ДИВЕРТИКУЛИ МЕККЕЛ

Берунории файл

ПРОТОКОЛИ  № 6

ДИВЕРТИКУЛИ МЕККЕЛ

I. РАМЗИ ТББ-10 - Q 43.0

II. ШАКЛҲОИ (НАМУДҲОИ) КЛИНИКӢ:

- дивертикулит (шадид ва музмин);

- ногузарогии рӯда (“странгулятсия” (қиссишавии рӯда), “инвагинатсия” (инғилофи рӯда));

 - реши ҳозимаӣ (пептикӣ) бо хунравии рӯдаӣ;

 - омосҳо (некфарҷом, бадфарҷом);

  • носури (фистулаи) нофӣ.

III. АЛОМАТҲОИ КЛИНИКӢ

Дар марҳилаи тогоспиталӣ.

    Барои бемории  дивертикули  Меккел 3 намуди аломатҳо хос мебошанд:

- дарди шикам (саршавии шадид, дарди ҷойгиршавиаш ноаниқ, бештар дар минтақаи наздинофӣ), қайкунӣ, баландшавии ҳарорати бадан, зиёдшавии шумораи лейкотситҳои хун (лейкотситоз);

- хунравии меъдаӣ-рӯдаӣ (ночиз, фаровон, такроршаванда);

- ногузарогии рӯда (саршавиаш шадид, дардҳои ғиҷимкунандаи шикам, қайкунӣ, таваққуфи наҷосаткунӣ, бодгирии шикам, дар мавриди инғилофи рӯда (инвагинатсия) – наҷосати хунолуд).

IV. МУОЛИҶА ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ

     Дар мавриди хунравиҳои рӯдаӣ, дар марҳилаҳои ибтидоии беморӣ гузаронидани муолиҷаи ғайриҷарроҳӣ – муолиҷаи хунбоздоранда (ҳемостатикӣ)  ҷоиз мебошад.

      Дар мавриди бесамара будани муолиҷаи ғайриҷарроҳии хунравиҳои рӯдаӣ аз дивертикули Меккел, ҳамчунин дар мавриди мавҷудияти аломатҳои клиникии шадиди ковокии шикам бистарикунонӣ ба шӯъбаи махсусгардонидашуда, барои гузаронидани мудохилаи ҷарроҳӣ ба таври оҷил нишон дода шудааст.

       Дар мавриди  дивертикулитҳои музмин  дивертикулэктомияи нақшаӣ тавсия дода мешавад.

V.  ПАДИДАҲОИ КЛИНИКӢ  ДАР МАРҲИЛАИ  ТОГОСПИТАЛӢ, ба монанди банди 3 мебошад.

Ташхисоти тафриқавӣ бо бемориҳои зерин гузаронида мешавад:

-  аппендитсити шадид;

- салиласории (“полипози”) рӯда;

- касолати гуногуншакли  гастроэнтеролоҷӣ.

VI. ТАШХИСОТИ ДИВЕРТИКУЛИ МЕККЕЛ

- маслиҳати мутахассисони ба ҳам наздик аз рӯйи нишондодҳо;

- лапароскопияи ташхисӣ.

VII.  ОМОДАСОЗИИ ҚАБЛИҶАРРОҲӢ

      Аз ҷониби духтури тахдиргар (анестезиолог) вобаста ба падидаҳои беморӣ ва ҳолати бемор бо ташхиси зарурии скринингӣ, ки барои гузаронидани  мудохилаҳои ҷарроҳии нақшаӣ ё таъҷилӣ заруранд, гузаронида мешавад.

VIII.  МУОЛИҶАИ ҶАРРОҲӢ

       Намуди мудохилаи ҷарроҳӣ аз шакли дивертикул вобаста мебошад, яъне (хусусан) аз васеии асоси (пояи) он. Дар мавриди ҳар як ҳодисаи клиникӣ фардӣ иҷро карда мешаванд:

- дивертикулэктомия бо воридсозии  бақия ба дарун, тавассути бахияи (дарзи) кисагӣ (халтачаӣ)  (дар мавриди   дивертикули танги Меккел),

-  резексияи фонашакли дивертикул,

- барканда гирифтани  дивертикул, бо усули кушод дар байни 2 сиққонак,

-  резексияи сегментии рӯда, якҷоя бо дивертикули Меккел.

IХ. МУОЛИҶАИ БАЪДИҶАРРОҲӢ

- муолиҷаи тасрибӣ (инфузионӣ) бо мақсади безаҳргардонӣ (дезинтоксикатсия), таслеҳи (коррексияи) тағйиротҳои обӣ -элекролитӣ, таркиби сафедаии хун, маҳлулҳои намакӣ ё ғайринамакӣ, аз ҳисоби 10 мл/кг вазни бадан, мувофиқи эҳтиёҷоти шабонарӯзӣ.

- ғизодиҳии ғайриҳозимаӣ (парентералӣ); муолиҷаи ҳемостатикӣ: плазма 10 мл/кг вазни бадан; глюконати калтсий дар вояҳои синнӣ, дитсинон 10-15 мг/кг вазни бадан.

- муолиҷаи зиддибактериявӣ  (ампиокс 50-100 мг/кг 7 рӯз ё амоксатсиллин 70-100 мг/кг вазни бадан 7 рӯз, сефалоспоринҳои истеҳсоли насли II-III, метронидазол).

- истеъмоли моеот ва ғизоро дар мавриди мавҷудияти перисталтика ва мавҷуд набудани мӯҳтавии таваққуфӣ дар меъда сар кардан лозим аст, аз рӯзҳои 4-5 –уми баъди ҷарроҳӣ.

Х. НАЗОРАТИ ДИСПАНСЕРӢ

      Аз ҷониби духтурони ҷарроҳ ва  педиатр дар муддати  6  моҳи давраи баъдиҷарроҳӣ гузаронида мешавад.

Адабиётҳо:

  1. Баиров Г.А. Срочная хирургия детей. СПБ. 1997 г.
  2. Исаков Ю.Ф., Степанов Э.А., Красовская Т.В. Абдоминальная хирургия у детей. М: 1988 г.116 стр.

← Библеотека

Табибони мо

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

    30
    Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич

    ходими илми

    37
    Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна

    ҳодими илм

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

    20
    Холиқов Зиёратшо Ҳукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5