МУОЛИҶАИ ОСЕБҲОИ ПӮШИДАИ КОВОКИИ ШИКАМ

Берунории файл

ПРОТОКОЛИ  № 10

МУОЛИҶАИ ОСЕБҲОИ ПӮШИДАИ КОВОКИИ ШИКАМ

I. РАМЗИ ТББ - 10 - S - 30.0.

II. ТАСНИФОТИ ОСЕБҲОИ ПӮШИДАИ КОВОКИИ ШИКАМ

 1. Латхӯрии девораи шикам.

 2. Осебҳои пӯшидаи узвҳои ковоки ковокии шикам.

  3. Осебҳои пӯшидаи узвҳои лаҳими (“паренхимаии”) ковокии шикам.

  4. Осебҳои пӯшидаи узвҳои ковок ва лаҳими ковокии шикам.

III.ТАШХИСОТ ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ.

          1. Аз рӯйи имконият ҷамъ намудани ҳолномаи тиббӣ, баҳодиҳии дараҷаи ҳуш (шуур) ва вазнинии ҳолат.

          2.  Баҳодиҳии набз, касрати нафаскашӣ, ченкунии фишори шараёнӣ.

          3. Азназаргузаронӣ ва муоина (таҳқиқот) бо мақсади ошкорсозии иллатёбиҳои осебӣ.

IV. МУОЛИҶА ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ.

1. Тозасозии ковокии даҳон ва ҳалқбинӣ, дар мавриди зарурат – танбиби (“интубатсияи”) хирной.

2. Ба шахси осебдида додани мавқеи уфуқӣ бо пасткунии сар ва ба паҳлӯ гардонидани он.

3. Гузаронидани тадбирҳои зиддисадмаӣ (бедардсозӣ, муолиҷаи  инфузионӣ).

4. Интиқолдиҳии шахси осебдида ба шӯъбаи ҷарроҳӣ.

V. ТАШХИСОТ ДАР МАРҲИЛАИ ГОСПИТАЛӢ.

1. Мувофиқи имконият ҷамъ намудани ҳолномаи тиббӣ, баҳодиҳии дараҷаи ҳуш ва вазнинии ҳолат ва шикоятҳо.

2. Азназаргузаронии умумӣ ва таҳқиқоти объективӣ (ҳисоб кардан ва баҳодиҳии набз, касрати нафаскашӣ, ченкунии фишори шараёнӣ, палмосидан (“палпатсия”), ангуштзанӣ (“перкуссия”), аускултатсияи узвҳои қафаси сина ва ковокии шикам).

3.  Таҳқиқоти лабораторӣ: таҳлили умумии хун ва пешоб, нишондиҳандаҳои  биокимиёии хун, муайян намудани гурӯҳи хун ва резус-омил.

4. Таҳқиқоти рентгенологӣ: рентгенографияи хулосавии қафаси сина ва ковокии шикам дар мавқеи ростистодагӣ  (дар мавриди имконнопазирӣ – дар мавқеи паҳлӯӣ (“латеропозитсия”)).

5. Таҳқиқоти фавқуссадоии узвҳои ковокии шикам (дар мавриди зарурат томографияи компютерӣ (КТ)).

6. Дар мавриди мавҷудият ё гумонбарӣ ба осебёбии дигар узвҳо ва системаҳо – маслиҳатдиҳии ҳатмии мутахассисони соҳавӣ бо тавсеаи зарурии ҳаҷми таҳқиқот.

7. Дар мавриди иконнопазирии ҳаллу фасл намудани  масъалаҳои муолиҷавӣ-тактикӣ тавассути услубҳои ғайриолоишӣ (“ғайриинвазивӣ”)  лапароскопия ё услуби қастараи ҷустуҷӯкунанда нишон дода шудааст.

VI. МУОЛИҶАИ ҶАРРОҲӢ

1. Бемори осеби пӯшидаи   ковокии шикам доштаро ба шӯъбаи муолиҷаи вусъатнок бистарӣ намудан лозим аст.

2. Дар мавриди муқаррар намудани ташхиси осеби пӯшидаи ковокии шикам, ҳангоми мавҷуд будани хунравии фаровон, хунравии идомаёфтаистода,  устуворшавии нишондиҳадаҳои ҳемодинамикиро интизор нашуда истода, мудохилаи ҷарроҳии таъҷилӣ дар заминаи муолиҷаи инфузионии зиёд нишон дода шудааст.

3. Ба бемори   иллатёбиҳои осебии узви ковокидор дошта, пас аз гузаронидани омодасозии қаблиҷарроҳӣ мудохилаи ҷарроҳӣ зарур мебошад.

4. Дар мавриди мавҷуд набудани аломатҳои хунравӣ, устуворшавии нишондиҳандаҳои ҳемодинамика дар зери назорати доимии ҷарроҳ, назорати мониторӣ, лабораторӣ ва фавқуссадоӣ гузаронидани муолиҷаи вусъатнок нишон дода шудааст.

 5. Мудохилаи ҷарроҳӣ -  лапаротомияи мобайнӣ иҷро карда мешавад.

Дар мавриди осебёбии узви ковок бо кафидани девора, дӯхтани девора ё  резексияи сегменти рӯда, бо гузоштани анастомози нӯг ба нӯг нишон дода шудааст. Дар мавриди кафидани қисмҳои дисталии рӯдаи ғафс ва мавҷудияти  перитонит гузоштани (баровардани) носур (“стома”) нишон дода шудааст.

6. Тактикаи ҷарроҳӣ дар мавриди осебёбии узвҳои лаҳим бояд узвмаҳфуздоранда (узвнигаҳдоранда) бошад: дӯхтани кафидагӣ бо истифодабарии дарзҳову масолеҳи хунбоздоранда, диатермокоагулятсия ё резексияи сегментии узв. Спленэктомия дар мавриди пачақ шудани лаҳмаи узв (“паренхима”) ва осебёбии пояи рагӣ иҷро карда мешавад. Мудохилаи ҷарроҳӣ бо санатсияи ковокии шикам тавассути маҳлулҳои антисептикҳо, бо назорати бодиққати ҳемостаз анҷом меёбад. Дар мавриди осебёбии ҷигар, ғадуди зери меъда ва дар мавриди мавҷудияти хунравии ночизи лаҳмӣ (“паренхимаӣ”) бояд обияткашӣ карда шавад, бо баровардани обияткаш (“дренаж”) аз чоки иловагӣ. Дар мавриди боздоштани хунравӣ бо услубҳои ғайриҷарроҳӣ ва мавҷудияти миқдори зиёди хун дар ковокии шикам, санатсияи  лапароскопӣ пас аз  24-48 соат нишон дода шудааст.

VII. МУОЛИҶАИ БАЪДИҶАРРОҲӢ.

1. Муолиҷа дар зери назорати доимии ҷарроҳ гузаронида мешавад.

2. Қабули моеот ва ғизоро дар мавриди мавҷудияти перисталтикаи рӯда ва мавҷуд набудани мӯҳтавии таваққуфӣ дар меъда сар кардан лозим аст.

 VIII.ТАДБИРҲОИ РЕАБИЛИТАТCИОНӢ.

  1. Беморони осеби пӯшидаи ковокии шикамро азсаргузаронида, бояд дар қайди диспансерӣ, бо гузаронидани назорати даврагии лабораторӣ ва фавқуссадоӣ ва курсҳои муолиҷаи зиддилиҳомӣ (зиддичаспандагӣ) қарор дошта бошанд. Тадбирҳо ба пешгирии авориз, дар мавриди пайдошавии онҳо бошад ба ошкорсозӣ ва муолиҷаи саривақтии онҳо равон карда шудаанд.

Адабиётҳо:

  1. Ашкрафт К.У., Холдер Т.М. Детская хирургия. Изд. «Хардфорд» Санкт-Петербург. 1996г.
  2. Г.А.Баиров.  Неотложная хирургия детей. Медицина. 1983г.
  3. Ю.Ф.Исаков, Э.А.Степанов, Т.В.Красовская. Абдоминальная хирургия у детей. Москва, Медицина. 1988.
  4. Ю.Ф.Исаков, А.Ф Дронов. Детская хирургия . Национальное руководство. Москва. М: 2009.

← Библеотека

Табибони мо

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

    30
    Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич

    ходими илми

    37
    Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна

    ҳодими илм

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

    20
    Холиқов Зиёратшо Ҳукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5