ТАШХИСОТ ВА МУОЛИҶАИ ОСТЕОМИЕЛИТИ МУЗМИНИ ҲЕМАТОГЕНӢ (ХУНЗОД)

Берунории файл

Протоколи № 8

ТАШХИСОТ ВА МУОЛИҶАИ  ОСТЕОМИЕЛИТИ МУЗМИНИ  ҲЕМАТОГЕНӢ  (ХУНЗОД)

I. РАМЗ АЗ РӮЙИ ТББ- 10: М 86.3

Остеомиелити аввалини музмин - М 86.6;

Остеомиелити дувумини музмин бе носурҳо – М 84.4; остеомиелити дувумини музмин бо носурҳо - М 86.3.

II. НОМИ БЕМОРӢ - остеомиелити музмини ҳематогенӣ (ОМҲ) –илтиҳоби музмини мағзи устухон,устухон ва устухонпарда.

Таснифот.

Шаклҳои (намудҳои) ОМҲ: - остеомиелити аввалини музмини ҳематогенӣ: думмали (абстсесси)  Brodie, остеомиелити Garre, остеомиелити албуминозии Ollier, остеомиелити антибиотикӣ, остеомиелити серлонаи (“полифокалии”) Probst,  остеомиелити омосшакл; остеомиелити дувумини музмини ҳематогенӣ (бо носур, бе носур).

Марҳилаҳои ОМҲ: хомӯшшавиҳои муваққатӣ (ремиссияҳо), шиддатёбиҳо (авҷгириҳо).

III. ТАШХИСОТ ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ.

Ташхисот ба шарҳи ҳоли бемор (анамнез) (кӯдак  4 - 6 моҳ қабл остеомиелити ҳематогении шадидро аз сар гузаронидааст) ва таҳқиқоти  клиникӣ асос меёбад: шикоятҳо ва падидаҳои клиникӣ (нигар ба банди 5). Дар мавриди гумонбарӣ ба ОМҲ кӯдакро ба беморхонаи махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ равон намудан лозим аст.

 

IV. МУОЛИҶА ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ.

Таъйин намудани муолиҷаи зиддибактериявӣ (сефалоспоринҳои насли  III: сефтриаксон, сефатоксим 50-100 мг/кг).

V. ТАШХИСОТ ДАР МАРҲИЛАИ ГОСПИТАЛӢ.

Маҳакҳои (критерийҳои) асосии клиникӣ.

Остеомиелити ававалини музмин:

• Шикоятҳо: нороҳатӣ (“дискомфорт”), дардҳои ночиз дар муддати дароз дар пой (даст) (бештар дар мавзеи наздибуғумӣ), беморон ба беморхона бо сабаби устувории алоими дардӣ муроҷиат менамоянд.

• Аломатҳои умумӣ: метавонад баландшавии ҳарорати бадан то нишондиҳандаҳои  субфебрилӣ мавҷуд бошад.

• Аломатҳои ҷузъӣ: баландшавии миёнаи  ҳарорати ҷузъӣ, иртишоҳи (инфилтратсияи) бофтаҳои гирдиустухонӣ, дард дар мавриди палмосидани устухон, ғафсшавии он, гоҳе метавонад дабилаи (“флегмонаи”) бофтаҳои нарм ва ҳатто  носур  пайдо шавад.

Остеомиелити дувумини музмин:

• Шикоятҳо: дарди мустақил ва барангезонидашаванда дар пойи (дасти) иллатёфта (марҳилаи шиддатёбӣ). Дар ҳолномаи тиббӣ– остеомиелити ҳематогении шадиди азсаргузаронидашуда.

• Аломатҳои умумӣ: баландшавии ҳарорати бадан бештар аз 38°С, бадшавии аҳволи умумӣ, заҳролудӣ (интоксикатсия).

• аломатҳои ҷузъӣ: дард дар мавриди ангуштзанӣ (“перкуссия”) ва палмосидан (“палпатсия”), таровиши (инфилтратсияи) бофтаҳои нарм, баландшавии ҳарорати ҷузъӣ;  дере нагузашта дабилаи (“флегмонаи”) гирдиустухонӣ инкишоф меёбад ё носур кушода мешавад, ки аз он фасод ва баъзан  секвестрҳои хурд мебароянд.

Ташхиси ҳатмии лабораторӣ.

Таҳлили умумии хун – дар марҳилаи шиддатёбӣ, дар мавриди остеомиелити дувумини музмин афзоишёбии миқдори  лейкотситҳо, баландшавии  СТЭ, тамоюли  формулаи лейкотситӣ  ба чап (афзудани миқдори нейтрофилҳо) ошкор карда шавад, дар мавриди остеомиелити аввалини музмин -  лейкотситози дараҷаи миёна, метавонад суръатнокшавии  СТЭ пайдо шавад.

     Таҳлили умумии пешоб  – бе ягон хусусият, метавонад протеинурия пайдо шавад.

     Таҳқиқоти иммунологӣ – вайроншавии  фаготситоз, баландшавии шумораи  Т-ҳуҷайраҳо-супрессорҳо, тахассусишавии (хусусишавии) пасти β-ҳуҷайраҳо.

     Таҳқиқотҳои микробиологӣ: ташбеҳдиҳии (“идентификатсияи”) барангезанда дар тарашшӯҳот аз лонаи илтиҳоб (устухон, носурҳо, дабила (“флегмона”)).

Ташхисоти ҳатмии олотӣ (“инструменталӣ”).

Рентгенографияи пойи (дасти)  иллатёфта тағйиротҳои нобудкунанда (деструктивӣ) ва нумуввии (“пролиферативии”) устухонро  (тасаллуб (склероз),  ташкилаҳои ковокигии дохилиустухонӣ бо секвестрҳо ё бе онҳо) ошкор менамояд.

Фистулография барои муайян намудани рафти (роҳи) носур ва алоқамандии онро бо лонаи дохилиустухонии илтиҳоб ва секвестр ёрӣ мерасонад.

Маслиҳатдиҳии духтури анестезиолог барои муайян намудани таъминоти тахдирӣ (“анестезиологӣ”).

Чорабиниҳои иловагии ташхисӣ.

Таҳқиқоти фавқуссадоии устухони иллатёфта, барои дарёфт намудани аломатҳои  деструксия, мавҷудияти дабилаи (“флегмонаи”) гирдиустухонӣ (параоссалӣ) имконият медиҳад.

Томография барои дар устухонҳо ошкор намудани лонаҳои ковокидори илтиҳобии  андозаашон хурд дар заминаи падидаҳои калони склероз имконият медиҳад.

Маслиҳатдиҳии иловагии мутахассисон аз рӯйи нишондодҳо таъйин карда мешаванд (дар мавриди  протеинурия – маслиҳатдиҳии  нефролог ва ғ.).

VI. МУОЛИҶАИ ҶАРРОҲӢ.

Омодасозии қаблиҷарроҳӣ.

     Духтури  анестезиолог мувофиқи  протоколҳо муқаррар менамояд.

Мудохилаи ҷарроҳӣ.

Дар марҳилаи шиддатёбӣ декомпрессияи маддахонаи дохилимағзиустухонӣ (дохилиликӣ) бо ёрии сӯзанҳои доимӣ ё қастараҳои полихлорвинилӣ, шустани лонаи иллат, муолиҷаи зиддимикробии ҷузъӣ, обияткашонии (“дренажикунонии”)  флегмонаҳо, поксозии (танзифи, ”санатсияи”) носурҳо амалӣ гардонида мешавад.

Пас аз хомӯшшавии падидаҳои илтиҳобӣ ба мудохилаи ҷарроҳии комил (“радикалӣ”) даст мезананд, ки аз фистулонекрсеквестректомияи комил (баркандани тамоми бофтаҳои қобили ҳаёт набуда: секвестрҳо, гранулятсияҳои касолатӣ (“патологӣ”),  склерози барзиёд, носурҳо), санатсияи интраоператсионии (дохилиамалиётии) сегменти иллатёфта (шустан бо антисептикҳо, покизасозӣ бо СО2-лазер, бо фавқуссадо), пармакунии (сӯрохкунии) сершумори девораҳои склерозишудаи боқимондаи устухонӣ дар мавриди склерози ифоданоки онҳо ва тармими (пластикаи) ковокиҳои боқимондаи устухонӣ - аутоспонгиозҳо, ки ба мағзи устухон монанданд, иборат мебошанд (ба истифодабарии  фотомодификатсияи аутоматериал бартарӣ дода мешавад, ки дар он пас аз нурзанонии ултрабунафш  иқтидори остеогении (устухонофарии) ҳуҷайраҳо - пешгузаштаҳои мағзиустухонӣ (иликӣ)  хеле баланд мешавад).

Муолиҷаи ҷузъӣ.

Устуворсозии оқилона (“ратсионалӣ”) пас аз ҷарроҳӣ аз истифодабарии бандинаҳои гаҷӣ иборат мебошад, аммо дар мавриди зарурат бошад қисми (сегменти) ҷарроҳишуда бо дастгоҳи сихии компрессионӣ-дистраксионӣ устувор карда мешавад.

VII. МУОЛИҶАИ БАЪДИҶАРРОҲӢ.

Таъсиррасонӣ ба макроорганизм дар марҳилаи шиддатёбии беморӣ, аз мубориза бо заҳролудӣ (“интоксикатсия”) (муолиҷаи тасрибӣ (инфузионӣ)), дастгирӣ ва барангезонидани қувваҳои муҳофизатии вуҷуд (иммунотерапияи таъвизӣ (ивазкунанда), истифодабарии  иммуномодуляторҳо), муолиҷаи камҳассоскунанда (десенсибилизатсиякунанда), витаминотерапия иборат мебошад. Ҳаҷми ин чорабиниҳо аз ифоданокии вокуниши системавии вуҷуд ба сироят вобаста мебошад.

Таъсиррасонӣ ба микроорганизм, бо роҳи гузаронидани  антибиотикотерапияи оқилона амалӣ гардонида мешавад. Доругиҳои интихобӣ сефалоспоринҳои генератсияи насли  III  (сефтриаксон, сефатоксим 50 мг/кг),  фторхинолонҳо (абактал 10 мг/кг) мебошанд.

Таъсиррасонӣ ба лонаи илтиҳоб дар марҳилаи шиддатёбӣ (ҳангоме ки  декомпрессия гузаронида мешавад), аз гузаронидани муолиҷаи ҷузъии зиддимикробӣ: линкомитсин, канамитсин иборат мебошад.

VIII.ЧОРАБИНИҲОИ   РЕАБИЛИТАТСОНӢ

Принсипҳои асосии реабилитатсияи кӯдакони ОМҲ дошта муолиҷаи муштараки (омехтаи, маҷмӯии,  комплексии) марҳилавӣ ва  диспансерикунонӣ мебошад. Пас аз ҷавобшавӣ аз беморхона, ба таври дармонгоҳӣ (“амбулаторӣ”) гузаронидани тадбирҳои умумӣ-солимгардонӣ ва санатсияи лонаҳои сирояти музмин (бемориҳои фасодӣ-илтиҳобии пӯст, бодомакҳои ҳалқ, гӯшҳо, дандонҳо ва ғ.) зарур  мебошад. Муолиҷаи зиддитакроршавиро (“зиддиретсидивиро”) соле 2 маротиба (баҳорон ва тирамоҳ) гузаронидан мувофиқи мақсад мебошад, дар ин маврид маҷмӯи чорабиниҳои зеринро мегузаронанд: витаминотерапия, иммуномодуляторҳо, муолиҷаи камҳассоскунанда (“десенсибилизатсиякунанда”), ҳамчунин   электрофорез бо антибиотикҳо, магнитотерапия ва  лазеротерапия. Таҳқиқоти назоратии клинико-рентгенологиро пас аз 3 - 6 моҳи ҷавобшавӣ аз беморхона,  минбаъд  - як маротиба дар  12 моҳ, дар муддати  5 сол амалӣ гардонидан лозим аст. Минбаъд кӯдаки ОМҲ - ро аз сар гузаронида, бояд дар зери назорати ҷарроҳи кӯдакона, сипас ҷарроҳи калонсолон қарор дошта бошад.

IХ.МУОЛИҶАИ САНАТОРӢ - КУРОРТӢ (ОСОИШГОҲӢ-СИҲҲАТГОҲӢ).

Адабиётҳо:

1. Акжигитов Г.Н., Юдин Я.Б. //Гематогенный остеомиелит. – М., Медицина, 1998г. 288 стр.

2. Цуман В.Г., Машков А.Е., Щербина В.И.  и соавт.//Детская хирургия.- 2000г. №1.

← Библеотека

Табибони мо

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

    30
    Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич

    ходими илми

    37
    Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна

    ҳодими илм

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

    20
    Холиқов Зиёратшо Ҳукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5