МУОЛИҶАИ ЧУРРАИ МОДАРЗОДИИ ҚАДКАШАКӢ ДАР КӮДАКОН

Берунории файл

ПРОТОКОЛИ №16

МУОЛИҶАИ ЧУРРАИ МОДАРЗОДИИ ҚАДКАШАКӢ ДАР КӮДАКОН

I. РАМЗИ ТББ-10 – К 40.

II. ШАКЛҲОИ КЛИНИКИИ БЕМОРӢ:

    - Чурраи уреби (каҷи) қадкашакӣ.

    - Чурраи мустақими қадкашакӣ.

III. АЛОМАТҲОИ КЛИНИКӢ.

Мавҷудияти барҷастагӣ дар минтақаи қадкашакӣ, ки дар писарбачаҳо метавонад ба байзадон фарояд ва дар мавриди баландшавии фишори дохилишикамӣ нисбатан аёнтар мегардад. Барҷастагии чуррагӣ қивоми (консистенсияи) чандир (ёзанда, эластикӣ) дорад, ба ковокии шикам баргашта андохта мешавад. Васеъшавии ҳалқаи берунии қадкашакӣ ҷой дорад. Аломати “такони сулфаӣ” мусбат мебошад.

Дар мавриди палмосидан  бандаки ғафсшуда муайян карда мешавад, ки дӯнгичаи зиҳорӣ (қабуқӣ) – ро бурида мегузарад – аломати “дастпӯшаки абрешимӣ”.

Дар мавриди чурраҳои мустақим барҷастагӣ дар минтақаи қадкашакӣ пайдо мешавад, ки ҳангоми зӯрзанӣ ба самти рагҳои рон мебарояд.

Дар писарбачаҳои синнашон калонтар метавонанд шикоятҳо ба дард дар байзаи тарафи чурра пайдо шаванд.

IV. МУОЛИҶА ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИИТАЛӢ.

Аз боиси он ки самти этиопатогенезӣ надорад, мувофиқи мақсад намебошад.

Чурраи қадкашакӣ дар кӯдакон – бемории ҷарроҳӣ, ки пас аз аниқ намудани ташхис таслеҳро (коррексияро) тақозо менамояд.

V.  ОМОДАСОЗИИ ҚАБЛИҶАРРОҲӢ.

- таҳқиқоти скринингии лабораторӣ барои мудохилаи ҷарроҳии нақшаӣ;

- имолаи тозакунанда;

- гуруснагӣ дар муддати 12 соати то ҷарроҳӣ.

VI. МУОЛИҶАИ ҶАРРОҲӢ.

- чурраи ислоҳшаванда (ҷобаҷошаванда) дар кӯдакони то яксола ҷарроҳӣ карда намешавад, назорат бурда мешавад;

- чуррабуррӣ бе кушодани (чок кардани) маҷрои қадкашакӣ дар кӯдакони гурӯҳи  синнии хурд (то 3-сола);

- чуррабуррӣ бо чок кардани маҷрои қадкашакӣ ва минбаъда барқарорсозии бутунии он, бо роҳи гузоштани дарзҳо ба апоневроз “канор ба канор” бе  ташаккулдиҳии (бавуҷудории)  дупликатураи  апоневроз;

- дар мавриди чурраҳои мустақим  – чуррабуррӣ бо усули  Басини.

Марҳилаи муҳимтарини мудохилаи ҷарроҳӣ, марҳилаи ҷудокунии (мобилизатсияи) халтаи чурраӣ аз унсурҳои (элементҳои) танобаки манигузар ва пайвандаки гирдаи бачадон мебошад. Халта ҷудо карда мешавад ва қисми  проксималии он барканда гирифта мешавад, қисми дисталии он бошад ҷудо накарда нигаҳ дошта мешавад. Нисбат ба зери хатари осебёбӣ мондани  найчаҳои манигузар, дастаи (қабзаи) рагӣ-асабии байза ва зоиди он,  як қисми халтаро нигаҳ  доштан (маҳфуз мондан) хубтар мебошад.

VII. БУРДАНИ БАЪДИҶАРРОҲИИ БЕМОРОН.

- Захмбандиҳо бо иваз намудани бандинаҳои  асептикӣ.

- Гирифтани кӯкҳо дар шабонарӯзи  7-ум.

- Маҳдудсозии сарбориҳои (афзунбориҳои) ҷисмонӣ ба муддати 1 моҳи  баъди ҷарроҳӣ.

 

Адабиётҳо:

1.Исаков Ю.Ф., Степанов Э.А. Красовская Т.В.  Абдоминальная хирургия у детей М: Москва 1988г., стр. 32-44.

2.Тоскин К.Д., Жебровский В.В. Грыжи брюшной стенки М: Москва 1990г., стр. 265.

3. Гераськин А.В.,  Дронов А.Ф., Смирнов. А.Н. Хирургия живота и промежности у детей. М: «ГЭОТАР- Медиа» 2012г., стр. 13-52.

← Библеотека

Табибони мо

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

    30
    Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич

    ходими илми

    37
    Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна

    ҳодими илм

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

    20
    Холиқов Зиёратшо Ҳукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5