5. Отдел хирургии и реанимации новорожденных

Ташкилёби ва фаолияти шуъбаи чаррохии навзодон ва кудакони синну соли ширмаки ММТ ЧТ

Шуъбаи амрози чаррохии навзодон ва кудакони синну соли ширмак дар соли 1964 дар хайати кафедраи чаррохии кудаконаи факултаи атфоли ДДТТ, дар базаи БКЧ № 3 ба номи Дяков А.М. бо 2 шуъбаи чаррохии дигар ва шуъбаи эхёгари, бехисгардони ва табобати вусъатноки кудакона дар худуди 120 кат чой ташкил ёфтааст.

Соли 1965 дар хайати кафедраи чаррохии кудакона, тайёркунии кадрхои аввалини чаррохии навзодон шуруъ шуд. Дар тули фаъолияти шуъба сарварии шуъбаро якчанд духтурони ботачриба ба ухда доштанд, ки сахми арзандае дар ташхису табобат ва ташкилоти он гузоштаанд. Нахустин мудири шуъба Бромберг В. Д. буд. Сипас Соина Л. С., Дехконов И. Д., Шерназаров И. Б., Муборакшоев М. Ш., Магзумов Д. Р., Холов К. А. сарварии шуъбаро ба зимма гирифтаанд. Айни хол рохбарии шуъба ба Магзумов Д. Р. вогузор шудааст. Дар шуъба мунтазам рохбарони илми-амали фаъолият мекунанд, ки дар рушди он сахми беназире гузоштаанд. Азчумла дотсентхо, н.и.т. Рафиев А. Р. ва Нуридинов М. Н. дар солхои тулони номи шуъбаро баланд бардоштаанд. Дар рушди кисми эхё, бехисгардони ва табобати вусъатноки  кудакони навзод сахми калони д.и.т., профессор Набиев З. Н. ва н.и.т. Рахматова Р. А.-ро кайд кардан чоиз аст.  Дар айни хол рохбарии илмии шубаро д.и.т. Шарипов А. М. ва н.и.т. Шерназаров И. Б. ба ухда доранд.

Шуъбаи амрози чаррохии навзодон ва кудакони синну соли ширмак ба кудакони аз синни 0 то 1 сола хизмат мерасонад. Хизматрасони дар шуъба ба кудакони гирифтори нуксонхои модарзодии чаррохии узвхои кафаси сина, батн ва пушти сифок, амрози септики-чаррохии узвхои кафаси сина, батн ва пушти сифок, устухону бофтахои нарм,   омодасози ба амалиётхои чаррохии накшави ва таъчили лозим буда, табобати вусъатнок ва табобат дар хачми пурра гузаронида мешавад.

Шуъба ба кудакони шахри Душанбе ва нохияхои Чумхури хизмат мерасонад. Чолиби кайд аст, ки шуъбаи амрози чаррохии навзодон дар айни хол дар микёси чумхури ягона шуъбаест, ки ба навзодон амалиётхои калони реконструктивию баркароркунандаи замонавиро мегузаронад. Кудакон бевосита аз шуъбаи кабул, аз дигар шуъбахои чаррохи ва соматикии шахр ва БМН Чумхури бистар мешаванд. Шуъбаи амрози чаррохии навзодон ва кудакони синну соли ширмак яке аз марказхои ташкили-методии Чумхури оид ба масъалахои чаррохии навзодон ба хисоб меравад.

Шуъбаи амрози чаррохии навзодон ва кудакони синну соли ширмак дар айни замон барои 30 кат ташкил шудааст. Шуъба аз хучрахои ёридиханда ва 8 хучра, ки аз инхо 2 хучра , барои табобату назорати вусатноки беморони кисми тозаю септики чудо карда шудааст, иборат мебошад. Хучрахои табобати вусъатнок барои навзодоне, ки нуксонхои мураккаби модарзоди доранд ва мухточи гузаронидани назорату табобати вусъатнок мебошанд, ташкил карда шудааст. Инчунин дар худуди шуъба хучрахои бандинабандии кисми тоза ва фассоди, толори амалиёти таъсис дода шудаанд, ки мушкилотхои амалиёти дар худуди он аз чониби кормандони шуъба хал карда мешаванд.

Хар сол дар шуъба зиёда аз 400 кудакон бо ташхисхои гуногуни чаррохи бистари мешаванд. Дар хучрахои табобати вусатнок беморон баъди амалиёти вазнини чаррохи бо нуксонхои модарзодии чаррохии узвхои кафаси сина, батн ва пушти сифок, амрози септики-чаррохии узвхои кафаси сина, батн ва пушти сифок, устухону бофтахои нарм,   нигохубин гузаронида, табобати иншори бурда  мешавад. Баъди муътадил гардидани меъёрхои физиологии организми беморон, онхо дар хучрахо табобатро идома медиханд.

Дар соли 1978 бригадаи сайёри машваратии чаррохию эхёгарии ёрии таъчили ташкил гашт, ки боиси бехтар гаштани хизматрасонии эхёгари ва табобати вусъатнок дар шуъбахои соматикии кудаконаи шахр ва паст фаромадани хиссаи фавти навзодон шуд. Аз тарафи хамин бригада хар сол то 3500-4000 даъватхоро аз шуъбахои гуногуни соматикии  шахр ва беморхонахои Чумхури пазирои менамоянд.

Дар ташкили кадрхо сахми зиёди коллективи чаррохони кудаконаи Донишгохи  тибби, Донишкадаи илмию тадкикотии педиатрияи шахри Маскав, Ленинград, Киев  калон аст. Нахустин чаррохон ва ташкилдихандагони ин соха Пулодов А. Т., Рафиев А. Р., Нуридинов М. Н., Баиров В. Г., Мокрушина О. Г., Красовская     буданд. Дар натичаи ягона будани рохбарии ташкилию методики ва ташкили пурмахсули табобатию ташхиси фавти кудакон дар стационар то 0,5% ва фавти баъди амалиёти то 0,6% паст шуд.

Дар муддати 50 соли фаъолияти худ аз тарафи коркунони шуъбаи мо – 1 рисолаи илмии доктори илмхои тиб ва 8 рисолаи илмии номзади илмхои тиб химоя гардидааст. Инчунин 4 монография ва дастурхо барои донишчуён, 32 дастури амали ба чоп расида, муаллифи зиёда аз 400 мақолаҳои илмӣ, 15 ихтироот, 45 пешниходи ратсионализатори ба даст оварда шудааст. Мақолаҳои илмии кормандон дар маҷалаҳои Федератсияи Руссия ва хориҷ чоп шудаанд. Онхо иштирокчиёни чандин конфронсҳо ва симпозиумҳои хориҷи кишвар мебошанд.

Назад к списку

Наши Врачи

  • 1
    Набиев Зохир Нарзулоевич

    Директор Научно-клинического центра Педиатрии и детской хирургии. Доктор медицинских наук, Профессор.

    3
    Абдуллаева Нодира Шомуратовна

    Начальник отдела детей раннего возраста

    5
    Исмоилов Комил Исроилович

    Профессор

  • 8
    Янгибоева Барно Усмановна

    Начальник Отдела Иннтегрированного ведения болезней детского возраста

    7
    Кодиров Абдухалим

    Анастазиолог

    16
    Магзумов Дилшод Рахмонходжаевич

    Руководитель отдела хирургии и реанимации новорожденных

  • 25
    Парсаева Волидахон Абдуллоевна

    Невролог

    20
    Холиков Зиератшо Хукумович

    21
    Бакиева Гульбахор Тавмановна

    Руководитель отдела науки

  • 22
    Давлатова Нигина

    начальник отдела медико-социальных проблем и информации

    23
    Насриддинова Барно

    врач УЗИ

    24
    Салихова Халима

    духтури ултрасадо

ВАЖНЫЕ ТЕЛЕФОНЫ

Научно- клинический центр педиатрии и детской хирургии Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан г. Душанбе. пр. Исмоили Сомони 59, строение 7 Караболо

дежурный врач:
+992 (372) 236-52-50

дежурный врач-педиатр:
+992 (372) 236-85-52

прием устных обращений:
+992 (372) 236-85-52

Наши партнеры

1 2 3 4 5