МУОЛИҶАИ ОМФАЛОТСЕЛЕ (ЧУРРАИ НОФ)

Берунории файл

Протоколи № 7

МУОЛИҶАИ ОМФАЛОТСЕЛЕ (ЧУРРАИ НОФ)

I. РАМЗИ ТББ -10 - Q 79.2

II. ШАКЛҲОИ КЛИНИКӢ

Аз рӯйи андозаҳо:

• хурд – норасоии (дефекти) девораи пеши шикам то 3-4 см дар диаметр, барҷастагӣ то 5 см дар диаметр;

• миёна - норасоии (дефекти) девораи пеши шикам то 7 см дар диаметр, барҷастагӣ то 10 см дар диаметр;

• миёна - норасоии (дефекти) девораи пеши шикам бештар аз 7 см дар диаметр, барҷастагӣ бештар аз 10 см дар диаметр.

Аз рӯйи мӯҳлати бавуҷудоӣ ва хусусиятҳои анатомӣ:

• чурраҳои ҷанинӣ (эмбрионалӣ) – пардаҳои чурра ба ҷигар сахт часпидаанд;

• чурраҳои тухма - пардаҳои чурра ба ҷигар начаспидаанд;

• чурраҳои омехта.

Аз рӯйи равиши  клиникӣ:

• бе авориз – бо пардаҳои тағйирнаёфта;

• аворизнокшуда – бо пардаҳои осебёфта, сироятёбӣ, муаммоҳои ҳамрадиф.

Ташхиси  омфалотселе ба таври аниқ дар давраи тотаваллудӣ (антенаталӣ) имконпазир мебошад.

III. ТАШХИСОТ ДАР ТАВАЛЛУДХОНА

• норасоии (костии, нуқсони, дефекти) девораи пеши шикам дар минтақаи ноф, бо барҷаста баромадани узвҳои дохилӣ, ки бо пардаи нафиси шаффофи хокистарранг (тира) пӯшонида шудааст;

• дар ҳудуди бофтаҳои солим чанбараки қирмизитоб (сурхчатоб) то 2-3 мм мавҷуд мебошад;

• пардаҳои чурра ба танобаки ноф мегузаранд;

• ҳолати умумии навзод аз бузургии чурра ва равиши клиникии он – бутунии пардаҳо, сироятнокшавии ковокии шикам, нуқсонҳои ҳамрадиф вобаста мебошад.

Ташхиси тафриқавӣ бо  гастрошизис ва энтерошизис.

IV. МУОЛИҶА ДАР ТОЛОРИ ЗОИШ

• тоб додани танобаки ноф аз периферия ба асоси он тавсия дода мешавад, то он ки осебёбии ҳалқаҳои рӯда дар мавриди бастани он ва гузоштани  “клемма” пешгирӣ карда шавад;

• барҷастагии чурра бо сачоқчаҳои қоқу гарм ва бесироятгардонида-шуда ё парпеч пӯшонида мешавад (трамал даҳонӣ (энтералӣ), морфин 0,2 мг/кг).

Нишондодҳо ба муолиҷаи ғайриҷарроҳӣ

•  чурраҳо бо пардаҳои сироятёфта;

•  чурраҳои андозаашон бузург, ҳангоми ҷойивазшавии узвҳои дохилӣ дар ковокии шикам ба  қатъшавии нафаскашӣ ва фаъолияти дил оварда мерасонад;

• чурраҳо бо вайроншавиҳои ҳамрадифи вазнин, ки барои ҷарроҳӣ зиднишондод мебошанд (осеби вазнини дохилиҷумҷумавӣ, нуқсони мураккаби дил, зоидашавии норасо (чалазодӣ) ва диг.).

Нишондодҳо ба муолиҷаи ҷарроҳӣ

• чурраҳои аворизнокшудаи ҳама андозаҳо, бе сироятёбии пардаҳо, дар соатҳои аввали баъди зоиш;

• чурраҳои тамоми андозаҳо бо кафидани пардаҳо ва эвентратсия (дарунберуншавии узвҳои шикам);

• чурраҳо бо вайроншавиҳои ҳамрадифи фаъолияти узвҳои ковокии шикам, ки  ёрии таъҷилиро тақозо менамоянд - ногузарогии модарзодии  рӯда, найчаи (маҷрои)  кушодаи халтаи (кисаи) зардӣ.

V. ОМОДАСОЗИИ ҚАБЛИҶАРРОҲӢ

• кӯдаки навзод дар катчаи гармкунак (“кувез”), гармкунии кӯдак;

• оксигени намнок;

• васоити доругии қалбӣ;

• санди меъдаӣ;

• таҳқиқоти умумиклиникӣ;

• таҳқиқоти аввалини  бактериолоҷии маводи дастраси аслӣ;

• барои мустасно намудани касолати (патологияи) ҳамрадиф –таҳқиқоти рентгенологии хулосавии ковокии шикам, ЭхоКГ, таҳқиқоти фавқуссадоӣ;

• антибиотикҳо, викасол;

• имолагузорӣ (ҳуқнагузорӣ, “клизма”);

• соз кардани (омодасозии)  системаи воридсозии дохиливаридии маҳлулҳо;

• муолиҷаи аломатӣ (“симптомӣ”).

 

VI. МУОЛИҶАИ ҶАРРОҲӢ - таъҷилӣ.

Маҳаки (“критерийи”) омодагӣ ба амалиёти ҷарроҳӣ  устуворшавии (“стабилизатсияи”) ҳемодинамика ва нишондиҳандаҳои асосии   лабораторӣ мебошад.

• Чурраҳои андозаҳояшон хурд  (бо озмоиши мусбат ба воридсозии узвҳои дохилӣ ба ковокии шикам) – ҷарроҳиҳои якмарҳилагӣ бо тармими (пластикаи) девораи пеши шикам тавассути бофтаҳои маҳаллӣ.

• чурраҳои андозаҳояшон бузург – ҷарроҳиҳои думарҳилагӣ (марҳилаи 2-юм дар  2-5 - солагӣ), истифодабарии масолеҳи  аллопластикӣ (ксеноперикард, пардаи   консервикардашудаи сахти майна) барои тармими девораи пеши шикам.

VII. БУРДАНИ БАЪДИҶАРРОҲИИ БЕМОРОН

• ғизодиҳии парентералӣ ва муолиҷаи инфузионӣ дар рӯзҳои аввал;

• бартарафсозии нимфалаҷи (парези) рӯда;

• кам намудан ё пешгирӣ намудани норасоии нафаскашӣ ва қалбӣ-рагӣ;

• мавқеи болобардошташуда дар бистар, санд дар меъда, гузоштани найчаи газбарор, УВЧ ба асаббофти шикамӣ;

• антибиотикҳо;

• поливитаминҳо;

• пас аз нест намудани парез (на барвақттар аз рӯзи  10-ум) –ғизодиҳии вояноки ҳозимавӣ (даҳонӣ,  энтералӣ).

VIII. МУОЛИҶАИ ҒАЙРИҶАРРОҲӢ

• пардаҳои чурраро бо маҳлули спирти 70% покизасозӣ мекунанд, сипас тавассути маҳлули 1%  йод, пас аз қоқ шудан дармонро  3-4 маротиба бо фосилаи 5-10 дақиқа такрор менамоянд; 1-2 рӯз пардаҳоро пас аз  1-1,5 соат покизасозӣ мекунанд;

• агар кӯдак дар катчаи гармкунак (“кювез”) қарор дошта бошад, он гоҳ чурраро кушода мемонанд, дар акси ҳол бандинаи қоқи бесирояткардашуда (тамъизшуда, “асептикӣ”) мегузоранд;

• дар ҳафтаҳои 3-5 – ум, пас аз мумиёишавӣ (мумификатсия) ва кӯчида афтодани пардаҳо – гузоштани бандинаҳо бо марҳамҳои  ируксол, солкосерил, балзами  Шостаковский;

• нурзанонии ултрабунафши (УФО) захм ҳангоми захмбандӣ;

• халта тадриҷан кам шуда, пас аз 2-2,5 моҳ эпителизатсия мешавад.

IХ. РЕАБИЛИТАТСИЯ ДАР МАРҲИЛАИ  2–ЮМИ МУДОХИЛАИ ҶАРРОҲӢ

• масҳи мушакҳои девораи пеши шикам;

• варзиши муолиҷавӣ;

• зуд-зуд ба шикам гузоштани кӯдак.

 

Адабиётҳо:

  1. Долецкий С.Я., Лёлюшкин А.И. Гнойно-воспалительные заболевания новорожденных . М: 1965г. 179 стр.
  2. Баиров Г.А. Неотложная хирургия детей.  Л., 1983г.
  3. Долецкий С.Я., Гаврюшов В.В., Акопян В.Г. Хирургия новорожденных.  М: 1976г.

 

← Библеотека

Табибони мо

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

    30
    Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич

    ходими илми

    37
    Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна

    ҳодими илм

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

    20
    Холиқов Зиёратшо Ҳукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5