МУОЛИҶАИ ОСЕБҲОИ КУШОДАИ КОВОКИИ ШИКАМ

Берунории файл

ПРОТОКОЛИ № 9

МУОЛИҶАИ ОСЕБҲОИ  КУШОДАИ КОВОКИИ ШИКАМ

I. РАМЗИ ТББ - 10 - S - 30.8

II. ТАСНИФОТИ ОСЕБҲОИ  КУШОДАИ КОВОКИИ ШИКАМ

1. Захмдоршавии ғайриноқиб (вориднашаванда):

   - бо осебёбии девораи шикам;

   - бо осебёбии хориҷишикамии ғадуди зери меъда, рӯда, гурдаҳо,  ҳолиб (шошагузар), шошадон;

 2. Захмдоршавии ноқиб (воридшаванда):

  - бе осебёбии узвҳои ковокии шикам;

 - бо осебёбии узвҳои ковоки (дарунхолии) ковокии  шикам;

  - бо осебёбии узвҳои лаҳими (“паренхимаии”) ковокии шикам

- бе осебёбии узвҳои ковок ва лаҳими ковокии шикам.

III.  ТАШХИСОТ ДАР  МАРҲИЛАИ  ТОГОСПИТАЛӢ.

1. Аз рӯйи имконият ҷамъ намудани ҳолномаи тиббӣ (анамнез), баҳодиҳии дараҷаи ҳуш ва вазнинии ҳолат.

2. Баҳодиҳии набз, касрати нафаскашӣ, ченкунии фишори шараёнӣ.

3. Азназаргузаронӣ ва таҳқиқот бо мақсади ошкорсозии иллатёбиҳои осебӣ.

IV. МУОЛИҶА ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ.

 а. Тозасозии ковокии даҳон ва ҳалқбинӣ, дар мавриди зарурат – танбиби (“интубатсияи”) хирной.

б. Мавқеи уфуқӣ (“ҳоризонталӣ”) бо паст кардани (фаровардани) сар ва ба паҳлӯ гардонидани он.

в. Гузоштани бандинаи асептикӣ ба захм. Дар мавриди берун афтодани (баромадани, эвентратсияи) узвҳои дохилӣ  (чарбу, ҳалқаи рӯда) бандинаро ба узвҳое гузоштан лозим аст, ки ба берун афтодаанд (баромадаанд), аммо онҳоро баргашта ба ковокии шикам даровардан лозим нест.

г. Гузаронидани чорабиниҳои зиддисадмаӣ (бедардсозӣ, муолиҷаи инфузионӣ).

д. Интиқолдиҳии шахси осебдида ба шӯъбаи ҷарроҳӣ.

 

V. ТАШХИСОТ ДАР МАРҲИЛАИ ГОСПИТАЛӢ.

1. Аз рӯйи имконият ҷамъ намудани ҳолномаи тиббӣ, баҳодиҳии дараҷаи ҳуш (шуур) ва вазнинии ҳолат ва шикоятҳо.

2. Азназаргузаронии умумӣ ва таҳқиқоти объективӣ (ҳисоб кардан ва баҳодиҳии набз, касрати нафаскашӣ, ченкунии фишори шараёнӣ, палмосидан (“палпатсия”), ангуштзанӣ (“перкуссия»), аускултатсияи узвҳои ковокии қафаси сина ва  шикам).

3. Баҳодиҳии тамаккун (ҷойгиршавӣ) ва хусусияти сӯрохҳои даромадгоҳӣ ва баромадгоҳӣ, мавҷудияти баромада афтидани узвҳои ковокии шикам, хунравӣ, тарашшӯҳи мӯҳтавии рӯда, талха, пешоб.

4. Таҳқиқоти мустақимаӣ (ректалӣ).

5.  Таҳқиқоти лабораторӣ: таҳлили умумии хун ва пешоб, нишондиҳандаҳои  биокимиёии хун, муайян намудани гурӯҳи хун ва резус-омил.

6. Таҳқиқоти рентгенологӣ: рентгенографияи хулосавии қафаси сина ва ковокии шикам, дар мавқеи ростистодагӣ  (дар мавриди имконнопазирӣ–дар мавқеи паҳлӯӣ (“латеропозитсия”).

7. Ташхиси фавқуссадоии узвҳои ковокии шикам (дар мавриди зарурат томографияи компютерӣ (КТ)).

8. Дар мавриди мавҷудият ё гумонбарӣ ба осебёбии дигар узвҳо ва системаҳо – маслиҳатдиҳии ҳатмии мутахассисони соҳавӣ бо тавсеаи зарурии ҳаҷми таҳқиқот.

9. Дар мавриди иконнопазирии ҳаллу фасл намудани  масъалаҳои муолиҷавӣ-тактикӣ тавассути услубҳои ғайриолоишӣ (“ғайриинвазивӣ”)  лапароскопия, услуби қастараи ҷустуҷӯкунанда ё  лапаротомияи ташхисӣ нишон дода шудааст.

Омодасозии қаблиҷарроҳӣ.

1. Муолиҷаи инфузионӣ бо мақсади безаҳргардонӣ (“дезинтоксикатсия”), боздоштани хунравӣ (ҳемостаз), бедардсозӣ, таслеҳи (“коррексияи») тағйирёбиҳои обӣ-электролитӣ ва сафедаӣ дар шӯъбаи эҳёгарӣ ва муолиҷаи вусъатнок.

2. Антибиотикотерапияи қаблиҷарроҳӣ.

VI. МУОЛИҶАИ ҶАРРОҲӢ

1. Бемори осеби кушодаи  ковокии шикам доштаро фавран ҷарроҳӣ намудан лозим мебошад.

2. Дар мавриди мавҷуд набудани аломатҳои возеҳи клиникии захмдоршавии кушода, покизасозии аввалини ҷарроҳии захм гузаронида мешавад. Мавҷуд будани нуқсон дар шикампардаи девораӣ (“париеталӣ”)  барои гузаронидани лапаротомияи мобайнӣ нишондоди мутлақ мебошад. Гузаронидани  лапаротомия, бо роҳи васеъ намудани захми гирифтаи бемор аз боиси эҳтимолияти сироятнокшавӣ, фасодкунӣ, ҳамчунин ғайрифизиологӣ будани дастраскунӣ (роҳкушоӣ) зиднишондод мебошад.

VII. АМАЛИ (ТАКТИКАИ) ҶАРРОҲӢ.

Дар мавриди осебҳои кушодаи узвҳои лаҳим ва ковок бо тактика ҳангоми осебҳои пӯшида якхела мебошад.

VIII. МУОЛИҶАИ БАЪДИҶАРРОҲӢ:

1. Дар зери назорати доимии  духтури ҷарроҳ, дар шӯъбаи муолиҷаи вусъатнок гузаронида мешавад.

2. Истифодабарии моеот ва ғизо дар мавриди мавҷуд будани перисталтикаи рӯда ва мавҷуд набудани мӯҳтавии  рукудӣ (таваққуфӣ) дар меъда сар карда шавад.

IХ. РЕАБИЛИТАТСИЯ

1. Кӯдаке, ки осеби кушодаи ковокии шикамро аз сар гузаронидааст, бояд дар зери назорати  диспансерӣ қарор дошта бошад, бо гузаронидани назорати лабораторӣ ва фавқуссадоӣ ва курсҳои муолиҷаи зиддилиҳомӣ (зиддичаспандагӣ). Тадбирҳо ба пешгирии авориз равон карда шудаанд, дар мавриди пайдошавии онҳо бошад – ба  ошкорсозӣ ва муолиҷаи саривақтӣ.

 Адабиётҳо:

Исаков Ю.Ф., ДроновА.Ф. Детская хирургия. Национальное руководство. М: «ГЭОТАР- Медиа», 2009г., стр. 258-269.

← Библеотека

Табибони мо

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

    30
    Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич

    ходими илми

    37
    Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна

    ҳодими илм

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

    20
    Холиқов Зиёратшо Ҳукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5