҷараёни мӯҳтавии рӯда аз ковокии шикам мегузаронанд.

IХ. МУОЛИҶАИ БАЪДИҶАРРОҲӢ.

Ба кӯдакони ЭКМ дошта муолиҷаи бардавоми вусъатнок зарур мебошад. Ғизодиҳии комили  парентералӣ  5 - 6 шабонарӯз нигаҳ дошта мешавад. Ғизодиҳии энтералӣ пас аз барқарорсозии  перисталтика ва пассаж тавассути рӯда сар карда мешавад.

Х. ТАДБИРҲОИ РЕАБИЛИТАТСИОНӢ.  Кӯдакони пас аз бо сабаби ЭКМ мудохилаи ҷарроҳиро азсаргузаронида,  бояд  дар муддати 3 сол ва аз он бештар зери назорати диспансерӣ қарор дошта бошанд. Зудии назорат дар соли аввали баъдиҷарроҳӣ бояд соле 4 маротиба бошад, минбаъд – азназаргузарониҳои назоратӣ соле 2 маротиба, дар муддати 2 сол.

Адабиётҳо:

  1. Долецкий С.Я., Гаврюшов В.В., Акопян В.Г.  Хирургия новорожденных. Руководство для врачей. М: Медицина, 1976г. 320 стр.
  2. Пугачев А.Г. Хирургическая гастроэнтерология детского возраста.  М: Медицина, 1982г.  288 стр.
  3. Баиров Г.А. Неотложная хирургия детей.  Л., 1983г.  

← Библеотека

Табибони мо

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

    30
    Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич

    ходими илми

    37
    Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна

    ҳодими илм

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

    20
    Холиқов Зиёратшо Ҳукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5