МУОЛИҶАИ НОГУЗАРОГИИ ЛИҲОМИИ РӮДА ДАР КӮДАКОН

Берунории файл

П Р О Т О К О ЛИ № 11

МУОЛИҶАИ НОГУЗАРОГИИ ЛИҲОМИИ РӮДА ДАР КӮДАКОН

I. РАМЗИ ТББ  - К 56.5

II. ШАКЛҲОИ КЛИНИКИИ НОГУЗАРОГИИ ЛИҲОМИИ РӮДА:

а) бармаҳал  - дар ҳафтаҳои  3-4 –уми аввали баъди  ҷарроҳӣ:

• лиҳомӣ-нимфалаҷӣ (парезӣ) (то 6-7 шабонарӯз);

• одӣ - то 16 шабонарӯз;

• таъхирёфта  - то 30 шабонарӯз;

б) дерӣ – пас аз як моҳ ё бештар аз баъди ҷарроҳӣ инкишоф меёбад.

III.  ТАШХИСОТ ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ

Аломатҳои асосии ногузарогии лиҳомии рӯда:

а) саршавии шадид;

б) мавҷудияти хадшаҳои (изҳои) лапаратомии  баъдиҷарроҳӣ дар девораи пеши шикам ва/ё нишон додан ба мудохилаи ҷарроҳӣ дар гузашта;

в) дарди  хусусияти ғиҷимкунанда дошта  дар шикам;

г) қайкунӣ;

д) мавҷуд набудани наҷосат ва  газҳо;

е) дамиши (бодгирии) шикам.

Ҳар  кадоми якҷоягии (пайвастагии) онҳо, дар заминаи ҳолати вайроншудаи кӯдак, ба гумонбарӣ ба ногузарогии лиҳомии рӯда имконият медиҳад.

IV. МУОЛИҶА ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ.

Номатлуб мебошад, чунки самти  этиопатогенетикӣ надорад.

          Оҷилан ба шӯъбаи ҷарроҳӣ равон намудан нишон дода шудааст.

V.  ТАШХИСОТ ДАР МАРҲИЛАИ ГОСПИТАЛӢ.

Имрӯзҳо маҳакҳои (меъёрҳои, “критерийҳои”) муайянкунии намуди ногузарогӣ вуҷуд надорад.

Барои асосноккунии ташхиси ногузарогии баъдиҷарроҳӣ, чунин аломатҳои клиникӣ лозим мебошанд, ба монанди:

а) намуди зоҳирии кӯдак, мавҷудияти аломатҳои эксикоз (камобшавии бофтаҳо), токсикоз (заҳролудӣ);

б) тавсифоти набз;

в) тавсифоти фишори шараёнӣ (ФШ);

г) баҳодиҳии биноии наҷосат;

д) баҳодиҳии биноии (зоҳирии) анбӯҳи қайӣ.

Дар мавриди азназаргузаронии шикам, аломати муҳими ногузарогӣ  перисталтикаи намоёни ҳалқаҳои рӯда дар девораи пеши шикам мебошад.

Пайвастагии (якҷоягии) ин аломат бо хуруҷи дардӣ, ногузарогии механикии рӯдаро тасдиқ менамояд.

Палмосидани шикам, метавонад мавҷудияти ташкилаи таранги чандирро дар ковокии шикам (ҳалқаи бодгирифта) ошкор намояд.

Гӯш кардани шикам барои ошкор намудани вайроншавии  перисталтикаи рӯда имконият медиҳад: садоҳои (қалдур-қулдури) зиёди рӯдаҳо (дар давраи бармаҳали беморӣ) ва сустшавии онҳо то ба оромии куллӣ (аломати дери аз ҷиҳати пешгӯӣ номусоид).

Таҳқиқоти ангуштии мустақима (рӯдаи рост) услуби ҳатмии муоина мебошад. Аломати  "Беморхонаи Обухов" хос мебошад.

Услубҳои рентгенологӣ таҳқиқоти назоратии (муоинавии) узвҳои ковокии шикамро дар бар мегиранд. Ин таҳқиқот дар ҳолати ростистодагии бемор, дар проексияи пешӣ-қафоӣ  иҷро карда мешавад. Агар ҳолати вазнини бемор барои дар мавқеи “вертикалӣ” (амудӣ) иҷро намудани аксбардорӣ имконият надиҳад, он гоҳ таҳқиқотро дар  мавқеи ба паҳлӯ дарозкашида (“латеропозитсия”) иҷро менамоянд. Пас аз  2-4 соат аз ибтидои беморӣ, аломатҳои рентгенологии ногузарогии рӯда дар сатҳи меъда, дар қисми ниҳоии рӯдаи тиҳигоҳӣ метавонанд ошкор карда шаванд. Агар инсидод (ногузарогӣ, обструксия) дар рӯдаи ғафс пайдо шавад, он гоҳ вақти пайдошавии аломатҳои  рентгенологии ногузарогии механикӣ то  8-12 соат ба таъхир меафтад. Аломати асосии рентгенологии ногузарогии механикӣ, ошкорсозии косачаҳои андозаҳояшон гуногуни Клойбер мебошад. Вақти барои гузаронидани рентгенографияи хулосавии шикам зарур 15-20дақиқаро ташкил медиҳад.

Дар мавриди  аломоти  рентгенологии  ноаён, пас аз гузаронидани  рентгенографияи хулосавӣ  “контрастикунонии” “антеградии” (пешнокиравандаи) рӯда иҷро карда мешавад. Таҳқиқот пас аз бо усули даҳонӣ ё тавассути санд ворид намудани  (макконидани) сулфити барийи ғализиаш ба мисли қаймоқ (“сметана”), ба миқдори ба 1/3 ҳиссаи синнии як ғизодиҳӣ гузаронида мешавад. Пас аз ин сари ҳар  3-6 соат рентгенографияи ковокии шикамро дар мавқеи амудӣ иҷро менамоянд.

Аломати ногузарогии механикӣ ҷамъшавии моддаи аксдиҳанда (“контрастӣ”) дар болои ҷойи монеа ба ҳисоб меравад.

Услубҳои лаборатории ташхисгузорӣ дар мавриди ногузарогии лиҳомӣ муайянкунанда намебошанд.

Маҷмӯи стандартии таҳлилҳои хун, пешоб, гурӯҳи хун ва  резус-мансубият, таҳқиқотҳои биокимиёии зардоби хун барои баҳодиҳии  гомеостази  “организм” (вуҷуд) зарур мебошад.

Ҷарроҳ бе гузаронидани услубҳои таҳқиқоти “объективӣ” ва дигар услубҳо, дар навбати аввал таҳқиқоти  рентгенологӣ ҳуқуқи мустасно намудани ташхиси ногузарогии лиҳомиро надорад.

Дар тамоми мавридҳои шубҳанок будани  ташхиси бемории шадиди ҷарроҳӣ, бемор бояд дар шӯъбаи ҷарроҳӣ, то аниқ намудани ташхис  дар зери назорати динамикӣ қарор дошта бошад.

VI. МУОЛИҶАИ ҒАЙРИҶАРРОҲӢ.

           Муолиҷаи ногузарогии бармаҳали рӯдаро аз тадбирҳои ғайриҷарроҳӣ оғоз менамоянд, ки ба барқарорсозии  пассажи рӯда равон карда шудаанд ва онҳо дар бар мегиранд:

- холикунии меъда бо роҳи гузоштани санди доимӣ, бо ба таври даврӣ  шустани он,

- барангезиши (“стимулятсияи”) дохиливаридии  перисталтикаи рӯдаҳо (маҳлули 0,05% прозерин 0,1 мл/сол);

- имолаи сифонӣ (масъабӣ);

- таслеҳи (коррексияи) вайроншавиҳои “гомеостаз”, “ҳемодинамика” (хунгардиш),  микрогардиши (“микросиркулятсияи”) атрофӣ (канорӣ, “периферӣ”).

        Дар мавриди  динамикаи мусбат камшавии заҳролудӣ (“интоксикатсия”), устуворшавии нишондиҳандаҳои “ҳемодинамика”, ихроҷшавии наҷосат ва  газҳо қайд карда мешаванд.

         Мавҷуд набудани тағйиротҳои мусбат ё бадшавии ҳолати бемор дар заминаи гузаронидани муолиҷаи ғайриҷарроҳӣ дар муддати  8 - 12 соат, нишондод ба ҷарроҳиро амр мекунад.

           Дар мавриди ногузарогии лиҳомии дерӣ, тадбирҳои ғайриҷарроҳӣ дар муддати  4 - 6 соат гузаронида мешаванд. Агар пас аз ин, ба барангезиши  2-3-каратаи доруворигӣ, пассажи рӯда барқарор нашавад, он гоҳ беморро ҷарроҳӣ намудан зарур мебошад.

           Таъйин намудани антибиотикотерапияи тоҷарроҳӣ (сефалоспоринҳои истеҳсоли насли II-III, аминогликозидҳо, метронидазол) ҳатмӣ мебошад.

    Дар бораи  зарурати муолиҷаи ҷарроҳӣ (дар баробари маълумотҳои клиникӣ), маълумотҳо дар бораи марҳилаҳои рентгенологии инкишофи ногузарогии “странгулятсионии” рӯдаи борик мувофиқи ақидаи  А.П.Хомутов шаҳодат медиҳад:

- марҳилаи I  - мавҷудияти танҳо бодгирии ҷудогонаи рӯдаи борик, бе сатҳҳои уфуқии (“ҳоризонталии”) моеот. Мавҷудияти газ дар рӯдаи ғафс дар бораи гузарогии нопурра шаҳодат медиҳад, мавҷуд набудани  газ дар бораи ногузарогии пурраи рӯдаи борик шаҳодат медиҳад.

- марҳилаи II – мутамоилӣ ба бодгирии рӯдаи борик; сатҳҳои уфуқии моеот пайдо мешаванд. Дар мавриди таҳқиқоти  рентгенологӣ аломати ҷойивазшавии моеот аз як ҳалқаи рӯда ба дигараш, бо тағйирёбии ҷойгиршавии  сатҳҳои моеот ба назар мерасанд.

- марҳилаи III  - рӯдаи борики  ниҳоят бодгирифта бо миқдори зиёди сатҳҳои уфуқии моеот.

- марҳилаи IV – таваттури (“тонуси”) рӯда аз боиси инкишофёбии мавтшавии ҳамаи девораҳои қитъаи қиссишудаи рӯда ниҳоят паст мешавад. Баландии пуфаки газӣ дар ин маврид ба таври аён паст мешавад, аммо дарозии сатҳҳои моеот ниҳоят меафзояд, онҳо дар як сатҳ ҷойгир мешаванд. Газ дар рӯдаи ғафс муайян карда намешавад.

Дар марҳилаҳои  III ва IV мудохилаи ҷарроҳии таъҷилӣ ҳатмӣ мебошад.

VII.  МУОЛИҶАИ ҶАРРОҲӢ.

Бедардсозӣ (беҳиссозӣ) дар мавриди мудохилаи ҷарроҳӣ –тахдири (“наркози”) дохилихирнойӣ (“эндотрахеалӣ”).

Дастраскунии (чоки) амалиётии ҷарроҳӣ -  “лапаротомияи” мобайнӣ. Дар мавриди ногузарогии лиҳомии дери рӯда, бурида гирифтани хадшаи (асари) кӯҳнаи захм мумкин аст.

Мақсади муолиҷаи ҷарроҳӣ:

1. Бартарафсозии часпишҳо (лиҳомҳо).

 2. Баҳодиҳии қобили ҳаёт будани рӯда.

3. “Санатсияи” ковокии шикам.

4. Декомпрессияи маҷрои ҳозима.

Намудҳои мудохилаҳои ҷарроҳӣ, ки вобаста аз бозёфти амалиётии ҷарроҳӣ гузаронида мешаванд:

- чок (буридан ё бурида ҷудо) кардани часпишҳо;

- ҷудо кардани часпишҳо ҳангоми лапароскопия;

-  вистсеролизи пурра ва интестинопластика;

- резексияи қитъаи қобилияти ҳаётӣ надошта бо ташаккулдиҳии анастомози рӯдаӣ;

- гузоштани  илеостома.

        Мудохилаҳои ҷарроҳии нишондодашударо, бо интубатсияи декомпрессионии рӯда пурра намудан мувофиқи мақсад мебошад.

VIII. МУОЛИҶАИ БАЪДИҶАРРОҲӢ.

         Муолиҷаи баъдиҷарроҳӣ дар шӯъбаи эҳёгарӣ ва муолиҷаи вусъатнок гузаронида мешавад, ки дар он гузаронидани муолиҷаи  инфузионӣ, антибиотикотерапия, бедардсозии мувофиқ  идома меёбад.

          Санди меъдаӣ ҳангоми пайдошавии перисталтика ва мавҷуд набудани  таваққуфи (рукуди) мӯҳтавии меъда гирифта мешавад.

        Ионофорез бо  йодиди калий ё лидаза таъйин карда мешавад.

         Дар мавриди зурурат барангезиши (“стимулятсияи”) перисталтика мувофиқи услубҳои умумиқабулгардида гузаронида мешавад.

IX.  НАЗОРАТИ  ДИСПАНСЕРӢ.

1. Пас аз ҷавобшавӣ аз беморхона идомадиҳии курсҳои  электрофорез бо йодиди  калий  - соле  2 курс 20 сеансӣ.

2. Равон намудан ба муолиҷаи  санаторӣ-курортӣ пас аз  12 моҳи баъди муолиҷаи ҷарроҳӣ.

 

Адабиётҳо:

Ю.Ф. Исаков, А.Ф.Дронов. Детская хирургия. Национальное руководство. Москва. «ГЭОТАР-Медиа. 2009г.

← Библеотека

Табибони мо

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

    30
    Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич

    ходими илми

    37
    Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна

    ҳодими илм

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

    20
    Холиқов Зиёратшо Ҳукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5