ТАШХИСОТ ВА МУОЛИҶАИ НУҚСОНҲОИ ИНКИШОФ, КИ БО НОГУЗАРОГИИ БАЛАНД ҶОЙГИРШУДАИ РӮДА ЗОҲИР МЕГАРДАНД

Берунории файл

ПРОТОКОЛИ № 12

ТАШХИСОТ ВА МУОЛИҶАИ НУҚСОНҲОИ ИНКИШОФ, КИ БО НОГУЗАРОГИИ БАЛАНД ҶОЙГИРШУДАИ РӮДА ЗОҲИР МЕГАРДАНД

I.  РАМЗИ ТББ -10 - Q41

II.НОМИ БЕМОРӢ:

- Шакли ғишоноки (“мембранаии”)  атрезия ва  стенози (тангшавии) меъда;

- Дубӯлакшавии кисаии (“кистаии”) меъда;

- Ҷойгиршавии қаблидувоздаҳаии (предуоденалии) v.portae (стенози берунии рӯдаи дувоздаҳа);

- “Атрезия” (инсидод) ё “стенози” (тангшавии) рӯдаи дувоздаҳа;

- Ғадуди ҳалқашакли (наълшакли) зери меъда;

- “Малротатсияи”  рӯда;

- Раги мунҳариф (номӯътадил, нодуруст, “аберрантӣ”) (a.mesenterica superior).

III. ТАШХИСОТ ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ:

- қайкунии фаровони сабзранг, ки пас аз ғизодиҳӣ пайдо мешавад, парто-партокунии шиддаташ гуногун;

- сандзании меъда тавассути қастара, бо мақсади муайян намудани ҳаҷм ва хусусияти мӯҳтавии он (дар мавриди дар меъда мавҷуд будани 15-30 мл мӯҳтавӣ ба ногузарогӣ гумонбар шудан лозим аст, аммо аз рӯйи хусусият – ранги зангор ё моеи беранг - дар бораи сатҳи ногузарогӣ);

- сандзании рӯдаи мустақима, бо мақсади муайян намудани ҳаҷми мӯҳтавии ампулаи мустақима  ва хусусияти мӯҳтавӣ (аз рӯйи меъёр пас аз таваллуд дар ампулаи мустақима ба миқдори 50-80 мл “меконий” (нахустфазла)  мавҷуд мебошад);

- муайян намудани шакли шикам ва тағйирёбии шакли он дар  динамика (шиками заврақшакл бо бодгирии (дамиши) минтақаи фавқи шикам ва фурӯнишинии (фурӯравии) қисмҳои поёнии шикам, дар бораи монеаи  гузаштани ҳаво дар сатҳи рӯдаи дувоздаҳа шаҳодат медиҳад);

- баҳо додани рафтори кӯдак.

Бояд дар ёд дошт, ки вазнинии ҳолати кӯдаки навзод  бо падидаҳои ногузарогии бандкунанда (масдудкунанда, обструктивӣ), бо камобшавии (“деҳидрататсияи”) авҷгирандаи бадан  алоқаманд мебошад, дар навзодони шакли “странгулятсионии” (қиссишудаи) ногузарогӣ дошта, бо “ҳиповолемияи” (камшавии ҳаҷми хун)  авҷгиранда  то ба худи садмаи ҳиповолемӣ, аз ҳисоби камшавии ҳаҷми хуни гардишкунанда алоқаманд мебошад: хушкии пӯст ва луобпардаҳо ҷой дорад, фурӯравии лифакҳои (ёфухҳои, ташнакҳои) сар,  кампешобӣ (“олигурия”), кӯдак пажмурда, камҳаракат, ранги пӯсташ камнури (беранги) тиратоб.

IV. МУОЛИҶА ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ.

Дар марҳилаи тогоспиталӣ “декомпрессияи” меъда ва рӯдаи дувоздаҳа бо ҳӯбкашии (“аспиратсияи”) фаъоли мӯҳтавӣ нишон дода шудааст.

V. ТАШХИСОТ ДАР МАРҲИЛАИ ГОСПИТАЛӢ.

Таҳқиқоти рентгенологӣ дар пайдарпайии зерин гузаронида мешавад:

- рентгенографияи хулосавии қафаси сина ва шикам, дар мавқеи ростистодаи кӯдак;

- дар мавриди зарурат, таҳқиқоти  рентгенконтрастӣ пас аз тавассути даҳон додани  сулфати барий;

- таҳқиқотҳои умумиклиникӣ ва биокимиёии хун ва пешоб;

- ЭхоКГ;

- таҳқиқоти фавқуссадоӣ (“УЗИ”);

- маслиҳатдиҳии духтурони неонатолог, невропатолог, генетик (ирсиятшинос).

VI. МУОЛИҶАИ ҶАРРОҲӢ.

Маҳаки (“критерийи”) омодагии навзод ба амалиёти ҷарроҳӣ устуворшавии нишондиҳандаҳои ҳемодинамика ва равандҳои мубодилавӣ мебошанд. Гузаронида мешаванд:

-лапаротомия, тафтиши узвҳои ковокии шикам барои ошкорсозии хусусияти нуқсон ва нуқсонҳои пайвастаи (якҷояи) имконпазир;

- тафтиши гузарогии қисмҳои дисталии рӯда;

- ҷудо ва ҳаракатнок намудани (мобилизатсияи) рӯдаи дувоздаҳа бо усули  Кохер, дуоденотомия, муайян намудани ҷойгиршавии  papilla Fateri, бурида гирифтани  ғишо (мембрана), покизасозии норасоии мухотпарда ва девораи рӯдаи дувоздаҳа (дуоденум);

-дуодено-дуоденоанастомози "нӯг ба нӯг", "нӯг ба паҳлӯ";

-дуоденоеюностомия дар ҳалқаи кӯтоҳ;

-дар мавриди алоими (синдроми) Ледд буридани бандакҳои  эмбрионалӣ, боз кардани рӯда, гузоштани он дар мавқеи дурусти анатомӣ.

VII. МУОЛИҶАИ БАЪДИҶАРРОҲӢ.

Мувофиқи  протоколи анестезиология ва  реаниматология. Ғизодиҳии сандӣ пас аз барқароршавии фаъолияти (функсияи) рӯда (мавҷуд набудани таваққуфи мӯҳтавии рӯда, мавҷудияти ихроҷи наҷосат ва газҳо).

VIII.  ТАДБИРҲОИ  РЕАБИЛИТАТСИОНӢ.

Назорати ҷарроҳ, бо азназаргузарониҳои нақшавӣ соле 4 маротиба, дар давоми соли аввали баъди ҷарроҳӣ, минбаъд – соле 2 маротиба дар давоми 2 сол. Дар мавриди мавҷуд будани шикоятҳо – мувофиқи нишондодҳо.

 

Адабиётҳо:

  1. Ашкрафт К.У., Холдер Т.М. Детская хирургия.   Санкт-Петербург. 1997г.
  2. Г.А.Баиров. Неотложная хирургия детей. Медицина, 1983г.
  3. Ю.Ф.Исаков, Э.А. Степанов, Т.В.Красовская.  Абдоминальная хирургия у детей. Москва. М: 1988г.

Ю.Ф.Исаков, А.Ф.Дронов.  Детская хирургия. Национальное руководство, Москва. “ГЭОТАР-Медиа”,  2009г.

← Библеотека

Табибони мо

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

    30
    Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич

    ходими илми

    37
    Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна

    ҳодими илм

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

    20
    Холиқов Зиёратшо Ҳукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5