ТАШХИСОТ ВА МУОЛИҶАИ АТРЕЗИЯИ СУРХНОЙ ДАР КӮДАКОН

Берунории файл

ПРОТОКОЛИ  № 2

ТАШХИСОТ ВА МУОЛИҶАИ АТРЕЗИЯИ СУРХНОЙ ДАР КӮДАКОН

I.РАМЗИ ТББ (МКБ) -10 - Q39

Мафҳум

Атрезияи сурхной нуқсони ташаккулёбӣ (инкишофёбӣ) мебошад, ки ҳангоми он нӯгҳои (авохири)  проксималӣ ва дисталии сурхной бо ҳам алоқа надоранд.

II.ШАКЛҲОИ (НАМУДҲОИ) КЛИНИКӢ:

- атрезияи сурхной бе носур - Q 39,0.

- атрезияи сурхной бо носур - Q 39.1.

III.ТАШХИСОТ  ДАР ТАВАЛЛУДХОНА:

1. Сандзании сурхной тавассути қастараи резинӣ (№ 8-10) – барои гузаронидани санд аз сурхной монеа ҷой дорад.

2. Тарашшӯҳи кафкдор аз ковокии даҳон ва бинӣ.

3. Кабудшавӣ.

4. Воридсозии ҳаво ба санд (озмоиши Элефант) – ҳавои ба санд воридкардашуда бо садо ба берун бармегардад

5. Перкуссияи шикам – садои  тимпанит дар болои (рӯйи) меъда.

IV.ЁРИИ АВВАЛИЯ ВА ИНТИҚОЛДИҲИИ БЕМОР.

1. Манъ кардани хӯрокдиҳӣ ва нӯшидани моеот тавассути даҳон.

2. Додани оксигени намноккардашуда.

3. Васоит оид ба пешгирӣ намудани хунукхӯрии кӯдак.

4. Ҳӯбкашии (аспиратсияи) ҷиддии (бодиққати) мухот (луоб) сари ҳар 10-15дақиқа аз қисми болоии сурхной.

V.ТАШХИСОТ  ДАР ШӮЪБАИ МАХСУСГАРДОНИДАШУДАИ ҶАРРОҲИЯИ КӮДАКОНА.

1. Аксбардории рентгении хулосавии узвҳои ковокии қафаси сина ва шикам.

2. Таҳқиқоти рентгенологии сурхной, тавассути санди аксдиҳандаи рентгенӣ (“рентгеноконтрастӣ”).

3. Таҳқиқоти фавқуссадоии узвҳои ковокии қафаси сина ва шикам (барои мавҷудияти нуқсонҳои инкишофи ҳамрадиф).

VI. ОМОДАСОЗИИ ҚАБЛИҶАРРОҲӢ.

1. Идомадиҳии бандҳои  1-4 –уми ёрии аввалияи тиббӣ.

2. Муолиҷаи тасрибӣ (инфузионӣ) бо мақсади мӯътадилгардонии нишондиҳандаҳои таркиби сафедаии хун.

3. Муолиҷаи зиддибактериявӣ.

4. Викасол.

5. Муолиҷаи аломатӣ.

Омодасозии қаблиҷарроҳӣ метавонад як ё якчанд шабонарӯз идома биёбад. Чӣ қадаре ки илтиҳоби шушҳо ё дигар вайроншавиҳо ифоданок бошанд, ҳамон қадар омодасозии қаблиҷарроҳӣ метавонад давомноктар бошад.

VII. МУОЛИҶАИ ҶАРРОҲӢ. Нишондодҳо барои гузаронидани ҷарроҳии таъҷилӣ – таслеҳи (ислоҳкунии, “коррексияи”) нуқсони инкишоф.

1. Мавҷуд будани носури васеи поёнии хирнойӣ-сурхнойӣ.

2. Якҷоягии мавҷудияти  атрезияи сурхной бо носури  поёнии хирнойӣ-сурхнойӣ, бо нуқсонҳои инкишофи маҷрои ҳозима (ногузарогии рӯдаӣ).

Услубҳои таслеҳ  (“коррексия”) тавассути  амалиёти ҷарроҳӣ.

1. Дар мавриди атрезияи шакли ҷудогонаи сурхной бе носур, дар мавриде, ки диастази калон мавҷуд аст ва гузоштани анастомози мустақим имконнопазир мебошад, он гоҳ ҷарроҳӣ дар 2 марҳила гузаронида мешавад.

Марҳилаи якум – гузоштани эзофагостомаи гарданӣ ва  гастростома ё эзофагостомаи дучанда (дуқабата, дугона).

Марҳилаи дуюм - торакотомияи такрорӣ (“реторакотомия”), кӯшиши гузоштани анастомози “нӯг ба нӯг” бо дарзҳои (кӯкҳои) якқатора.

Дар мавриди имконнопазирии гузоштани анастомози мустақим, дар синни  5-7 моҳагӣ пластикаи (тармими) сурхной иҷро карда мешавад.

2. Дар мавриди  атрезияи сурхнойи носурдор анастомози аввалин ва дувумин гузошта мешавад.

Анастомози аввалин дар он мавридҳое гузошта мешавад, ки агар пас аз бурида гирифтани носур ва ҷудо кардани (“мобилизатсияи”) қисмҳои сурхной онҳоро бе таранг кашидан бо дарзҳои якқатора дӯхтан имконпазир мебошад.

Анастомози мавқуфгузошташуда,  дар мавриди имконнопазирии гузоштани  анастомоз аз боиси диастази зиёд гузошта мешавад.

      Дар мавриди ин мудохилаи ҷарроҳӣ, пас аз бартарафсозии (нест намудани) носури хирнойӣ-сурхнойӣ  равзани қисми поёнӣ бо дарзи печида  (“обвивной”) ба пуррагӣ (зич) дӯхта маҳкам карда мешавад ва ин қисм (сегмент) ба мушакҳои байниқабурғаӣ  ҳаддалимкон баланд дӯхта, устувор (мустаҳкам) карда мешавад. Қисми (сегменти) болоии сурхной аз қафаси сина бароварда намешавад. Захми қафаси сина, пас аз гузоштани лӯлаи резинии обияткаш (дренаж) дар фазои пасишушпардаӣ (ретроплевраӣ) пурра  дӯхта зич маҳкам карда мешавад. Амалиёти ҷарроҳӣ бо гузоштани гастростома ба охир мерасад. Бавуҷудории (гузоштани)  анастомози мавқуфгузошташуда, пас аз  8 - 10 ҳафта амалӣ гардонида мешавад.

Бурдани баъдиҷарроҳии бемороне, ки ба онҳо анастомози аввалини сурхной иҷро карда шудааст.

1. Вентилятсияи (таҳвияи) сунъии шушҳо бо доругиҳои мушаксусткунанда (миорелаксантҳо) дар муддати  12-24 соат, бо ҳамзамоникунонии (синхронизатсияи) мутлақ бо дастгоҳ, хоби амиқи доруворигӣ.

2. Санди меъдаӣ кашида гирифта намешавад ва дар муддати  10-12 шабонарӯз иваз карда намешавад (то сиҳатёбии (илтиёми)  анастомоз).

3. Гирифтани обияткаши пасишушпардаӣ (ретроплевраӣ) дар шабонарӯзи  9 - ум.

4. Муолиҷаи зиддибактериявӣ (сефтриаксон).

5.Аэрозолофитоинҳалятсия.

6. Муолиҷаи инфузионӣ (тасрибӣ) бо мақсади мӯътадилсозии нишондиҳандаҳои таркиби сафедаии хун.

5. Муолиҷаи аломатӣ.

VIII. БУРДАНИ БАЪДИҶАРРОҲИИ БЕМОРОНЕ, КИ ДАР ОНҲО АНАСТОМОЗИ МАВҚУФГУЗОШТАШУДАИ  СУРХНОЙ ИҶРО КАРДА ШУДААСТ:

- таҳқиқоти  рентгенологии назоратӣ пас аз 2 - 2,5 моҳ, барои муайян намудани дарозии  диастази байни қисмҳо (сегментҳо);

- шамъазании (милзании, мувассеъкунии) калибрии сурхной;

- маҳкам кардани  гастростома ҳангоми гузарогии исботшудаи сурхной (пас аз  2 - 2,5 моҳи баъди гузоштани анастомоз).

IX. ДИСПАНСЕРИКУНОНӢ. Ҳамаи кӯдаконе, ки аз боиси  атрезияи сурхной амалиёти ҷарроҳиро аз сар гузаронидаанд, ба назорати фаъоли диспансерии духтурони педиатр,  пулмонологи кӯдакона ва ҷарроҳи қафаси сина дар муддати 5 сол сари ҳар  3 моҳ мӯҳтоҷ мебошанд, минбаъд назорат дар муддати тамоми давраи  кӯдакӣ амалӣ гардонида мешавад.

 

X. РЕАБИЛИТАТСИЯ ВА МУОЛИҶАИ БАРҚАРОРСОЗАНДА.

1. Профилактикаи бемориҳои нойжаӣ-шушӣ .

2. Коррексияи дисбактериози рӯда.

 

Адабиётҳо:

1. Ашкрафт К.У., Холдер Т.М. Детская хирургия. 1- том. Санкт-Петербург, 1996г.,  стр. 278-296.

2. Баиров Г.А. Неотложная хирургия  детcкого возраста. Ленинград. Медицина, 1983г., стр. 72-88.

3. Исаков Ю.Ф., Дронов А.Ф. Детская хирургия. Национальное руководство. М: «ГЭОТАР- Медиа», 2009г., стр. 258-269.

← Библеотека

Табибони мо

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

    30
    Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич

    ходими илми

    37
    Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна

    ҳодими илм

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

    20
    Холиқов Зиёратшо Ҳукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5