ВАРИКОТСЕЛЕ

Берунории файл

ПРОТОКОЛИ  № 15

ВАРИКОТСЕЛЕ

I. РАМЗИ  ТББ-10 - I 86.0

II. ШАКЛҲОИ  КЛИНИКӢ МУВОФИҚИ ТАВСИЯҲОИ ТУТ, 1997с.:

 - Варикотселеи дараҷаи  I, ҳангоме ки варидҳои васеъшуда дар байзадон наменамоянд ва палмосида намешаванд, аммо дар мавриди озмоиши Валсалв васеъ мешаванд;

- Варикотселеи дараҷаи  II, ҳангоме ки варидҳои васеъшуда дар байзадон менамоянд, палмосида мешаванд ва сеяки болоии байзадонро ишғол менамоянд;

- Варикотселеи дараҷаи  III, ҳангоме ки рагбофтҳои варидӣ дар пӯст барҷаста мебароянд, ба осонӣ дида  мешаванд, палмосида мешаванд ва тамоми ковокии  байзадонро ишғол менамоянд;

- Варикотселеи субклиникӣ, ҳангоме ки варикотселеи аз ҷиҳати клиникӣ ифодаёфта мавҷуд намебошад, аммо аломатҳои он дар мавриди таҳқиқоти допплерӣ зоҳир мегарданд.

III. АЛОМАТҲОИ КЛИНИКӢ ДАР МАРҲИЛАИ  ТОГОСПИТАЛӢ

1) мавҷуд будани варидҳои васеъшудаи танобаки манигузар ва байза аз тарафи чап;

2) ҳиссиёти нофорам ё дард бо рафти танобаки манигузар ва байза;

3) пӯсти нафису пажмурдаи байзадон;

4)  орхидоптози тарафи чап;

5) усули мусбати Segond – агар дар бемори дарозкашида ҳалқаи берунии қадкашакиро бо ангуштон пахш намуд, сипас ба вай рост хестанро пешниҳод намуд, он гоҳ дар мавриди варикотселе пуршавии варидҳо ба амал меояд;

6) озмоиши мусбати Валсалв  - калоншавии варидҳои танобаки манигузар дар мавриди нигаҳ доштани нафаскашӣ ва зӯрзанӣ.

3.1 Муолиҷа дар марҳилаи тогоспиталӣ:

Тамоми муолиҷаҳо дар марҳилаи тогоспиталӣ мувофиқи мақсад намебошанд, чунки самти имрозӣ (патогенезӣ) надоранд.

Дар мавриди марҳилаи субклиникӣ ва дарҷаи  I варикотселе, назорат дар муддати 1 сол бо тавсияҳои маҳдудсозии сарбориҳои (афзунбориҳои)  ҷисмонӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Варикотселеи дараҷаи II- III барои муолиҷаи ҷарроҳӣ нишондод мебошад.

 3.2. Услубҳои таҳқиқотҳои иловагӣ:

- таҳқиқоти фавқуссадоии байза ва рагҳо бо ёрии таъсири  Допплер;

- венографияи ретроградии трансфеморалии селективии гурда;

- тестикулофлебографияи антеградӣ (пешнокираванда).

IV. ОМОДАСОЗИИ ҚАБЛИҶАРРОҲӢ:

- омодасозии рӯҳии бемор;

- омодасозии майдони ҷарроҳӣ;

- ташхисоти скринингии  лабораторӣ барои мудохилаи ҷарроҳии нақшавӣ.

       V. МУОЛИҶАИ ҶАРРОҲӢ

Амалиёти ҷарроҳии  Иванисевич ё амалиётҳои ҷарроҳии шунтикунанда.

VI. МУОЛИҶАИ БАЪДИҶАРРОҲӢ

- Бемор дар қароргоҳи (палатаи) умумии беморон ҷойгир карда мешавад;

- Дар мавриди мавҷуд набудани бемориҳои ҳамрадиф – мизи ғизоии парҳезии  № 15;

- Захмбандиҳо бо иваз намудани бандинаҳои  асептикӣ;

- Витаминотерапия бо мақсади барангезонидани (фаъолсозии, стимулятсияи) функсияи гонадотропӣ (витаминҳои А, С, В1, В6, Е),

- Муолиҷаи реологӣ (аспирин 50 мг/кг дар муддати  15 рӯз, оксигенотерапия дар реҷаи  1,5 атм, бо  экспозитсияи 20 дақиқагӣ ҳамарӯза дар муддати  4-5 рӯз);

- Гирифтани кӯкҳо дар шабонарӯзи  7-ум;

- Маҳдудсозии сарбориҳои (афзунбориҳои) ҷисмонӣ ва шуғлварзӣ ба варзиш дар мӯҳлати то 6 моҳ.

VII. НАЗОРАТИ ДИСПАНСЕРӢ

Назорати диспансерӣ дар муддати 6 моҳи аввал моҳе 1 маротиба гузаронида мешавад, то 1 сол – 1 маротиба дар  3 моҳ, аз 1 то 3 сол– 1 маротиба дар 6 моҳ.

Муолиҷаи махсуси санаторӣ-курортӣ гузаронида намешавад, бо мақсади солимгардонӣ ба муассисаҳои санаторӣ-курортии навъи умумимуолиҷавӣ (умумитерапевтӣ) тавсия дода мешавад.

 

Адабиётҳо:

1. Лопаткин Н.А., Пугачев А.П. Детская урология. М: Москва. 1986г., стр. 264-270.

 2. Лопаткин Н.А., Шевцов И.П. Оперативная урология. М: Ленинград. 1986г., стр. 139-145.

3. Пугачев А.П. Детская урология. М: « ГЭОТАР-Медиа», 2009г., стр. 487-508.

← Библеотека

Табибони мо

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

    30
    Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич

    ходими илми

    37
    Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна

    ҳодими илм

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

    20
    Холиқов Зиёратшо Ҳукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5