ИНҒИЛОФИ (ИНВАГИНАТСИЯИ) РӮДА

Берунории файл

ПРОТОКОЛИ № 17

ИНҒИЛОФИ (ИНВАГИНАТСИЯИ)  РӮДА

I. РАМЗИ  ТББ -10 – К 56.1

II. ШАКЛҲОИ КЛИНИКӢ

–инғилофи (инвагинатсияи)  рӯдаи борик;

- инғилофи (инвагинатсияи)  рӯдаи ғафс;

- инғилофи (инвагинатсияи)   тиҳигоҳӣ-чархакрӯдаӣ;

- инғилофи (инвагинатсияи)   кӯррӯдаӣ-чархакрӯдаӣ;

- инғилофи (инвагинатсияи)  омехта.

III.АЛОМАТҲОИ КЛИНИКӢ ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ

- ибтидои шадиди беморӣ: беқарории сахт, гирякунӣ, мавқеи маҷбурии кӯдак;

- беморӣ бештар дар синни аз 3-моҳа то 1 -сола, пас аз воридсозии ғизои иловагӣ вомехӯрад;

- дарди ногаҳонии ғиҷимкунанда дар шикам, бо мавҷуд будани фосилаҳои “бедард” дар рафтори кӯдак  сари ҳар 10-15дақиқа, ки тадриҷан давомноктар мешаванд;

- қайкунӣ;

- хун, "тарашшӯҳоти хунолуд” ("полудаи тамашкӣ") аз мустақима;

- бодгирии (дамиши) шикам;

- мавҷудияти инвагинат дар ковокии шикам.

3.1. Муолиҷа дар марҳилаи тогоспиталӣ:

ҳар кадом муолиҷа дар марҳилаи тогоспиталӣ мувофиқи мақсад намебошад, чунки онҳо  этиопатогенезӣ намебошанд. Бистарикунонӣ ба таври таъҷилӣ ба шӯъбаи ҷарроҳияи бачагона нишон дода шудааст.

  IV. ПАДИДАҲОИ КЛИНИКӢ ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ:

- мавҷудияти  аломатҳои маъмулии клиникии инғилофи рӯда, ки дар боло нишон дода шудаанд;

- мавҷудияти  аломати "чуқурчаи холии  тиҳигоҳии рост" (аломати Данс);

- бодгирӣ ва дарднокии шикам ҳангоми палмосидан;

- дар мавриди палмосидани шикам имконияти ошкорсозии омоси чандири ҳаракатноки дардманди ҳасибшакл, чунон ки ҷойгиршавии худро вобаста аз давомнокии беморӣ иваз менамояд;

- дар мавриди таҳқиқоти ангуштии мустақима,  имконияти  муайян намудани сустшавии ҳалқамушаки (сфинктери) мақъад,  ампулаи холии мустақима, хунравии рӯдаӣ ва баъзан  "сараки" инвагинат (мутадохил, рӯдаи воридшуда);

- дар мавриди  пневмоирригография – мавҷудияти сояи гомогении  инвагинати тухмшакл бо суроби ҳамвор ва  "дудак"-и  ҳаво дар атрофи сараки  инвагинат.

4.1. Услубҳои иловагии таҳқиқот:

- азназаргузаронии кӯдак, бо палмосидани шикам дар ҳолати хоби доруворигии он;

- таҳқиқоти фавқуссадоии узвҳои ковокии шикам.

4.2. Ташхисоти тафриқавиро бо бемориҳои зерин гузаронидан лозим аст:

- сирояти рӯдаӣ;

- аппендитсити шадид;

- шакли абдоминалии бемории Шенлейн – Генох;

- реши дивертикули Меккел;

- полипоз (салиласорӣ).

V.  ОМОДАСОЗИИ ҚАБЛИҶАРРОҲӢ:

дар шӯъбаи муолиҷаи вусъатнок, аз ҷониби духтури анестезиолог бо мақсади таслеҳи (коррексияи) вайроншавиҳои обӣ ва электролитӣ ва ҳолати атсидӣ-ишқорӣ, вобаста аз ҳолати бемор гузаронида мешавад,

- санд дар меъда,

-антибиотикотерапия,

-маслиҳатдиҳии духтурони педиатр, ЛОР, невропатолог.

VI. МУОЛИҶАИ ҒАЙРИҶАРРОҲӢ -  дар 18 соати аввали ибтидои беморӣ ё дар мавриди давомнокии хунравӣ  на бештар аз  10 соат. Кушодани  инвагинат тавассути ҳавои зери фишори  80 - 100 мм  сут. симоб. Дар мавриди бесамарии муолиҷаи ғайриҷарроҳӣ ва мӯҳлатҳои дери беморӣ муолиҷаи ҷарроҳӣ нишон дода шудааст.

VII. МУОЛИҶАИ ҶАРРОҲӢ

Дастраскунии (роҳкушоии) кӯндалангӣ дар квадранти рости поёнии шикам.

Услубҳои мудохилаи ҷарроҳӣ:

- дезинвагинатсия бо услуби  "ҷӯшидан" –и инвагинат;

- агар дар мавриди дезинвагинатсия даридани рӯда ба амал биёяд, он гоҳ дар ҳудудҳои бофтаҳои солим  резексияи  инвагинат бо ташаккулдиҳии (бавуҷудории) анастомози "нӯг ба нӯг" амалӣ гардонида мешавад;

- резексияи кунҷи илеосекалии  инвагинат ва гузоштани  анастомози "нӯг ба паҳлӯ";

- дар мавриди ҳолати ниҳоят вазнини кӯдак, мавтшавии рӯда дар заминаи  перитонит амалиёти ҷарроҳии 2-марҳилагӣ – аввалан гузоштани илеостома, сипас – анастомоз мувофиқи мақсад мебошад.

VIII. МАРҲИЛАИ БАЪДИҶАРРОҲӢ

- муолиҷаи инфузионӣ бо мақсади таслеҳи (коррексияи) мубодилаи вайроншудаи обӣ-электролитӣ, сафедаӣ ва ҳолати атсидӣ-ишқорӣ;

- ба кӯдаконе, ки дар мӯҳлатҳои бармаҳал бистарӣ карда шудаанд, ки дар онҳо дезинвагинатсия гузаронида шудааст, ғизодиҳӣ пас аз  6-8 соат иҷозат дода мешавад - бо шири пистонии ҷӯшидашуда 15-25 мл, сари ҳар  2-3  соат, бо танаффуси шабонгоҳӣ, бо  10-15 мл зиёдкунӣ, дар шабонарӯзҳои 3-4 – ум ҳаҷми ғизоро то ба меъёрӣ мерасонанд,

- пешгирии нимфалаҷи (парези) рӯда;

- муолиҷаи аломатӣ (нишонаӣ);

- захмбандиҳо;

- гирифтани дарзҳо дар шабонарӯзи  7 - ум.

IХ. НАЗОРАТИ ДИСПАНСЕРӢ:

аз ҷониби  духтурони педиатр ва ҷарроҳ дар ҷойи истиқомат дар муддати 1 сол гузаронида мешавад.

Адабиётҳо:

  1. Боиров Г.А. Неотложная хирургия детей. М: Ленинград. 1983г., стр.163-184.
  2. Исаков Ю.Ю.,  Степанов Э.А., Красовская Т.В. Абдоминальная хирургия  у детей. М: Медицина, 1988г., стр. 148-154.
  3. Гераськин А.В.. Дронин Ф. Смирнов А.Н. Хирургия живота и промежности у детей. М: «ГЭОТАР-Медиа»,  2012г. , стр.184-201.

← Библеотека

Табибони мо

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

    30
    Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич

    ходими илми

    37
    Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна

    ҳодими илм

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

    20
    Холиқов Зиёратшо Ҳукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5