ТАШХИСОТ ВА МУОЛИҶАИ НУҚСОНҲОИ ИНКИШОФЕ, КИ БО НОГУЗАРОГИИ ҶОЙГИРШАВИАШ ПАСТ ЗОҲИР МЕГАРДАНД

Берунории файл

ПРОТОКОЛИ № 13

ТАШХИСОТ ВА МУОЛИҶАИ НУҚСОНҲОИ ИНКИШОФЕ, КИ БО НОГУЗАРОГИИ ҶОЙГИРШАВИАШ  ПАСТ  ЗОҲИР МЕГАРДАНД

I. РАМЗИ ТББ-10 - Q42

II.НОМИ БЕМОРӢ:

- атрезияи рӯдаҳои мустақим, тиҳигоҳӣ, чархакрӯда (атрезияи ғишоӣ (мембранӣ) бо дарозӣ,  атрезияҳои сершумор);

- стенози рӯдаҳои мустақим, тиҳигоҳӣ, чархакрӯда;

- дубӯлакшавии найчаи рӯдаӣ (кисаӣ (кистаӣ), дивертикулӣ, найчаӣ (нубубӣ, тубуларӣ);

- алоими (синдроми) "обу ҳаво";

- печиши ҷудогонаи рӯдаи борик;

- чурраи дарунӣ (дар мавриди нуқсонҳои (дефектҳои) чинҳо);

- вайроншавии давраи якуми тобхӯрии рӯда;

- ногузарогии (илеуси) момезаӣ (нахустфазлаӣ, меконийӣ);

- омосҳои модарзодии ковокии шикам (тератомаҳо, лимфангиомаҳо), ки инсидоди (руст шудани, обтуратсияи) рӯдаро ба  вуҷуд меоранд.

III. ТАШХИСОТ ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ:

- ташхисоти тотаваллудӣ (батнимодарӣ, антенаталӣ);

- сандзании меъда тавассути қастара,  бо мақсади муайян намудани ҳаҷми мӯҳтавӣ ва хусусияти он (аз рӯйи меъёр пас аз таваллуд мӯҳтавии меъда аз  2-5мл бештар нест, аз рӯйи хусусият бошад – ин мухот ва оби даҳон);

- сандзании  мустақима бо мақсади муайян намудани мӯҳтавии  ампулаи  мустақима ва хусусияти ин маълумот (дар мавриди ногузарогии пасти рӯда меконий намебарояд, санд ба мустақима бо душворӣ ворид мешавад, дар ин маврид ҳангоми шустан обшӯйҳои ихроҷшавандаи тоза, кулӯлаҳои мухот, аммо дар мавриди ногузарогии нопурра метавонад миқдори ками  меконий мавҷуд бошад (барояд));

- муайянсозии шакли шикам ва тағйирёбиҳои шакли он дар динамика (шикам ба таври авҷгиранда калон мешавад,  асимметрия,  перисталтикаи намудори рӯдаҳо пайдо мешаванд, аускултативӣ – перисталтикаи пурзӯршуда);

- баҳодиҳии рафтори кӯдак (дар мавриди шаклҳои масдудкунандаи (обструктивии)  ногузарогӣ кӯдак ором буда, дар мавриди ногузарогиҳои қиссишуда (странгулятсионӣ)  - беқарор, дод мезанад, бо пойҳояш бардорузан мекунад).

Бояд дар ёд дошт, ки вазнинии ҳолати навзод бо клиникаи ногузарогии ҷойгиршавиаш пасти рӯда, бо заҳролудии (интоксикатсияи) авҷгиранда алоқаманд мебошад.

IV. МУОЛИҶА ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ.

Гузаронида намешавад. Бистарикунонии чунин кӯдакон ба шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ нишон дода шудааст.

V. ТАШХИСОТ ДАР МАРҲИЛАИ ГОСПИТАЛӢ:

- рентгенографияи хулосавии қафаси сина ва шикам дар мавқеи ростистодаи кӯдак;

- ирригография дар мавқеи дарозкашидагӣ (20мл  контрасти дар об ҳалшаванда +20 мл маҳлули физиологӣ)

- дар мавриди зарурат таҳқиқоти  рентгенконтрастӣ, пас аз тавассути даҳон додани  сулфати барий;

- таҳқиқотҳои умумиклиникӣ ва биокимиёии хун ва пешоб;

- ЭхоКГ;

- таҳқиқоти фавқуссадоӣ (УЗИ);

- маслиҳатдиҳии духтурони неонатолог, невропатолог, генетик (ирсиятшинос).

VI. МУОЛИҶАИ ҶАРРОҲӢ.

Маҳаки (критерийи) омодагии навзод ба амалиёти ҷарроҳӣ устуворшавии нишондиҳандаҳои ҳемодинамика ва равандҳои мубодилавӣ мебошанд. Ба ҳамаи кӯдакон лапаротомияи мобайнӣ гузаронида мешавад. Тафтиши узвҳои ковокии шикам, бо мақсади ошкорсозии  нуқсонҳои инкишоф.

Ба кор бурда мешаванд:

- резексияи сегментии рӯда бо гузоштани анастомози “нӯг ба нӯг”;

- гузоштани колостомаи интиҳоӣ ва биопсияи қисми дисталии рӯда дар мавриди аганглиоз;

- илеостомаи интиҳоӣ бо мақсади маҳфуздории дарғоти (“клапани”) илеосекалӣ, дар мавриди ҷойгиршавии монеа дар қисми ниҳоии рӯда;

- илео-колоанастомози  "нӯг ба паҳлӯ",  бо ташаккулдиҳии  дарғоти зиддирефлюксӣ дар мавриди резексияи қисми илеосекалӣ;

- энтеротомия, эвакуатсияи (тахлияи) мӯҳтавӣ, шустани рӯда ва дӯхтани девораи он дар мавриди ногузарогии меконийӣ.

VII. МУОЛИҶАИ БАЪДИҶАРРОҲӢ.

Муолиҷаи вусъатнок мувофиқи  протоколи анестезиология ва  реаниматология. Ғизодиҳии сандӣ пас аз барқароршавии фаъолияти (функсияи) рӯда (мавҷуд набудани таваққуфи мӯҳтавии рӯда, мавҷудияти ихроҷи наҷосат ва газҳо).

VIII.  ТАДБИРҲОИ  РЕАБИЛИТАТСИОНӢ.

Назорати ҷарроҳ бо азназаргузарониҳои нақшаӣ, соле 4 маротиба дар давоми соли аввали баъди ҷарроҳӣ, минбаъд – соле 2 маротиба дар давоми 2 сол. Дар мавриди мавҷуд будани шикоятҳо – мувофиқи нишондодҳо.

 

Адабиётҳо:

  1. Ашкрафт К.У, Холдер Т.М. Детская хирургия.  Санкт- Петербург, 1997г.
  2. Г.А.Баиров.  Неотложная  хирургия детей.  Медицина, 1983г.
  3. Ю.Ф.Исаков, А.Ф Дронов. Детская хирургия. Национальное руководство. Москва. ГЭОТАР-Медиа,  2009го.
  4. В. Тошовский. Острые процессы в брюшной полости у детей. Авиценум. Медицинское издательство. Прага. 1987г.

← Библеотека

Табибони мо

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

    30
    Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич

    ходими илми

    37
    Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна

    ҳодими илм

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

    20
    Холиқов Зиёратшо Ҳукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5