ТАШХИСОТ ВА МУОЛИҶАИ АТРЕЗИЯИ НАЙЧАҲОИ ТАЛХАГУЗАР ДАР КӮДАКОН

Берунории файл

ПРОТОКОЛИ № 14

ТАШХИСОТ ВА МУОЛИҶАИ АТРЕЗИЯИ НАЙЧАҲОИ ТАЛХАГУЗАР ДАР КӮДАКОН

  1. РАМЗИ  ТББ -10 - Q 44.2
  2. ШАКЛИ КЛИНИКӢ - атрезияи найчаҳои талхагузар дар кӯдакон
  3. АЛОМАТҲОИ КЛИНИКӢ

Ташхисот дар таваллудхона:

1. Зардшавии пӯст (тобиши заъфарии пӯст) ва мухотпардаҳо, дарҳол пас аз таваллудшавӣ пайдо мешавад ва тамоюл ба камшавиро надорад.

2. Берангшавии наҷосат.

3. Ранги пешоб сиёҳчатоб.

4. Хуншориҳо дар пӯст имконпазир мебошанд.

5. Таҳқиқотҳои лабораторӣ: миқдори  билирубин аз 100 то 700 мкмол/л меафзояд – реаксияаш мустақими тез, нишондиҳандаҳои лахташавии хун коҳиш ёфтаанд, аломатҳои камхунӣ дар динамика афзоиш меёбанд.

6. Дар пешоб  реаксия ба билирубин  мусбати сахт, уробилин мавҷуд намебошад.

7. Таҳқиқоти фавқуссадоӣ – маълумот дар бораи ҳолати роҳҳои талхабарор, инкишофёбии уҷҷаки (“сиррози”) ҷигар ва ҳолати хунгардиши  порталӣ. Бо ном  "майдони (“корти”) секунҷа" зоҳир мегардад. Талхадон ба шакли  узви камрушд (норасо, рудиментӣ) намудор мешавад.

8. Услуби аз ҳама бештар ахборотдиҳандаи ташхисот – биопсияи пунксионии ҷигар ва  лапароскопия бо систохолангиографияи минбаъда   мебошад.

9. Дар мавридҳои шубҳанок ва дар мавриди имконнопазирии гузаронидани биопсия ва  лапароскопия,  лапаротомия ва тафтиши узвҳои ковокии шикам асоснок мебошад.

 

IV. ТАШХИСОТ ДАР ШӮЪБАИ МАХСУСГАРДОНИДАШУДАИ ҶАРРОҲИЯИ КӮДАКОНА.

1.Таҳқиқоти биокимиёии хун (билирубини мустақим ва озмоишҳои ҷигарӣ баланд мешаванд).

2. Рентгенографияи хулосавии узвҳои ковокиҳои қафаси сина ва шикам, бо мақсади ошкорсозии касолати ҳамрадиф (пневмония, ҳиперплазияи ғадуди душохашакл, нуқсонҳои инкишофи дил ва диафрагма ва  ғ.).

3. Таҳқиқоти фавқуссадоии ҷигар ва роҳҳои талхабарор барои мавҷудияти нуқсонҳои инкишоф. Таҳқиқоти фавқуссадоиро ду маротиба пас аз танаффуси 12-соатаи гуруснагӣ ва пас аз  15 дақиқаи ғизодиҳӣ гузаронидан лозим аст.

4. Таҳқиқоти фавқуссадоии хулосавии узвҳои ковокиҳои қафаси сина ва  шикам  (барои мавҷудияти нуқсонҳои ҳамрадифи инкишоф).

5. Эхокардиография.

6. Томографияи компютерӣ.

ТАШХИСОТИ ТАФРИҚАВӢ БО БЕМОРИҲОИ ЗЕРИН ГУЗАРОНИДА МЕШАВАНД:

1. Зардчаи физиологӣ.

2. Бемории ҳемолизии навзодон.

3. Сирояти дохилибатнӣ (токсоплазмоз, сирояти ситомегаловирусӣ, бемории қулғуна  ва ғ.).

4. Ҳепатити  модарзодӣ.

5. Тааффун (сепсис).

 

V. ОМОДАСОЗИИ ҚАБЛИҶАРРОҲӢ.

1. Муолиҷаи инфузионӣ (бо мақсади безаҳргардонӣ (дезинтоксикатсия), мӯътадилсозии таркиби сафедаии хун).

2. Викасол - 0,2 мл рӯзе 3 маротиба,  5-10 рӯз қабл аз ҷарроҳӣ.

3. Муолиҷаи антибактериявӣ - ампиокс per os 50 мг/кг х 3 маротиба дар як шабонарӯз,  36 соат қабл аз ҷарроҳӣ. 1 соат қабл аз ҷарроҳӣ, бо усули дохилимушакӣ ворид намудани вояи шабонарӯзии  антибиотик.

4. Муолиҷаи аломатӣ.

 

VI. МУОЛИҶАИ ҶАРРОҲӢ.

Натиҷаи он аз синни кӯдаки ҷарроҳишаванда вобаста мебошад –зиёдаш то  2 моҳагӣ.

Намуди ислоҳкардашавандаи атрезияи найчаҳои талхабарор.

1. Анастомози билиодигестивӣ (анастомоз дар байни найчаи умумии ҷигар ё найчаи талхадон ва  ҳалқаи озоди рӯда  бо усули Ру гузошта мешавад).

Намуди ислоҳкарданашавандаи атрезияи найчаҳои талхабарор.

1. Портоэнтероанастомоз бо усули  Касаи, бо  анастомози байнирӯдаии У-шакл бо усули Roux, бо ташаккулдиҳии дарғоти антирефлюксӣ бо усули Zhang дар анастомози У-шакли байнирӯдаӣ.

2. Ҷарроҳии  Валдшмидт - оментоҳепатопортодуоденопексия –дастаи (қабзаи)  чарбуро ба пайвандаки ҳепатодуоденалӣ ва ба “тиреза”-и дар рӯдаи дувоздаҳа бавуҷудовардашуда устувор месозанд.

 

VII. БУРДАНИ БАЪДИҶАРРОҲИИ БЕМОРОН.

1. Дар давоми  4-5 шабонарӯз ғизодиҳиии парентералии пурра, бо гузаронидани муолиҷаи  инфузионии безаҳргардонанда (детоксикатсионӣ), ки ба таслеҳи (коррексияи) гемостаз ва гомеостаз равона карда шудааст.

2. Муолиҷаи антибактериявӣ барои пешгирии инкишофёбии  холангити баъдиҷарроҳӣ (аминогликозидҳо якҷоя бо сефалоспоринҳои истеҳсоли насли 2-3).

3. Дар шабонарӯзи  4-5-уми баъди ҷарроҳӣ  - преднизолон 5 мг/кг дар муддати  5-6 шабонарӯз.

4. Барангезонидани (фаъолсозии, стимулятсияи) тарашшӯҳи (ихроҷи, ҷудокунии) талха (ҷӯшобаи гиёҳҳои талхарон, холосас, аллохол).

5. Ҳепатопротекторҳо (эссентсиале, легалон, Лив-52, карсил).

6. Витаминҳои дар равған ҳалшаванда (А, К, Е, Д).

7. Аз шабонарӯзи  2-юм - сеансҳои ОҲБ (“ГБО”), 1 сеансӣ дар 1 рӯз, миқдори  сеансҳо 2-4 маротиба, вобаста аз ҳолати кӯдак ва дараҷаи барқароршавии перисталтика.

8. Дар мавриди қатъшавии тарашшӯҳи (ихроҷи) талха дар давраи бармаҳали баъдиҷарроҳӣ релапаротомия, тафтиши ҳепатопортоэнтероанастомоз, бо барканда гирифтани бофтаи гранулятсионӣ зарур мебошад.

 

VIII. ДИСПАНСЕРИКУНОНӢ.

1. Ҳамаи кӯдакони вобаста ба атрезияи найчаҳои талхабарор ҷарроҳишуда,  дар зери назорати диспансерии духтурони  педиатр, гастроэнтеролог, ҷарроҳ ва духтури бемориҳои сироятии кӯдакона дар  тамоми давраи кӯдакӣ (бачагӣ) бояд қарор дошта бошанд.

2. Дар мавриди инкишофёбии уҷҷаки (сиррози) ҷигар ба беморон пайвандкунии (кӯчаткунии, трансплантатсияи) ҷигар нишон дода шудааст.

 

IX. ТАДБИРҲОИ  РЕАБИЛИТАТСИОНӢ.

1. Доругиҳои ферментативӣ ва  ҳепатопротекторҳо.

3. Таслеҳи (коррексияи) дисбактериози рӯда.

4. Фитотерапия.

  

Адабиётҳо:

  1. Ю.Ф. Исаков, А.Ф. Дронов. Детская хирургия. Национальное руководство. Москва «ГЭОТАР-Медиа», 2009г.
  2. Г.А. Баиров «Неотложная хирургия детей». Медицина, 1983г.
  3. В.Тошовский. Острые процессы в брюшной полости у детей. Авиценум. Медицинское издательство. Прага. 1987г.

 

← Библеотека

Табибони мо

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

    30
    Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич

    ходими илми

    37
    Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна

    ҳодими илм

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

    20
    Холиқов Зиёратшо Ҳукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5